arzon replenishment
Фазилати шаби Қадр
1921


Аҳаммияти шаби Қадр ва амалҳое, ки дар ин шаб аз Паёмбари акрам (с) супориш шудааст.

Ба номи онки дил кошонаи ӯст,
Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.
Салом ба Рамазон – моҳи зиёфати Илоҳӣ. Салом ба рӯзадорони ин моҳ, ки хобашон ибодату нафасҳояшон тасбеҳ аст ва салом ба шаби Қадр, ки беҳтар аз ҳазор моҳ аст.
Моҳи Рамазон шуд маю майхона вар-уфтод,
Ишқу тарабу бода ба вақти саҳар уфтод.
Моҳи Рамазон моҳи меҳмонии Худост. Ҳар кас худро барои ин меҳмонӣ беҳтар омода карда бошад, аз хони густӯрдаи лутфу карами Илоҳӣ бештар баҳраманд хоҳад шуд. Ҳар кас дар ин меҳмонӣ муаддабтару оростатар бошад соҳибхона ба ӯ лутфу навозиши бештар хоҳад дод.
Дар ривоят омадааст, ки «Дарҳои осмон дар шаби аввали моҳи Рамазон кушода мешавад ва то охирин шаби ин моҳ баста намешавад». Рамазон моҳи дуъову ибодат асту баҳори Қуръон. Тамоми рӯзҳо ва лаҳза-лаҳзаҳои ин моҳ муборак аст, аммо дар ин моҳ шабе вуљуд дорад, ки онро «Қалби моҳи Рамазон гуфтаанд ва он шаби Қадр аст. 
Шаби Қадр шабе аст, ки дар тамоми сол шабе ба бузургӣ ва фазилати он намерасад, Хусусиятҳои ин шабро, ки сабаби бузургӣ ва мубораки он шудааст, метавонем чунин ном барем:
1. Қуръон дар ин шаб бар Паёмбар (с) нозил шудааст. «Инно анзалноҳу фи лайлатил Қадр». Гуфта шудааст, ки тамоми китобҳои осмонӣ дар ҳамин шаб бар паёмбарон нозил шудаанд.
2. Ҳар амали хуб ва тоъату ибодате, ки дар ин шаб анљом шавад бо амал ва ибодати ҳазор моҳ баробар аст. «Лайлатул Қадри хайрун мин алфи шаҳр».
3. Малоикаҳо ва Руҳ (Ҷибрил), ки аз малоики мукарраби илоҳӣ аст фуруд меоянд ва бо худ хайру салому раҳмати Илоҳиро ҳамроҳ доранд ва то субҳ ба назораи шабзиндадорон менишинанд.
«Таназзалул малоикату ва-р-руҳу фиҳо би изни раббиҳим мин кулли амр».
4. Ин шаб аз аввал то охир салом аст, саломе аз Худо ва фариштагон. «Саломун ҳия ҳатто матлаъил фаҷр».
Ҳамаи рӯзадорони моҳи Рамазон худро барои шабзиндадории ин шаб омода сохта, дар интизори он лаҳзашуморӣ мекунанд.
Шаби Қадр кадом аст?
Борҳо аз Паёмбар (с) пурсиданд, ки кадом шаби моҳи Рамазон шаби Қадр аст? Вале он бузургвор ҳаргиз шаби муайянеро ном набурдаанд. ФаҚат ҳаминро зикр намудаанд, ки «Шаби Қадрро дар шабҳои тоқи даҳҳаи охири моҳи Рамазон ҷустуҷӯ кунед». Шояд ҳикмати номуайян будани ин шаб он бошад, ки рӯзадорон барои дарки он дар чанд шаби охири моҳи Рамазон шабзиндадорӣ кунанд ва раҳмату лутфи Худоро бештар ба даст оваранд.
В-ар насӯзӣ то саҳар ҳар шаб чу шамъ,
Тӯҳфа кау наҚди саҳаргоҳат кунанд?
Худи Расули акрам (с) дар даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон ҷойгоҳи хоби худро ҷамъ намуда, дар масҷид ба эътикоф менишастанд.
Дар ин шаб чӣ кунем:
Халқ бихуспанд, вале ошиқон,
Ҷумла шабон қиссакунон бо Худо.
Модоме, ки шаби Қадр ин ҳама фазилату баракат дорад, мӯъмини зирак аз ҳар лаҳзаҳои он барои расидан ба савоби илоҳӣ истифода мекунад.
Барои шабе, ки умед меравад шаби Қадр бошад аъмоли фаровоне зикр шудааст, ки ҳар кадом фазилати савоби зиёде доранд:
1. Ғусл.
Мустаҳаб аст, ки наздикиҳои ғуруби офтоб ғусл намоӣ.
2. Хондани намоз.
Агар ба Қибла рӯ кунам, ба ишқи рӯи Ӯ кунам.
Иқоми салотро ба гуфтугӯи Ӯ кунам.
3. Шабзиндадорӣ , ки Паёмбар (с) фармуд: «Ҳар кас аз рӯи имон ва барои расидан ба савоби Илоҳӣ шаби Қадрро ба ибодат бигзоранд, гуноҳони гузаштаааш омӯрзида мешавад».
4. Тавбаву истиғфор.
Аз сидҚи дил аз гуноҳҳои худ пушаймонӣ кунем ва аз Худо омӯрзиш биталабем, ки Ӯ бисёр тавбапазир аст:
Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест,
Сад бор агар тавба шикастӣ боз ой.
5. Тиловати Қуръон.
То метавонем Қуръон бихонем, ки дилҳоро равшанӣ мебахшад.
Агар дилдодаи аҳли вафоӣ,
Агар аҳли сафои Мустафоӣ.
Биё то рӯзу шаб Қуръон бихонем,
Ки дил гирад зи нураш рӯшноӣ.
Дуъо.
Барои падару модар ва барои ҳамаи мӯъминон дуъо кунем. Дуъо мағзи ибодат аст ва Худованд фақат ба хотири дуъо ба мо назар мекунад. Ӯ худ фармудааст: «Маро бо дуъо бихонед, ман дуъои шуморо иҷобат мекунам».
Эй Худои поку беанбозу ёр,
Даст гиру узри моро во гузор.
Ёд деҳ моро суханҳои даҚиҚ,
То ба раҳм орад туро он, эй шафиқ.
Ҳам дуъо аз ту, иҷобат ҳам зи ту,
Эминӣ аз ту, муҳаббат ҳам зи ту.
Овардаанд, ки ҳазрати Фотима (р) аҳли хонаи худро пешакӣ барои шаби Қадр омода мекарданд ва шаби Қадр ҳамаро бедор нигаҳ медоштанд ва ба онҳо каме ғизо медоданд, то хобашон набарад. Он ҳазрат фармудаанд: «Маҳрум касе аст, ки аз хайри ин шаб маҳрум бимонад».
Аз Худованди маннон мехоҳем, то моро аз ҷумлаи рӯзадорони воқеъй бигардонад ва тавфиқи шабзиндадориву ибодату дуъоро дар шаби Қадр насибу рӯзии мо кунад.
Худоё чунон кун, ки поёни кор,
Ту хушнуд бошиву мо растагор.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД