Ҷисми бе ҷони як арӯсаки семоҳаро аз дарёи Зарафшон пайдо карданд. Дар ин хусус субҳи имрӯз як сокини деҳаи Гуссари Панҷакент ба сомонаи ОИЛА-ТЧ хабар дод.
Ба гуфти ин ҳамдеҳаи мақтул, ки аз ифшои ному насабаш худорӣ намуд, ҷавонзани даст ба худкушӣ зада Меҳринисо ном дошта, зодаи деҳаи Гуссари шаҳри Панҷакент мебошад. Меҳринисои ноком ҳамагӣ 17 сол доштааст. Волидонаш се моҳ пеш бо сад орзуву ҳавас ӯро ба хонаи бахташ гусел кардаанд, аммо хушбахтии оилавӣ ба ин арӯси ноком дер насиб накард.
Пас аз се моҳи арӯс шуданаш Меҳринисо маргро аз зиндагии ширини оилавӣ авлотар дониста, худро ба коми дарёи Зарафшон ҳаво медиҳад.
Ҳандеҳагонаш мегӯянд, зоҳиран рӯзҳои аввали оиладорӣ Меҳринисо аз тақдир розӣ ва хушбахту масрур менамуд. Хонаводаи шавҳараш чандон одамони бад набуданд, аз ҳамин сабаб якбора даст ба худкушӣ задани ин арӯси семоҳа, ки ба қавли маъмул, ҳанӯз аз сад гулаш як гулаш нашкуфта буд, ҳамаро дар ҳайрат гузоштааст. Овозаҳо дар мавриди худкушии Меҳринисо хеле зиёданд. Яке мегӯяд, келинчак пас аз ҷангу ҷанҷоли оилавӣ худро ба дарёи Зарафшон ҳаво додааст, дигарӣ ин овозаро рад намуда, сабаби даст ба худкушӣ задани ин арӯси семоҳаро ба махлуқҳои ноаён рабт медиҳад. Занҳои маҳалла миш-миш мекунанд, ки арӯсак аз чизе сахт тарсида ба бемории рӯҳӣ гирифтор ва паривара шудааст, гӯё Меҳринисоро ҷинҳо ба худкушӣ талқин намудаанд.
Овозхони машҳури тоҷик Райҳона Раҳимова аз марги нобаҳангоми модараш қисса мекунад!
Ҳеҷ кас дақиқ гуфта наметавонад, ки ба ин келинчаки панҷакентӣ якбора чӣ шуд, ки пас аз моҳи асал маргро аз зиндагии оилавӣ, ки дар ин давра бояд аз асал ҳам ширинтар бошад, авлотар донист.
Ҷисми ин гуларӯси нозанинро дирӯз дар деҳаи Гуссари шаҳри Панҷакент бо нолаҳои зор ба хок супурданд.