- Кӯдак?– дастонашро ба пеш ёзонд, назар ба бағали холиаш бурд:
- Искандар канӣ? – ҳолаш раҳмовар гашт, пошиканак шуд, рӯ ба замин афтид.
Баъд чӣ ҳолу рӯзи сиёҳе ба сари ману очатон омад, дар он шаби зимистони қаҳратун худамон медонистем. Ақиб гаштем, пайи поямонро ҷӯста, ҷонҳавлӣ ҷон медавидем, таги барфу зери сангҳоро мепалмосидем, ҳоламон афтодану хестану бача кофтан...
Лек ку бача? Шамоли исқотӣ намемонд, ки чашм кушоем, чашм кушоем ҳам, ҳеҷ ҷойро намедидем, миёни барфу бод монда будем, рост истода натавониста бо шикамғеҷ рӯи роҳу таги сангпораҳоро мекофтем, панҷа ба ҳар буттаю сангу барфтӯда мезадем. Кофта-кофта ҳар ду ҳам аз ҳол рафтем. Ҷисму ҷонамон карахт гашт. Дигар на ба пеш ва на ба ақиб ҳаракат карда наметавонистем, фикри бекӯдак кӯҳро поён шудан ба сарамон ҳам намеомад. Ба хаёламон, ки зиндагӣ дар он шаби пурдаҳшат, дар кӯҳ бароямон ба анҷом омадаю ба тақдир тан дода, аз ҳуш мерафтем.
Хайрият, бехабари мо воқеае рух дода. Ғами моро Худо хӯрда: ба ёди ҳамсояҳо расидаем.
Дидаанд, ки шаб гузаштаву аз мо дарак не, дар ташвиш шудаанд, дар сарашон ҳазор фикру хаёл омада. Яке дигарро хабар дода, гурӯҳ-гурӯҳ дар ҷустуҷӯи мо афтодаанд, одами бисёр, якҷоя, бо ҳам. «Раҷабмурод! Раҷабмурод!!» овоз бароварда моро меҷустаанд. Бовар кунед, дар ҳоле ҳамсояҳо моро пайдо карданд, ки очатон кайҳо беҳушу беёд рӯи барф афтодаю анголакҳои ман шах шуда, гап зада наметавонистам. Ҷою мавриди аз мо гапу ҳарф пурсидан набуд, бод барфҳоро чун сӯзанрезаҳо болои сар мебехт, чашм кушода намешуд. Тундбод, ҳама дар ғами ҷон, дар ғами моро аз кӯҳ фуровардан. Ку имконе, ки кӯдак бигӯем. Дар пеши пои қавму ҷам бимирам, моро соҳиб шуданд. Моро чи хел ба хонаамон оварданд, надонистем. Дар дегдони миёни хона алов заданд, то аз дасташон омадан баҳри ба худ омадани очатон ҷунбиданд. Баъд ҳамсояҳо рафтанд. Паҳлуи модари мадҳушатон нишаста болои алови дегдон шохаҳои ҳезум мепартофтам. Хона гарм мешуд, модаратон ҳанӯз ба худ не. Лаҳзае хобам бурд. Модаратон ба ҳуш омада:
- Бачам канӣ?- сахт таконам дод.
- ...., хомӯш будам.
- Маро кӣ хона овард?
- Ҳамсояҳо.
- Бачама наёфтед?
- ..., забонам ба ҷавоб нагашт.
- Нагуфтӣ бачама кобанд?
-Гуфтам. Барф баланд, аз кӯҳ тарма фуромад, қариб ҳамаамон мемурдем.
- Ғами бачама нахӯрдӣ, накофтӣ, вай зинда буд.
- Кофтем, наёфтем.
- Дурӯғ мегӯӣ. Ман меравам, ман вайро меёбам,–аз ҷой бархост, дарро тела медод, аз дарун дарро қуфл андохтам. Дар берун барф, шамол, як қиёмат. Девонагӣ дошт модаратон, насиҳат мекардам, гап мезадам, мегуфтам, ки саҳар ба ҷустуҷӯи бачааш мебароем, ҳамсояҳо ҳамроҳ мешаванд, якҷоя мешавем.
- Баъде, ки бачам мурд?
- Ин хел нагӯ,- аз ин ҳарфи хунук дили худам ҳам ларзид. Модаратон мегуфту ман мегуфтам, забону даҳонам аз гап-гапи бисёр ба дард омад. Гап фаҳмонда наметавонистам, гап дар даҳон хобам бурдааст. Вақте аз хоб бедор шудам, модаратон дар хона набуд. Қуфли дарро шикаста баромада рафтааст.
Торикбарӯз буд, аз пасаш шудам. Барф аз боридан монда, ҳаво соф шуда буд, осмон ситоразор, моҳи шаби чаҳордаҳ дар рӯз монда. Ба кӯҳ баромадам, модаратонро бисёр наҷӯстам. Худаш маро дидааст, овоз баровард, овоз аз баландии болои сар.
-Отаи Искандар! Отаи Искандар!! Биё, биё, бачаатро ёфтам, биё,-овози ҷаррангосиаш дар кӯҳ баланд, наздаш расидам. Дастаи бел дар даст рост меистод.
-Шаб бачама накофтӣ, дар кӯҳ партофта рафтӣ. Вай дар рӯи ин тахтасанг,- санги тахтамонанди наздашро нишон дод ва бо оҳу воҳ афзуд:-Мурдааст. Чӣ хел дилат шуд, ки вайро ин ҷо монда рафтӣ?
- Кофтем, наёфтем.
-Дидӣ, ана ман ёфтам. Худам гум кардам бачама, худам ёфтам, худам гӯраш кардам, ана бин гӯри бачата,-теппачаи пурбарфу хокро ба ман нишон дод. Болои гӯр хам шуд, гӯрро оғӯш кард.
- Ана ҳамин хел, бачаҳом, - падар нақли пурдарду аламашро анҷом дод ва афзуд:-Беҳуда вай бачама куштам мегӯяд, аз сӯзиши дилаш мегӯяд, вай гуноҳ надорад.
Ҳақиқати ҳол барои фарзандон маълум гашт. Бародарашон дар солҳои гуруснагию қаҳтӣ барои нон аз даст рафта будааст, барои нон.
Вале чи мегӯӣ, ки ҳамин рӯзи сиёҳи ба сари модар омадаро баъзе занҳои бедаҳан гап кардаанд, мегуфтаанд, ки Зайнурабегимро айби худаш, камҳуш аст. Куҷои гап, ки бача аз «дасти оча ғалтаду нафаҳмад». Ҳамин гап дар деҳа хоб намерафт.
Ҳамон рӯз ҳам чун падар қиссаи ғамангезашро назди фарзандон ба охир расонд, завҷааш, аз тӯйи ҳамсоя бо дидагони ашкбор баргашт.
- Оча, чаро Шумо мегирйед? – Назира парида аз ҷой хест.
-Бачам, ғами худам бас нест, ки мардум рӯз намедиҳанд,- модар такя ба асояш истод.
Дар тӯйхона кампири Сафарбегим, ки базӯр сари таёқ мепояд, Зайнурабегимро дида гуфтааст:
- Бачам, Зайнурабегимӣ?
- Ҳа, холамоҳ.
- Нашинохтамат, сиҳату саломатӣ, бачам? Медонам, бачам, рӯзат сиёҳ буд. Лекин, як чӣ ки айби худат ҳам шуда буд, девона набошӣ, чи хел кӯдак аз дастат ғалтаду нафаҳмӣ. Э, не, нее, беҳуша рафтагиаш худат ҳастӣ. Як қамчин говландигӣ[ ҳам дорӣ. Метарсам ҳамин ҳоли ҳам калушота фаромӯш карда, ба хонат пои луч наравӣ.
- Холамоҳ, поятон ба лаби гӯр расидаасту аз гапи гандаатон намемонед. Мегӯед, ки ҳамон рӯзи сиёҳ аз хурсандӣ ба сарам омада буд? Бо ҳазор забон фаҳмондам, мефаҳмонам, боз ҳамон гап. Э, бас кунеде, айбу шарма донеде, - Зайнурабегим даст аз табақи оши палов кашида, гириста-гириста аз ҷояш хестааст, ҳар қадар соҳибони хона аз роҳаш гардонданӣ шудаанд, натавонистаанд. Ҳоло, ки дар хонаи худаш ҳам байни шаҳварашу фарзандон ҳамон гап буд, аз дар даромад.