arzon replenishment
Раис будам, гадо шудам. Додамро ба кӣ гӯям!
07.11.2019
Дилошӯб
2195

 

Назаралӣ, сарвари корхонаи бонуфуз соати панҷ корашро тамом карда, сари чамбараки мошин нишаст. Нав ба роҳи калон баромада буд, ки духтараки химчамиёни зебое даст бардошт.

Назаралӣ бе ягон андешаю гумони бад мошинро нигаҳ дошта духтаракро савор кард ва пурсид, ки ба куҷо меравад. Духтарак ба марказ мерафтааст. “Хонаи мо дар ҳамин наздикиҳост, вале шуморо бурда мемонам” гӯён, Назаралӣ суръати мошинро тезонд ва раҳораҳ дар омади гап чикора будани мусофирро пурсид.

-Номам Ниҳол. Дар осоишгоҳ маҳсгарам,- бепарвоёна ҷавоб дод духтарак ва ширин табассум намуд.

-Номи ман Назаралӣ, сарвари як корхонаи калон ҳастам, мабодо ягон кӯмак лозим шавад, бемалол муроҷиат намоед,-гуфт Назаралӣ. Духтар магар маҳтали ишорат буд, ки бо нози фиребо зулфони ба бари рӯяш хамидаро боло карда, рақами телефонашро пурсид. Назаралӣ бо дили соф рақамҳояшро доду бо ҳамин онҳо хайру хуш карданд…

Паёмаки ошиқона

Субҳи дигар ба телефони Назаралӣ чунин паёмак омад: “Бовар надоштам, ки рӯзе ба марди ҳамсоли падарам ошиқ мешавам, вале баъди шуморо во хӯрдан имшаб маро хоб набурд. Оқибати ин ишқ ба хайр шавад!” Назаралӣ дар дил ба ҳоли духтарак хандид ва дар оинаи барқади ҳуҷраи корияш қаду қоматашро тамошо карда, зери лаб пичиррос зад:

-Кӯдаки аҳмақ шарм надошта ба бобояш паёми ошиқона фиристодааст!

Найрангҳои “кӯдаки аҳмақ”

«Кӯдаки аҳмақ» домани Назаралиро сар доданӣ набуд ва ҳар субҳу шом барояш паёмакҳои меҳромез мефиристод. Дар бадали чанд рӯз телефони Назарали пур аз паёмакҳои ошиқона шуд ва оҳиста-оҳиста ин марди умраш ба ҷое расида ба навозишҳои ширини духтарак чунон одат кард, ки мабодо субҳ ё шоме паёмаш нарасад, ким чиро гум кардагӣ барин, беқарор шуда, худаш СМС менавишт. Ҳамин тавр баъди як моҳи хатнависаку изҳори муҳаббат карданҳо онҳо қарор доданд, ки бо ҳам во мехӯранд.

“Домод”-и мӯсафед

Назаралӣ ин вохӯриро бесаброна мунтазир буд. Вай ба мағозаи туркӣ рафта сару либосҳои шинаму зебо ва атри қиматбаҳои хушнакҳат харид, то дар назари бону ҷавону зебо намояд. Ҳамсараш Моҳтоби бехабар аз таҳти дили ин мӯйсафеди ошиқ ӯро муборакбод намуда гуфт:

-Мардакҷон, дар тамоми олам шумо барин марди либосзеб нест! Аҷаб қаду қомати зебою расо доред!

Назаралӣ аз хушгӯиҳои занаш ба ваҷд омада ӯро ба оғӯш кашиду аз рухсораҳояш бӯсид, вале дилаш чизи дигар мегуфт.

