Formula september
Бало заната, муаллим!
2391

Мисли дигар бозорҳои Русия дар бозори «Ладски»-и шаҳри Санкт-Петербург ҳам муҳоҷирони зиёди тоҷик кору фаъолият мекарданд. Агар гӯям, ки навад фоизи кормандони бозорро бачаҳои тоҷик ташкил менамуданд, хато намекунам.

Аксарияти муҳоҷирон ба савдои яклухт машғул буданду баъзеҳо ба аробакашӣ. Дар байни ҷавонони аробакаш марди миёнсоле буд, ки ӯро ҳама «муаллим»-гуфта ном мегирифтанд.
Содиқҷон Иброҳимов солҳои зиёд дар яке аз мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ муаллим шуда кор мекардаасту ба хонандагон аз фани таърих сабақ меомӯхтааст. Азбаски муаллим фарзандони зиёд дошту маблағи аз касби омӯзгорӣ гирифтааш ба таъмини аҳли оилааш намерасад, маҷбур мешавад, ки муддате тарки касби худ карда, ба муҳоҷират равад. Дар муҳоҷират ҳам на ҳама кас дарҳол соҳиби кори осону хуб мешавад. Ҷавонони боқуввату тануманд низ баъзан ҳафтаву моҳҳо кор наёфта, сарсону ҳайрон мегарданд. Муаллим, ки синну солаш аз панҷоҳ гузашта буду болои ин он қадар саломатии хуб надошт, кори дурусте наёфта буд. Тиҷорат ҳам карда наметавонист. Аз ин рӯ, муаллим бо ёрии баъзе шиносу ҳамдеҳаҳояш аробаеро дастрас карда, ба боркашонӣ машғул буд. Ҳарчанд, ки аробакашӣ ҳам касби чандон осон набуд. Савдогарбачаҳо то дари бозор сабзавоту меваҷот меоварданду ба воситаи аробаҳо то ба ҷойи фурӯши худ мерасонданд...
Дар бозор машғули савдои хӯрока будам. Бо садои баланд фарёд кардани ҷавоне, ки картошкаву пиёз мефурӯхт диққатамро ба худ ҷалб кард: Бало заната маълим, дар куҷоӣ?
Хамин лаҳза муаллим Содиқҷон Иброҳимов бо аробаи худ пайдо шуда, ба сӯи овоз шитобид.Аз дидани ин манзара қалбам ларзид. Дилам ба ҳоли муаллими аробакаш сӯхт, ки акнун як шогирди дирӯзааш ӯро бо чунин лаҳн ҷеғ зада, кор мефармояд. Он ҷавони бефаҳм вақте ки ин суханонро ба забон мегирифт, ҳатто хотири синну сол ва мӯи сафеди муаллимро накард…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД