new banner new years
Банкамонӣ давои дарди сил
3238

Тавассути бонкамонӣ натанҳо сулфа, балки бисёр бемориҳои марбут ба шамолкаширо табобат кардан мумкин аст. Бонкамонӣ як намуди рефлексотерапия мебошад. Таъсири механики муҳити рефлексогенӣ фишори хуну лимфаҳоро аз қаъри бофтаҳо ба пӯст мекашад.

Ин бошад, ба рагҳои дохили аъзо таъсири хубе мерасонаду дар натиҷа ҷаббиши бофтаҳо беҳтар гардида, шамолкашӣ рафъ мешавад. Зери таъсири ҳавои холӣ дар пӯст даврачаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъоле ташаккул меёбанд, ки давраи мубодилаи барқароршавии саломатиро ҳангоми бемориҳои шамолкашии аъзо: роҳи нафас, -сулфаи кабутак, диққи нафас, варами пардаи шуш, илтиҳоби шуш, бемориҳои мизоит, асаб, илтиҳоби асаб истифода мекунанд. Одатан онҳоро дар қисми болои қафаси сина ё дар тахтапушт-зери қулфак, байн ва зери шонаҳо ва миён ба муддати 15-20 дақиқа мегузоранд.

Вақти беҳтарин шабонгоҳ

Бонкаро одатан шабҳангом мегузоранд. Баъди гирифтани бонкаҳо беҳтараш як пиёлаи чои лимӯгӣ ё чой бо тамашк (малина) нӯшеду дар кӯрпа печида хобед. Аммо бояд дар хотир дошта бошед, ки дар ҳавои ниҳоят гарм истифода бурдани бонка хатарнок аст, чунки дар ҷои беҳтаршавӣ, шояд бемориатон бошиддаттар шавад.

Истифодааш манъ аст, агар…

Ҳангоми бемориҳои сил, омос (варам), номутобиқ будани пӯсти бадан ба бонка, харобӣ, халалёбии кори дил беҳтараш аз ин тарзи табобат истифода накунед. Бонкаҳо ҳаргиз дар муҳити дил, сутунмуҳра, болои холи калон, доғҳои модарзод ва ғадудҳои ширӣ (сина) нагузоред.

Маҳс беҳтар аст!

Маҳси бонкагӣ усули беҳтарини табобат маҳсуб меёбад. Назар ба бонкагузории муқаррарӣ маҳси бонкагӣ осонтар ва муфидтар гузаронида мешавад. Онро маҳси ғеҷанда низ меноманд. Масалан, ҳангоми остеохондрози сутунмуҳра бонка аз миён ба боло меғеҷад. Ҳангоми шамолкашӣ аз кунҷи поёнии шона ба китф ва паҳлӯи болоии қафаси сина ғеҷонда мешавад. Ҳангоми тарбод муҳити миён, вале агар дард то пойҳо бошад, аз қафои болоии рон чуқраки зону ва то чини сурин маҳс карда мешавад.

Ҳангоми селлюлит аз рон то сурини пой маҳс карда мешавад. Маҳси бонкагӣ дар «мубориза» ба муқобили бемориҳои гуногуни шамолкашӣ истифода карда мешавад. Барои боз ҳам натиҷабахш гузаронидани маҳси бонкагӣ аз малҳами зиддиселлюлитӣ истифода мекунанд.

Дар ёд дошта бошед: маҳс бо бонка ҳангоми ҷурраи ноф (грижа) ва баъди ҷарроҳӣ дар кӯррӯда қатъиян манъ аст!

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Давлат 2019-07-17, 00:58
банками яне хичома ном дорад ин амал санат аст ки ба 400 дарди инсон шифо мебахшад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Давлат 2019-07-17, 00:58
банками яне хичома ном дорад ин амал санат аст ки ба 400 дарди инсон шифо мебахшад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД