Arzon march 2024
Муаллима аз хона баромада, бедарак шуд
7734

Ҷавонзани 33-солаи панҷакентӣ Истамой Аминҷоноваро қариб се сол боз модар ва се фарзанди ноболиғаш бо чашми гирён ҷустуҷӯ доранд.

Ӯ муаллимаи фанни забон ва адабиёти рус буд. Рӯзи 6-уми июни соли 2017 Истамой ба кор рафта, дигар ба хона бар нагаштааст. Бори охир Истамой Аминҷоноваро худи ҳамон рӯз, тахминан соатҳои 16-16:30 дар маҳаллаи Сӯзангарон дидаанд, пас аз ин ҷавонзан бе ному нишон ғайб задааст.

Инак, ду солу ҳафт моҳ мешавад, ки модари ҷигархуни Истамой-Муҳаррам Султонова бо чашми гирён духтарашро ҷустуҷӯ дорад. Ин модари зор намедонад ба се фарзанди хурдсоли Истамой, ки ҳар рӯз модарашонро пурсон мешаванд, чӣ гуфта, онҳро дилбардорӣ намояд.


Муолиҷаи аввалини ҷавонсозӣ бо ёрии ботекс ҳамагӣ 6-7 моҳ таъсир карда, баъди ин ожангҳо дубора намоён мегарданд, аммо рӯҳафтода шудан лозим нест.


Умеди охирини модар ва фарзандони Истамой Султонава сомонаи Oila.tj мебошад. Муҳаррам Султонова ва набераҳои ба дидори модар зораш аз мардуми шарифи Тоҷикистон хоҳиш ва илтиҷо доранд, ки агар касе дар куҷо будани Истамойро донад ва ё дар борааш ягон маълумот дошта бошад, ба рақамҳои зерин занг зада, хотири ношоди онҳоро шод гардонад:
92-710- 11- 28 ва 90 7-63- 18- 87

Видеои сӯҳбати моро бо модари Истамой фардо аз ютубканали Oila.tj тамошо кунед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД