Formula novemver 2024
Муаллимаи панҷакентӣ худро ба дарё партофт ё...(Видео)
7024
Муаллимаи панҷакентӣ худро  ба дарё партофт ё...(Видео)

Ду рӯз қабл сомонаи Оила. ТҶ аз бе ному нишон ғайб задани як ҷавонзани панҷакентӣ бо исми Истамой Аминҷонова хабар дода буд.

Истамой муаллимаи забон ва адабиёти рус буда, ҳанӯз ду соли ҳафт моҳ пеш аз хона баромада, дигар бар нагаштааст. Якбора бе ному нишон гаштани як зани солимақл ва соҳибмаълумот шубҳаовар аст, аз ин рӯ мо модари Истамойро ба студияи Оила даъват намудем, то ки сабаби гум шудани фарзандашро ҷустуҷӯ намоем. Муҳаррам Султона мегӯяд аввалҳо муносибати духтару домодаш хуб буд, вале баъд якбора аз байнашон гурбаи сиёҳ гузашта, зану шавҳар аз ҳамдигар дилхунук шуданд. Вақте ки ду фарзандаш бемор шуданду Истамой ба беморхона афтид, ҳамсараш ҳатто ба хабаргирии ӯ наомад.


Инак, ду солу ҳафт моҳ мешавад, ки модари ҷигархуни Истамой-Муҳаррам Султонова бо чашми гирён духтарашро ҷустуҷӯ дорад.


Муаллима аз ин рафтори падари фарзандонаш сахт ранҷида, дилу нияти ҷудо шуданро дошт, аммо модар бо панду насиҳат ӯро дубора ба хонаи шавҳараш гусел кард. Байни Истамй ва шавҳараш чӣ моҷаро рӯй дод, ки боиси бе ному нишон гаштани ин ҷавон зани 31 сола гашт?
Сӯҳбати мо бо модари Истамой Аминҷонова атрофи ҳамин мавзӯъ ва ҷузъиёти дигри ғайб задани ин муаллимаи панҷакентӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД