arzon replenishment
Бо либосҳои дарида гадоӣ мекунем, отаҷон!
6564

Мо чор гулписари Адҳамҷон Юсуфалиев 5 сол боз роҳи падарамонро мепоем. Падарам чанд сол боз дар Русия аст, вале ягон бор ба мо пул намефиристад, занг намезанад.

Модарам се моҳ аст, ки аз пой афтида дар бистари беморӣ хоб аст ва дигар қудрати моро хӯрдан надорад. Хизмати мардумро карда, худамон як бурда нонамонро ёфта мехӯрем. Аз якдигар ҳамагӣ як соли фарқ дорем ва одамон гумон мекунанд, ки мо чоргоникем. Кӯдакони ҳамсинну соламон дар оғӯши гарми падару модар аз ширинҳои айёми бачагӣ лаззат мебаранд, мо бошем, мисли Одина ғуломвор хизмати дигаронро карда мегардем. Бо либосҳои даридаву фарсуда сарсону овораи зиндагием. Бо ин ҳама ранҷу азоб ҳанӯз аз падари сангдиламон умедамон канда нашудааст, боварӣ дорем, ки ягон рӯз ба ёдаш мерасем ва ба хона бармегардаду зиндагиямонро рангин мегардонад.


Мани дилдода бо дили моломоли орзуҳои ширин баргаштанашро интизорӣ мекашидам, вале падару модараш барои ӯ як арӯси дигар ёфта, фотиҳа кардаанд.


n6QN9yr2LUXL4Nsl3oUygCTnSxm4hyl5RVVH0Qwi


Падарҷон, агар чашмат ба номаи ғамбори мо, чор ҷигарбандат афтад, илтимос ба фарёдамон бирас! Солҳост, ки дар ба дари мардум нон талбида мегардем ва ҳамсояҳо «сагҳои бесоҳиб» гуфта, баъзан моро аз дарашон меронанд. Мо падардорони бе падар то ба кай азоби гуруснагӣ мекашему шаттаю шалоқ мехӯрем? Наход, дилат ба мо насӯзад, падар?! Баргарду фарзандонатро соҳиб шав, агар як зарра номуси мардӣ дар вуҷудат бошад!
Чор писарат: Сорбон, Сомон, Алиҷону Валиҷон аз деҳаи Сабзбаҳор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД