Шаҳрванди шаҳри Конибодом, Кимсанов Комил Курбонович соли таваллудаш 06 декабри соли 1972 буда, моҳи марти соли 1995 ҳангоми ҷанҷол бо падараш аз хона баромада рафтааст. То инҷониб дар борааш ягон хабару маълумоте нест. Модари Комилҷон мутмаин аст, ки писари калониаш Комилҷон зинда ҳасту рӯзе ба наздаш бармегардад.
24 сол қабл байни писар ва падар барои қарзи зиёд доштан нофаҳмӣ сар мезанад, ки боиси тарки хона кардани Комилҷон мегардад. Падари Комилҷон бо мурури замон қарзҳои писарашро баргардондааст, вале ҳамоно дидори дубораи писар барояш муяссар нагардиду, бо сад дарду алам дар дил ӯ аз олам чашм пӯшид.
Ҳамасару духтари Комил ба ҳар гуна фарзияву овозаҳо бовар накарда, дар ҷустуҷӯйи ӯ ҳастанд. Дили онҳо мисли дили модари Комилҷон гувоҳӣ медиҳанд, ки Комил зиндаву саломат аст ва рӯзе ҳатман ӯро пайдо мекунанд.
Агар касе ин шахсро шиносад ва ё дар борааш ягон маълумоте дорад, илтимос дар зери мавод дар ҷойи шаҳр нависед. 24 соли интизорӣ дарди сангине ҳаст, ки бардоштани он на ба ҳар кас муяссар мегардад. Модари Комил орзую ҳаваси дидор бо писарашро дар дилаш парваридааст ва шояд бо дастгрии шумо писарашро пайдо кунаду ба армонаш бирасад.