Arzon march 2024
Ҳасани гумшуда аз қурутобхона ёфт шуд
4058

 

Дирӯз хабар дода будем, ки Ҳасани 14-сола як ҳафта қабл аз ноҳияи Рашт ба шаҳри Душанбе омада, бе ному нишон гум шудааст.
Баъди он, ки сомонаи Oila.tj аз гум гаштани Ҳасан Асламов хабар интишор кард, хонандагони сомонаи мо базудӣ огоҳ гашта, иттилоъро дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх занонданд. Ин субҳ наздикони ин навраси 14 сола ба хабарнигори сомонаи Oila.tj занг зада, аз пайдо шудани Ҳасан Асламов мужда расонданд.
Бахтиёр, ки худро дӯсти наздики хонаводаи Ҳасан муаррифӣ кард, қайд намуд: “ Ҳасан муддати 5-рӯз дар қурутобхонаи “Шому саҳар” воқеъ дар маҳаллаи Қаряи –Боло кор кардааст ва аз он ҷо дар борааш дарак ёфтанд.
Волидонаш аз пайдо шудани фарзандашон бениҳоят хурсанд гашта, арзу миннатдорияшонро ба мардуми кишвар ва сомонаи Oila.tj расониданд. Ҳасани 14 сола барои фирор кардан аз хона пушаймон шудааст ва аз волидону наздикон, инчунин, аз касоне, ки дар ҷустуҷӯйи ӯ саҳмгузор буданд, узр пурсидааст”.

 


Барои ҳаҷвнигор шудан аввало девона шудан лозим аст. Мисол, дар кӯча ду кас задухӯрд ва дастбагиребонанд, байнашон даромада, ду-се мушт ба сарат зарба мехӯрӣ, баъде, ки дидӣ майнаи сарат гаранг шуд, ҳаҷвнигор мешавӣ. Ҳаҷв, агар бо девонагӣ оғоз нагардад, ҳаҷв нест

 


Қобили тазаккур ҳаст, ки имрӯзҳо кӯдакону наврасон, хусусан наслҳои аз10 то 16 сола ва ҳатто аз он болотар хело эҳсосотӣ шудаанд. Дар таълиму тарбияи онҳо бояд чораи зарурӣ аз ҷониби волидайну муассисаҳои таълимӣ андешида шавад. Ҳолати фирор кардани кӯдакон ва дигар амалҳои ғайричашмдошт аз ҷониби онҳо бозгӯкунандаи он ҳаст, ки бояд ҳар як муассисаи таълимӣ равоншиноси махсус дошта бошад. Шояд дар он ҳолат таваҷҷӯҳи наврасон ба амалҳои номатлуб, аз қабили худкушӣ, дуздӣ, фирор аз хона ва ҳоказо камтар гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД