arzon replenishment
Дуои ошиқ кӯраш кард?
2420

Дар давраи мактабхонӣ бо ҷавоне, ки Акмал ном дошту хеши наздики як ҳамсинфам буд, шинос шудам. Мо ҳамдигарро сахт дӯст медоштем ва ҳаётамонро бе якдигар тасаввур карда наметавонистем. Ҳама ба мо ҳасад мебурданд.

Вохӯриву мулоқотҳоямон ду сол давом кард. Волидонамон аз ишқу муҳаббати мо огоҳ буданд ва зиддият нишон намедоданд, аммо як рӯзи шум аз рӯйи рашк гапҳоямон гурехту қаҳрӣ шудем. Ҳамон бегоҳ модари ҷавони дӯстдоштаам ба ман телефон карда, чунон гапҳои қабеҳ зад, ки ногуфтанӣ. Ба хотири муҳаббате, ки нисбати писараш доштам, дар ҷавоб чизе нагуфтам. Аз байн чанд лаҳза гузашту худаш занг зада, туҳмат кард, ки ту модари маро дашному ҳақорат додаӣ. Қасам хӯрдам, ки ин корро накардаам, аммо ба гапам бовар накард. Аламам омаду гуфтам: “Касе, ки бо туҳмат моро ҷудо кардан мехоҳад, илоҳо чашмаш кӯр шавад!”


Дар шаш моҳи бе кор монданаш зани серҷоғаш «мард бошӣ, баро, пул кор кун» гӯён, ҷонашро бо таънаю пичинг ба лабаш расонду бечора маҷбур шуд, ки тарки Ватан намояд. Бо дипломи олӣ ба Русия мардикорӣ рафт.


3xDym4VUnfVp9hWS6lVYVCvUqceHYAmA28BnWCR8


Бо ҳамин дигар гап назадем. Баъд аз хатми мактаб бачаи ҳамсояамон ба ман хостгор фиристод. Барқасди ошиқи зудбоварам ба ҳамсоябача ба шавҳар баромадам. Шукри Худо, шавҳарам одами хуб аст, то имрӯз ягон бор маро таъна накардааст, ки дар вақташ бо фалонӣ гап мезадӣ. Мо соҳиби хонаю дари обод ва ду писари нозанин ҳастем. Зиндагиамон ширу қаймоқ барин ширин аст, вале як чиз маро руҳан азоб медиҳад. Модари ҷавони дӯстдоштаам баъди шавҳар кардани ман якбора кӯр шуд. Ман то ҳол дар нобино гаштани ин зан худамро гунаҳкор дониста, азоби руҳӣ мекашам, ки чаро дар вақташ чунин дуои бад кардам. Намедонам гуноҳамро дар назди ӯ чӣ гуна бишӯям. Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Хонандаи “Оила”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД