Дар сомонаҳои иҷтимоӣ хабари гум шудани як наврас дар шаҳри Душанбе бо исми Сӯҳроб барқсон паҳн гашт. Дар хабар гуфта мешуд, ки Сӯҳроб санаи 26- уми октябр аз хона баромада, бедарак шудааст.
Агар касе Каримов Суҳробро дар ҷое дида бошад, ҳатман ба рақами 908 66 80 44 занг занад.
Ин хабар бисёрҳоро ба таҳлука афканд, зеро сару садо ва овозаю ҳангомаҳо дар бораи кӯдакдуздӣ вақтҳои охир хеле зиёд шудаанд.
Ба хотири фаҳмидани тафсилоти чӣ тавр гум шудани Суҳроб мо ба рақамҳое, ки дар эълон зикр ёфта буданд, занг задем.
Маълум шуд, ки Сӯҳроб бо пайвандонаш хархаша карда, аз хона баромада рафтааст. Хушбахтона, наздиконаш ӯро аз шаҳри Турсунзода аз хонаи холааш пайдо карданд.