Ман хӯрдани гӯшти бузи куҳӣ ва гӯшти аспро дӯст медорам, вале баъзе дӯстони намозхонам мегӯянд, ки гӯшти асп ҳаром аст. Донистан мехоҳам, ки оё ислом хӯрдани гӯшти аспро иҷозат медиҳад ё не?
Холиқназар, донишҷӯ
Посух
Аз нигоҳи мазҳаби Абуҳанифа раҳматуллои алайҳ хӯрдани гӯшти асп иҷозат аст. Дар аввал Имоми Аъзам (р) хӯрдани онро манъ карда буданд, вале пеш аз маргаш барои хӯрдани гӯшти асп иҷозат доданд.