Бар рағми падар

Ниҳол аз ҳисоби танфурӯшӣ рӯзашро пеш мебурд. Модараш ба бемории диабети қанд мубтало гашта, базӯр меҷунбид. Падараш барвақт, аниқтараш ҳанӯз замони чорсола будани Ниҳол домони як хонуми таннозро гирифта, ваю модарашро партофта рафта буд. Ниҳолу модараш дар хобгоҳи вайронае зиндагӣ мекарданд, вале ин балодухтар сарҳисоби зиндагиро ёфт. Пас аз хатми синфи нуҳум вай дар курси кӯтоҳмуддати масҳгарӣ таҳсил намуда, дар як осоишгоҳи бонуфуз маҳсгар шуд. Аксари мизоҷонаш мардони сарватманд буданд ва ба истироҳатгоҳ омада, талаб менамуданд, ки маҳз Ниҳоли хушандому соҳибҷамол маҳсашон кунад.


-Оё овозаҳо дар бораи маҳз аз рӯйи Нилуфар аз ҳам ҷудо шудани Фарзона ва Фаридуни Хуршед асос доранд?

 


Балодухтар

Домани исмати Ниҳолро яке аз мизоҷонаш, ки марди мансабдор ва серпул буд, доғдор намуда ба балои азим гирифтор шуд. Ин марди сарватманд гумон дошт, ки бакорати “масажиска”-ро ба осонӣ гирифта, бе ҷазо мемонад, вале Ниҳол ба вай исбот намуд, ки панири муфт танҳо дар қапқон асту дар зиндагӣ ҳама чиз баҳою арзиши худро дорад. Ин балодухтар кофта-кофта суроғаи хонаи пурҳашамати “ишқи аввалинаш”-ро ёфт ва як бегоҳ дар остонааш пайдо шуд. Бойбобои духтарбоз ӯро дар рӯ ба рӯяш дида, якбора талхакаф шуд. Хайрият, ки модари фарзандонаш дар хона набудаасту аҷалдухтарро во нахӯрд, вагарна Худо медонад, ки ин моҷаро бо чӣ анҷом меёфт. Ниҳол ду пояшро ба як мӯза андохта аз мард барои номуси барбодрафтааш пули калон талаб кард ва таҳдид намуд, ки дар акси ҳол ба милиса муроҷиат менамояд. Мард хуб медонист, ки Ниҳол ҳанӯз ноболиғ аст ва худо накарда ин гап ба гӯши ҳомиёни қонун расад, ҳам аз мансабаш мемонаду ҳам дар кунҷи маҳбас макон мегирад. Вай хеле кӯшиш намуд, ки ҷонашро бо пули каму туҳфаҳои арзонбаҳо халос кунад, вале Ниҳол аз он бонувоне набуд, ки худро арзон мефурӯшанд. Аз таҳдидҳои ҳаррӯзаи вай ба ҷон расида, билохира мард бо дили нохоҳам пули як хонаи сеҳуҷрагиро дода, ҷонашро ба зӯр аз Ниҳол халос кард.

Маликаи қасри сафед

Ниҳол аз маркази шаҳр хонаи барҳавои сеҳуҷрагӣ харид ва аз ҳисоби дигар мизоҷонаш манзилашро бо мебел ва дигар ашёҳои зарурии рӯзгор пур карда, модари беморашро ба хонаи нав кӯчонд. Модари гӯлу содааш боре ҳам напурсид, ки дар ин замонаи қимматӣ духтараш аз куҷо пул ёфта, хона харидааст. Бечора занак ҳар рӯз сад бор шукронаи духтари пулёбашро намуда дар сояи давлати фарзандаш роҳат мекард.

Фасли тобистон, ки гузашт, шумораи мизоҷонаш дар осоишгоҳ кам мешуданд ва Ниҳол худашро орою торо дода ба роҳи калон ба шикори мард мебаромад. Вай мошинҳои хориҷии сиёҳшишаи зеборо нигоҳ медошт ва бо ронандагони сарватманд шинос шуда, баъдан ба қавле аз ҳисоби онҳо “мечарид”. Сайди навбатии ин аҷалдухтар Назаралӣ гашта буд.
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД