sebiston july new
  Ашки тахли модари фарзандфурӯш
2595

 


      Салом ба аҳли кормандони ҳафтаномаи дӯстдоштани “Оила” ва кулли хонандагони он. Хонандаи доимии шумо ҳастам ва ҳар шумораи навро бесаброна интизорӣ мекашам. Дар саҳфаҳои ин ҳафтанома оиди сарнавишти мардум маводҳо мутолиа карда, кас ба қисмати қаҳрамонҳо бетафовут набуда,ҳамроҳи онҳо гоҳ механдаду гоҳ аз чашмон беихтиёр ашк мерезад.
 Синни ман аз панҷоҳ гузааштаасту ман ҳам маҳз дар ҳамин синну сол ба худ тасмими нигоштани сарнавиштамро гирифтам. Барои ин кор борҳо иқдом намуда будам. Вале боз андешаҳои гуногун садди роҳам мегаштанду аз он даст мекашидам...
   Дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, дар деҳаву мактаб мо шаш нафар фарзанд аз он ки падару модарам муаллиманд, фахр мекардем. Волидайн ва мо дар байни аҳли деҳ соҳиби иззат будему оилаамон дар миқёси ноҳия низ аз зумраи оилаҳои намунавӣ ба шумор мерафт.Падару модарам дар асоси ишқу муҳаббат оила бунёд карда, ҳар ду ҳамкурс ҳам буданд.Бинобарин ба хонаи мо дӯстони айёми донишҷӯияшон зиёд ташриф меовароданд. Дар оила ман фарзанди калон будам ва падару модар аз ду хоҳару се додарам дида ба ман зиёдтар эътимод доштанду гумон мекардам,ки нисбати ман меҳрубонтаранд.Яке аз дӯстони дерини падарам маро барои писари худ гапзанон ҳам карда буд.
Дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехондам ва волидайнам орзу мекарданд, ки баъди хатми мактаб дар донишгоҳи тиббӣ таҳсилро давом дода, хонда табиб мешавам. Ман ҳам барои пиёда сохтани орзуи онҳо тамоми қувваамро ба хондан равона карда, кӯшиш мекардам, ки ҳамеша сазовори таърифу таҳсинашон бошам.
   Хонаамон дар канори роҳи мошингузар қарор дошту аз ҳамсояҳо каме дуртар ҷойгир буд. Мо ба ин ҷо ду сол пеш кӯчида омада будем. То ин дам дар ҳавлии бобоямон бо онҳо якҷоя зиндагӣ мекардем. Дар ин ҷо ғайр аз хонаи мо чанд нафари дигар низ бояд хонаҳояшонро месохтанд. Дуртар аз хонаи мо сохтмони хонае дар авҷ буд. Аз даҳони модарам фаҳмидам, ки онро барои оилаи ҷавоне месохтаанд.
Падару модарам як гови ҷӯшоӣ харида буданд, то аҳли оила аз ширу ҷурғот таъмин бошем. Он вақт ман дар синфи нӯҳум мехондаму нигоҳубини говамонро бештар ман назорат мекардам. Агар сари вақт хабардор намешудам, бародаронам обу алаф додани говро фаромӯш мекарданд. Воқеъае, ки дар таътили семоҳа ба сари ман омад, ба ҳамин гов марбут аст. Рӯзе волидайнам ба аёдати хешу табори модарам ба шаҳр рафта буданд. Аз бародари дуюмам талаб кардам, ки говро бурда дар замини алафдоре баста биёяд. Вале чанд бор гап зада бошам ҳам, ӯ гапамро иҷро накард. Говамонро худам аз бандаш кашолакунон барои чаридан ба он канори роҳ бурда бастаму гашта ба хонаамон омада истода будам.
-Ҳамсоя, дӯғ надоред? Агар дошта бошед, камтар гирифта биёр, савоб мешавад,-шунидам овози мардеро аз болои девори нимсохти ҳамсоя.
-Ҳозир гирифта меорам,-ҷавоб додам ману бе ягон андешаи ботил ва дар сатили хурдҳаҷме аз дӯғи дирӯзкашидаам гирифта ба он ҷо бурдам.
Дар хонаи нимсохт ғайр аз он мард, ки хуб мешинохтамаш касе набуд.
Ӯ сатили дӯғро аз дастам гирифта аз аҳволи падару модарам пурсон шуд. Гуфтам хубанду барои аёдати хешу табори модарам ба шаҳр рафтаанд.
-Ако, сатилро баъд худатон бурда диҳед,-гуфтам ба вай ва ба хонаамон рафтани шудам. Аммо ин марди касиф якбора ба ман дар афтода, маро бардошта, ба дарунтар даровард. Дасту почак зада, сару рӯяшро ханҷол мезадам. “Сар диҳед, маро!”-гӯён аррос мезадам. Вале он деви бадҳайбат маро ба замин пахш карду бо як даст даҳонамро пӯшонда, бо дасти дигар пойҷомаамро кашида баровард. Аз тарсу даҳшату шарм дунё якбора дар назарам торик шуд...
Чашм кушода, худро дар ҳамон ҷо дидам. Марди палид аз ман бахшиш мепурсиду талаб мекард, ки ба касе хабар надиҳам.
-Кори ношудани шуд. Аз даҳонат гапи ин корро набарор, ки ҳам ту шарманда мешавию ҳам ман,-гуфт ба ман, ки ҳиқ-ҳиқ гиря карда менишастаму намедонистам чӣ кор кунам...
Он вақт шояд бисёр беақл будаам, ки фақат дар бораи шармандагӣ андешида, аз кори нобахшиданиву амали ҷиноӣ содир кардани мард фикр ҳам намекардам. Баракс, ҳар гоҳе он мардро медидам аз шарм замин кафад дароям, мегуфтам. Мард бошад ҳангоми дидани ман лабханд мезаду ноаён ангушт ба лаб мебурд,ки ин маънои “хомӯш бош”-ро дошт.
Аз ин кор се моҳ гузашт. Дар мавридаш ба касе даҳон накушода будам, вале...
Дарди сар ва беҷошудани дилу парто –парто карданам волидайнамро ба ташвиш оварду онҳо маро ба беморхонаи ноҳиявиамон бурданд.Табибе маро муоина карда, берун баромаду бо худ табиби дигареро гирифта овард. Падарам дар берун, модарам бошад дар назди ман буд.
-Чӣ гап духтур, ба хайр аст?-қиёфаи табибонро дида, пурсид модарам аз духтури аввала.
-Ба хайру, аммо...
-Чӣ аммо?!-ба таҳлука афтод модарам.
-Духтаратон ҳомила аст,-ҷавоб дод духтур.
Аз ин сухан модарам ба шӯр омад. Ба сари табибон дод зад, ки бемориро ташхис карда наметавонанд.
-Духтари ман нав синфи даҳ гузашт. Духтари даруни хона, чӣ хел ҳомила будааст?!-мегуфту аз хашм саропояш меларзид...

(Идомаи қиссаро пагоҳ, соати 22.00 интизор бошед!)

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Гулрухсор 2019-07-28, 18:06
Мардака суд бад хана
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Гулрухсор 2019-07-28, 18:06
Мардака суд бад хана
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД