Arzon march 2024
Модар ҷонашро сарфи парастории писари маюб кард
4266

Модарон чӣ қадар меҳрубонанд. Бо чашмони меҳрубон ва дастони нармашон ҳамеша моро навозиш мекунанд.

Модар “муқаддас” аст. Зиндагиномаи як пиразани 101- солаи мусалмон бо исми Мелия, ки то дами марг фарзанди беморашро танҳо нагузоштааст, далели равшани ин гуфтаҳост.

Маъмулан одамон дар айёми пирӣ худ ба нигоҳубин мӯҳтоҷ мешаванд, вале ин зани солхӯрда то дами марг фарзанди бемору оҷизашро парасторӣ намудааст. Писари яккаву ягонаи Мелия- Абдулраҳмон Сауди 63-сола гирифтори бемории фалаҷ буда, рӯи бистари беморӣ мехобид. Мелия як умр фарзанди маъюбу нотавонашро парасторӣ намуда, ҳеҷ гоҳ аз тақдир шиква накардааст, ҳарчанд зиндагии бисёр пумашаққати камбағалона дошт.
Барои шахси солиму бардам аз даст додани волидон осеби сахти рӯҳист, акнун тасаввур кунед, ки марги модари меҳрубонаш, ки ягона муттакои ин марди аз пои равон ва забони гӯё маҳрум буд, барои Абдураҳмони бемор чи қадар шикасти сахт гашт. Ин марди бечора ба кулли фалаҷ аст, на ҳаракат карда метавонад ва на гап зада.
Аз рӯи гуфти ҳамсояҳо модараш бо қошуқ ба Абдураҳмон хӯрок медод, тару хушкашро мегирифт, оббозӣ медоронд, хулоса як умр ӯро мисли кӯдаки навзод парасторӣ менамуд. Солҳои охир кампири Мелия хотираашро аз даст дода буд, аммо ҳеҷ гоҳ ном ва эҳтиёҷоти фарзандашро фаромӯш намекард. Ин зани меҳрубон то нафаси охирин модар буданашро аз ёд набурда, писари беморашро парасторӣ намудааст.


Боварӣ дошт, ки Аҳмадҷнаш ба ҷойи се бародари ҷавонмаргаш ӯро саробонӣ намуда, якрӯза мурдаи модарро соҳиб мешавад, аммо хаёлаш хом баромад.


Фикр мекунам ин қиссаро бояд дар ҳуҷраи духтурони занона овезон кунанд,то ба он занону духтароне,ки тифлакони бегуноҳашонро исқоти ҳамл мекунанд, дарси ибрат шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД