Шавҳарам «расиян» аст, соле як маротиба меояду меравад. Ман ўро пеш аз тӯй надида хонадор шуда будам, агар медонистам, ки шавҳар карда бевақаторӣ зиндагӣ мекунам, асло зани ў намешудам. Арўсиамро як моҳ нашуда шавҳарам ба Русия рафт. Келинчаки ҳанӯз чилаам набаромада будам, намедонистам дарди диламро ба кӣ гӯям. Ҳар гоҳ падару модарам маро хабаргирӣ биёянд, мисли кӯдаке, ки волидонаш ӯро ба ятимхона супурдаанд, гарданашонро гирифта гиря мекардам. Баъзан худ ба худ мегуфтам, ки аҳмақ шуда ба шавҳар баромадам, охир шавҳарат дар барат набошад, дарди дилатро нашунавад, напурсад, ки ту чӣ мехоҳӣ, чи лозим ҳамин хел шавҳар. Дилам мехост бору буғчаамро бардошта ба хонаамон баргардам, вале боз панду андарзи модарам ба ёдам расида, астағфурилоҳ мегуфтам. Хушдоманам аз ҳамеша дар кунҷи хона нишаста гиря карданам безор шуда маро ба хонаи модарам оварду гуфт: «Келин, то дилат хостан дар ҳамин ҷо мон, баъд худам омада туро мебарам!»
Хурсанд шудам, ки дар хонаи модарам дами беғам мезанам, вале аз байн ду рӯз нагузашта шавҳарам занг заду чунон дашномҳое дод, ки телефон аз дастам афтид. Гуноҳам дар он будааст, ки аз вай напурсида ба хонаи модарам омадаам. Қарор додам, ки дигар поямро ба остонаи дари хонаашон намегузорам, вале модарам маро зӯран ба хонаи хушдоманам бурд, то дар назди ҳаққу ҳамсоя ва хешу табор шарманда нашавад. Бо дили нохоҳаму чашмони пурашк боз ба ҳамин ғамхона баргаштам. Ба шавҳари расиянам гуфтаниям: Мардак, ман саг нестам, ки барои як пора нон хонаи туро посбонӣ карда шинам. Ба ман шавҳаре лозим аст, ки мудом дар барам бошад. Гумон накун, ки ту дар Русия бо оимчаҳои рус айшу ишрат карда мегирдию ман дар ин ҷо ҳамин хел ғулом барин хизмати модаратро карда меистам. Нияти зиндагӣ кардан дошта бошӣ баргард, надошта бошӣ, паноҳат ба Худо!
Ҷамила