Кист, ки “Шӯхиҳои Аловиддин”-ро тамошо карда, аз ханда рӯдакан нашавад? Бо пайдо шудани ин ҳунарманди асил ҳатто дар лабони ҷиддитарин инсон низ табассум медамад.
Оё мардумро хандондан осон? Чаро Аловиддин Абдуллоев бештар дар саҳнаҳояш образи занонро меофарад? Суҳбати мо бо ин ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик атрофи ҳамин мавзуҳост.