arzon replenishment
Мавзуна Чориева: Ашки маро то ҳол касе надидааст...
3366

Мавзуна Чориева, 1 октябри соли 1992 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Чемпиони ҳафткарата дар риштаи бокс миёни занон мебошад. Бозиҳои олимпии соли 2012, ки дар он 70 давлати дунё ширкат доштанд, аз Тоҷикистон 305 варзишгар иштирок доштанд. Дар таърихи кишвари мо миёни боксчиёни зан аввалин нафар- Мавзуна Чориева буд, ки аз бозиҳои олимпӣ ба Тоҷикистон медал овард.

Барои дастовардҳояш ҳам шаҳрдории шаҳри Кӯлоб, ҳам раиси шаҳри Душанбе барояш хона тақдим карданд. Мавзуна дар зиёда аз 300 мусобиқаи муштзанӣ иштирок карда, ҳамагӣ се бохт дорад. Пас аз ин дастоварди бузург, Мавзуна бо Амон Бобоев оила барпо кард ва онҳо соҳиби духтарчае бо номи Асия ҳастанд.

-Мавзуна! Ба андешаи Шумо барои пешравии варзишгар, ки бояд пайваста дар мусобиқаҳо ширкат варзад, оила ва фарзанд монеа намешавад?

-Вақте ақли зан ба он мерасад, ки омодааст оила бунёд кунад, ягон чиз монеа намешавад. Духтар пеш аз ҳама бояд донад, ки кӣ ҳамсари ояндааш аст, то охир зиндагиашро бурда метавонад ё не? Баръакс, оиладорӣ эҳсоси нотакрор дорад. Беҳудагардӣ намешавад, чунки аллакай бар дӯшат кори хона аст, хушдоману яна (зани ҳевар) интизорат ҳастанд. Ҳаёт ду паҳлӯ дорад ё ту баланд мешавӣ ё ҳамсарат ва аробаи зиндагиро дунафара бояд кашид. Барои ман оилаю фарзанд баръакс, хурсандӣ меоранд...

-Гуфтед, ки дар зиндагӣ бояд яке аз ҳамсарон паст бошаду дигаре баланд. Шояд бо он намуди варзише, ки шумо машғул ҳастед, Шумо баландед ва язна метарсанд?

-(Механдад) Албатта, ман паст ҳастам. Зан ҳазор варзишгар бошад ё ин ки соҳиби мансаби баланд бошад ҳам, зан аст. Ҳанӯз 18 сол доштам, ки оиладор шудам. Маро муҳаббати волидонам, ки ба ҳамдигар хеле меҳрубон буданд, водор месохт, ки мисли онҳо зиндагӣ кунам. Фикр мекунам, ки зиндагии ман аз онҳо дида ширинтар аст ...

-Аз кӯдакии худ чӣ хотираҳо доред?

-Кӯдакии ман бо душворӣ гузаштааст. Мо зиндагии вазнинро аз сар гузаронидем. Хуб дар хотир дорам, ки ҳезуму орд меовардам, барои модарам тайёр мекардаму ба дарс мерафтам. Як дарс хонда, то занги даромад нонҳои пухтаи модарамро ба бозор бурда, ба мактаб меомадам. Агар 5 соат дарс медоштам, панҷ бор бозор мерафтам. Модарам ҷанг мекард, ки мактабатро нағз хон. Бо писарон ба маблағ набард мекардам, чунки рӯзе мешуд, ки нонҳои пухтаи модарам ба савдо намерафт, ҳамон маблағро ба модарам медодам. Ҳарчанд хурди хона будам, вале мисли калони хона хонаводаро нигоҳубин мекардаму мекунам. Вақте мактаб бо “шортик” мерафтам, муаллимон пеш мекарданд, вале намегуфтам, ки надорам... Ман аввал зӯри мактаб будам. Баъд зӯри кӯча шудам. Панҷ мактабро хатм кардаам. Чунки аз сабаби ҷанг бо писарон аз мактаб пеш мекарданд, ба дигар мактаб мерафтам. Аз соли 2005 то 2010 дар Русия зиндагӣ кардаам. Фақат аз модарам дуо мехостам. Кор мекардаму ҳамаи маошамро ба хонаамон мефиристодам. Танҳо барои худам сумкаи варзишӣ ва дастпӯшак мегирифтаму халос .

-Омода будед, ки дар баробари машғул шудан ба варзиш аз уҳдаи кори хона, иҷрои талаботи шавҳар ва хизмат ба пайвандонӣ ӯ мебароед?

-Ҳанӯз дар синфи нуҳ мехондам, вале бехабар аз он будам, ки оилаи шавҳарам маро барои келин гирифтан интихоб кардаанд. Ҳамсарам бо ман дар як толори варзишӣ машқ мекард. Як сол пеш аз оиладор шуданамон мо мисли ҷӯра будем. Баъди ба балоғат расиданамон гуфт, ки ман ҷӯраи ту не, ошнои ту не, балки шавҳаршавандаат ҳастам. Вақте келин шуда, ба хонаашон рафтам, хусуру хушдоманам гуфтанд, ки мо туро келин не, духтар қабул мекунем ва худамон тарбия мекунем. Онҳо ба ман хӯрокпазию нонпазӣ, рӯфтану шустанро омӯхтанд.

-Гуфтед, ки шавҳаратон низ варзишгар аст. Ӯ бо шумо ҳамчун рақиб муносибат мекунад ё мураббӣ?  

-Албатта ӯ на ҳамчун рақиб, балки мураббии ман аст . Ягон бор ҳамчун рақиб бо ҳам муносибат ва ё мусобиқа накардаем. Ӯ ҳамеша болои ман аст. Аниқтараш, ҳама мардон аз занҳо ҳастанд. Агар садҳо ҷоизаи олимпӣ гирам ҳам, ба мард баробар шуда наметавонам. Онҳо ба мо қувваи дигар медиҳанд. Масалан, як сухани хубӣ ӯ, дастгирии равонии ӯ ҳангоми набард аз банди ноумедӣ раҳо мекунад.

-Оё дар зиндагӣ ҳолатҳое ҳам буданд, ки аз кори шумо ҳамчун келин волидони шавҳаратон розӣ набуданд?

-Имрӯз ошкоро мегӯям, ки ҳатто картошкабирёнро аз хонаи шавҳарам омӯхтаам, вале то имрӯз ягон маротиба нагуфтаанд, ки келини мо корро наметавонист. Чунки онҳо медонистанд, ки киро келин мекунанд. Хусуру хушдоманам ҳамеша мегӯянд, ки шавҳари ту аз ту розӣ бошад, мо ҳам аз ту розием. Шояд баъзеҳо ба сару либоси ман эрод гиранд, вале ҳамаи ин бо розигии шавҳараму волидони ӯ аст.

-Дар зиндагӣ ба кӣ пайравӣ мекунед ё идеалатон кист?      

-Падарам. Он мушкилотеро, ки ману вай паси сар кардем, бигзор паси парда монад. Ҳанӯз дар оғози фаъолияти варзишиам бо даст маро нишон дода мегуфтанд, ки духтари ту чаро чунин либос мепӯшад, чаро ҳар рӯз ӯро бо писарҳо ҷанг меандозед, сарашро метарошед, ҳар рӯз медавонед, магар инҳо кори духтаронаанд? Ҳама мегуфтанд, ки ӯ девона аст. Волидонам аз тарафи ҳаққу ҳамсояҳо, хешу табор барои ман шуда, гапҳои пасту баланд мешуниданд. Аз соли 1999 то 2010 онҳо тоқат карданд ва ман ҳам коре карда, номуси волидонамро нигоҳ доштаму бардоштам. Дуои онҳо, ашки чашмони онҳо буд, ки ман имрӯз Мавзуна Чориева шудам...  

-Шояд ҳоло нафаре ҳам шуморо идеали худ дар зиндагӣ медонаду барои мисли шумо шудан талош дорад. Оё бо он мушкилиҳое, ки худатон рӯ ба рӯ омадед ва ҳоло инро тасдиқ мекунед, пайравонатонро дилсард намекунед?

-Не, онҳо бояд донанд. Рӯзҳое буданд, ки бо мо бисёр касон наменишастанд, салом намекарданд, болонишин набудем. Имрӯз варзиш маро ба мартабае расонд, ки чунин одамоне, ки салом намекарданд, аз ҷояшон хеста, дудаста салом мекунанд. Инсон вақте, ки ба касби худ дилбохтагии зиёд дорад, на дардро ҳис мекунаду на шикастро. Савол медоданд, ки чӣ гуна тоқат мекунӣ, ки бачаҳо туро мезананд, мегуфтам ман варзишгарам ва дар варзиш ҳама чизро бояд таҳаммул кард

-Пирӯзиатонро охирин корномаи худ меҳисобед?

-Не, албатта. Барои ман ин оғози кор аст. Ман то ҳол танҳо дар риштаи варзиш худро нишон додам. Акнун бояд дар пешрафти ҷомеа саҳми худро гузорам...

-Ҳамеша дар кор ҳастед, барои тарбияи Асия кай вақт меёбед?

-Онҳое, ки маро намедонанд, фикр мекунанд, ки то ҳол шавҳар накардаам, то ҳол формаи варзишии худро гум накардаам. Аксари рафторам то имрӯз бетағйир аст. Фарзанд нафарест, ки хоҳӣ нахоҳӣ, барояш вақт пайдо мекунӣ. Айни ҳол чор вазифаро иҷро мекунам. Бо вуҷуди ҳамаи ин, боз вақт барои ӯ низ ҷудо кардаам.

-Гуфтед, ки шавҳаратон мураббиатон ҳам буданд. Оё дар кори хона низ дастгириатон мекунад?

-Шавҳарам таомҳои бомаза мепазад. Ӯ аз иҷрои ягон кори занона дар хона низ рӯй наметобад. То ҳол шавҳарам бисёр чизҳоро ба ман нишон медиҳад.

-Дар кадом лаҳзаҳо ашк рехтаед?

-Ашки маро то имрӯз касе надидааст. Ҳатто ҷасади падарамро аз Русия оварданд, гиря накардаам, тобуташро бардоштаму гиря накардам. Дугонаи ман, дӯсти ман, мураббии ман падарам буд, вале аз даст додани он сахттарин рӯз ва ҳолат буд, лекин ашк нарехтаам. Ман танҳо ашки дил дорам...

-Дар муҳорибаҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ шуморо намебинем, сабаб чист?

-Аз кӯдакӣ орзу доштам, чемпиони Осиё шавам, чемпиони ҷаҳон ва бозиҳои олимпӣ шавам. Аллакай ин се ҷоизаро дорам. Барои касоне, ки ба падару модари ман бовар надоштанд, нишон додам, ки тавонистам, бар ивази заҳматҳову бедорхобиҳои онҳо натиҷаи хуб ба даст орам.

-Кушодани мактаби худро дар нақша надоред?         

-Рӯзҳои наздик мактабамро мекушоям ва духтарони аз 10-сола боло қабул карда мешаванд.

-Шавҳаратон рашк намекунад?

-Бе рашк зиндагӣ маънӣ надорад.

-Чанд фарзанддор шуданро дар нақша доред?

-Бисёр. Чунки ман дар оилаи серфарзанд ба дунё омадаам, шояд аз ин хотир бошад.

-Таманниёти шумо ба хонандагон ва ҷавонон

-Ҷавонони мо ҷавононе бошанд, ки номи неки худу волидонро дар ҷомеа гузоранд. Ошиқи телефон набошанд. Талош кунанд, ки бо касби ҳалол зиндагии худро пеш баранд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Бег аз идора фармон медихад 2019-08-07, 10:22
Камтар аку реклама куненша. Харуз дига овоза карда. Мавзунара мошин зад мавзунара гов зад. Шикамдард шид ё гиря намекунаду .....хишка нест хами мавзуна. Дар тули хаёти варзишиаш хамаги 1 нафаро задаасту як медаль дорад. Одами варзишгару чемпион хамихелай ??
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Бег аз идора фармон медихад 2019-08-07, 10:22
Камтар аку реклама куненша. Харуз дига овоза карда. Мавзунара мошин зад мавзунара гов зад. Шикамдард шид ё гиря намекунаду .....хишка нест хами мавзуна. Дар тули хаёти варзишиаш хамаги 1 нафаро задаасту як медаль дорад. Одами варзишгару чемпион хамихелай ??
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД