ОВОЗА - ҲАҚИҚАТ
«Аз зиндагӣ хаста шудам!»-пеш аз марг гуфт модари ҷавони сарояндаи маъруф Райҳона ба духтараш
3639
5

 

Овозхони шинохтаи кишвар, духтари пуринержии сомонаҳои интернетӣ, Райҳона Раҳимова аз даргузашти модараш дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод.

Тавре хабарнигори сомонаи ОИЛА-ТЧ бо ин сарояндаи овозадор дар тамос шуд, Райҳона даргузашти модарашро тасдиқ намуда, чунин гуфт:

-Модарам мисли дугонаам буд ва дар вақти сафарҳои ҳунарӣ ҳамеша писаракамро зери қаноташ нигаҳ медошт, вале се сол пеш инсулт гузаронида, саломатияшро пурра аз даст дод. Рӯйи ҷойгаҳ мехобид ва доруву дармонашро мо се хоҳарон сари вақт муҳайё мекардем, аммо… (Райҳонаро гиря гулӯгир намуд). Як ҳафта пеш аз маргаш ба ман гуфт, ки Райҳона, ман аз ин дард хеле сахт хаста шудам. Ин хел нагӯед, мо духтаронатон шуморо хор шудан намегузорам гуфтам, вале баъди чанд рӯз  модари хушрӯякам, чароғи хонаам якбора аҳволаш бад шуда, моро сахт тарсонд. Лаҳзае пас ҷонаш баромад. Боварам намеояд, ки модари гул барин зебоям якбора маро танҳо гузошта рафт. Аз шавҳарам миннатдорам, ки аз аз гӯшаи тобути модарам писарвор бардошта ба мазор бурду маро танҳо нагузошт.(Мегиряд).
Ман дар ҳаётам чунин дарду танҳоиро ҳис накарда будам. Аз сӯзиши қалб шабу рӯз гиря мекунам, то ҳол ба худ нестам.

Райҳона ба кулли мухлисонаш мегӯяд, ки модари ман писар надошт, се духтар дошт. То охирин нафасҳояш дар бараш будему нигоҳубинаш кардем. Шумо, ки имруз падару модаратон зиндаву саломатанд, ҳуррмату иззаташонро нигоҳ доред ва барояшон ҷонатонро дареғ надоред, зеро ҳеҷ кас намедонад, ки фардо онҳо ҳастанд ё на. Ман ҳар рӯз аз модарам мепурсидам, шумо аз ман розиед, он кас мегуфтанд, ки сад дар сад розиям. Ту бароям ҳама корро кардӣ, дар пастиҳои умрам ҳамеша маро дастгирӣ намудӣ, туро то нафаси охирин дӯст медорам, аммо фикр мекунам боз барояш ҳеҷ коре накардаам.
Модари Райҳон Раҳимова Субҳинисо 60 сол дошт ва аз бемории фалаҷи майнаи сар даргузашт.

Мо аҳли қалами сомонаи "Оила" бинобар даргузашти модарашон сахт андӯҳгин буда, аз даргоҳи Оллоҳ ба эшон сабри ҷамил хоҳонем!


Хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Шарҳ
(5)
сабр 2019-08-08, 15:57
Худованд сабр тияд Райхоначон
Посух
Нор 2019-08-08, 15:57
Такдири илохи хохарам
Посух
Мухлис 2019-08-08, 15:57
Рахмат кунад Худо
Посух
Mastura Alizoda 2019-08-08, 16:29
Дарди туро дорам,Райҳонаҷон,Худоҷон магфираташон кунад,доим дуо мекунем дар ҳақашон!!!
Посух
Дилошуб 2019-08-08, 16:36
ХУДОВАНД ИН МОДАРИ НОЗАНИНРО КИ ДАР АРАФАИ БУЗУРГ АЗ ДУНЕ ГУЗАШТААНД ДАР РАВЗАИ РИЗВОН ОРОМИШ БАХШАД. БОЗГАШТИ ХАМАИ МО БА СУИ УСТ... БАРОИ ЭХТИРОМИ МОДАРРО БА ЧО ОВАРДАН ПИСАРУ ДУХТАР БУДАН ФАРК НАДОРАД. БА АХЛИ ИН ОИЛА САБРИ ЧАМИЛРО АЗ ДАРГОХИ ОН ЛОМАКОН ХОХОНАМ....
Посух
Шарҳ
Тавсия медиҳем:
ОВОЗА - ҲАҚИҚАТ
Мавзуна Чориева ба садама гирифтор гашт
Мавзуна Чориева, варзишгари машҳури тоҷик, чемпиони чаҳон оид ба муштзанӣ бо аҳли хонаводаи хоҳараш ба садамаи нақлиётӣ гирифтор гаштааст. Барои...
Мавзуна Чориева ба садама гирифтор гашт
10334
26
LIFE - STAR
Мавзуна Чориева: Ашки маро то ҳол касе надидааст...
Ашки маро то имрӯз касе надидааст. Ҳатто ҷасади падарамро аз Русия оварданд, гиря накардаам, тобуташро бардоштаму гиря накардам.
1234
2
ТВ - ОИЛА
Мавзуна ошиқашро меҷӯяд! (Видео)
Мавзуна Маҳмадзода чаро ошиқашро гум кард? Чаро дар кӯчаҳои шаҳр барои дилдодааш овораву сарсон аст? Мавзуна дар ҳақиқат танҳо монд?...
Мавзуна ошиқашро меҷӯяд! (Видео)
1227
0
АСРОРИ ЗЕБОӢ
7- амале, ки бе усмаву сурма занро зебо мегардонад
Ба ҷои туш ба миҷгон вазелин молидан мумкин аст. Каме вазелин миҷгонро дарозтару ғафстар нишон медиҳад. Ба лабҳо бошад, равғани...
339
0