Arzon march 2024
Ҷурғот мӯйи сарро дароз мекунад
3358

 

Аз қадимулайём аксарияти халқҳои Осиёи Миёна барои шустани сар аз маҳсулотҳои турши ширӣ истифода мебурданд.

Маҳсулотҳои туршшудаи ширӣ (чака, ҷурғот) дар пӯсти сар қабати равғанинро ба вуҷуд меоранд ва ин қабат мӯйҳоро аз маҳлули ишқордор, ки дар натиҷаи обшавии собун пайдо мешавад, муҳофизат менамояд.

Мӯйҳоро бо ҷурғот чи тавр бояд шуст, то бӯйи он боқӣ намонад?
Ҷурғотро нағзакак ба мӯйҳоятон молида, бо рӯймоли полиэтеленӣ баста аз болояш сачоқи патдор печонед. Баъди 25-30 дақиқа бо мағзобаи собунҳои «Детское» ё «Ланоливое» ва ё «Русский лес» бишӯеду нағзакак бо оби гарм обгардон кунед. Сипас, дар 2 литр об 1 лимуро ҷабида ё дар 2 литр об 1 қошуқ сирко (уксус) андохта, мӯятонро обгардон кунед.

            Шустушӯи мӯйи хушк бо тухм
Агар мӯи шумо хушку зудшикан бошад, бо тухм шустанашон ниҳоят муфид аст. Дар таркиби тухм лецитин ва қариб ҳамаи аминакисолотаҳо мавҷуданд ва мӯйҳоро аз осебӣ ҳифз мекунанду сабӯсаки сарро бартараф месозанд. Асосан ҳам зардиву ҳам сафедии тухми истифода бурда мешавад. Зардиву сафедии тухмро бо каме оби гарм лат занед. Мағзобаи пайдошударо ба мӯйи пешакӣ тар кардашудаатон моледу пас аз чанд дақиқа бе собун бишӯед. Сипас, бо оби тозаву гарм нағзакак мӯятонро шӯеду бо оби лимӯдор ё сиркодошта мӯятонро об гардонед.

              Шустушӯи мӯи хушку мӯътадил
25 г собуни кӯдаконаро тарошида дар 100 г оби ҷӯшон об кунед аз дока полонед. Маҳлули тайёршударо пеш аз истифода намудан дар оби гарм об карда, то кафк карданаш лат занеду бо зардии тухми латзада якҷоя кунед. Пеш аз шустани сар равғани зайтун молидан тавсия дода мешавад.

               Шустушӯи мӯи равғанин
100 г собуни кӯдаконаро тарошида ба даруни 100 г об ҷӯшидаистода андозед. Баъди хунук шуданаш 25 г спирт ё атр (одеколон) илова намоед. Пеш аз шустани сар ҳам зардиву ҳам сафедии тухмро лат зада ба пӯсти саратон молед. Сачоқеро дар оби гарм тар карда, мӯятонро печонеду 5 дақиқа нигоҳ доред. Баъдан мӯятонро бо собуни об кардашуда бишӯед.

         Шустушӯи мӯи ниҳоят равғанин
Тухмро лат зада 1 қошуқча арақ ва чанд қатра шарбати лимӯ илова кунеду ба пӯсти саратон молида, аввал бо оби гарм, баъд бо оби хунук обгардон кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД