Sebiston new 2024 october
Ботекс занро ба саратони пӯст гирифтор месозад?
3301


Имӯзҳо аксари занону духтарон ба хотири ҷавону зебою ботароват намудан аз амалиёти ботекс истифода мебаранд. Ботекс сӯзандорӯе мебошад, ки ба зери пӯст гузаронида мешавад. Он мушшакҳро дар муддати муаян беқувват гнардонида, ожангҳои рӯйро нест ва ё ба назар ноаён месозад.


Ботекс чӣ гуна амалиёт аст?
Токсинаи ботулин яке аз пурқувваттарин маҳлули дар шакли микродоза дар моддаҳои косметологӣ вуҷуддошта мебошад, ки метавонад мушшакҳои рӯйро ба тариқи фалаҷшавӣ беқувват гардонида, боиси гум шудани ожангҳои рӯй мегардад.

 

Мӯҳлати ботекс
Муолиҷаи аввалини ҷавонсозӣ бо ёрии ботекс ҳамагӣ 6-7 моҳ таъсир карда, баъди ин ожангҳо дубора намоён мегарданд, аммо рӯҳафтода шудан лозим нест. Муолиҷаҳои такрорӣ натиҷаи беҳтар хоҳанд дод. Пас аз муолиҷаи дуюм ва сеюм ботекс дар мӯҳлати то як сол ожангҳои рӯй, зери манаҳ, мобайни абрувон ва кунҷи лабҳо пайдошударо ба назар ноаён сохта, занро ҷавон, зебо ва ботароват нишон медиҳанд.


Ботекс ба саратон гирифтор месозад?
Дар байни мардум ақидае вуҷуд, ки ботекс занро ба касалии саратон гирифтор месозад. Касе наметавонад ин андешаро сад дар сад инкор ё тасдиқ намояд, аммо ба ҳар сурат эҳтиёт намудан шарт ва зарур аст. Маъмулан, баъди ботекс дар ҷое, ки сӯзандорӯ гузаронида шудааст, хунравӣ ба вуҷуд омада, он мавзеъ каме варам мекунад, аммо ин нишонаҳо 3-4 рӯз пас нопадид мегарданд.


Духтарҳои ҷавон, ботекс накунед!
Ботекс танҳо ба одамони синну солашон аз 35 боло тавсия дода мешавад. Ба занҳои синнашон аз 60 гузашта ин амалиётро тавсия намедиҳем, зеро моддаҳои дар таркиби ин сӯзандорӯ вуҷуд дошта метавонанд боиси халалдор гаштани кори мушакҳои рӯй ва ҳазми кислотаи гиалурон гарданд.


Нафаре, ки хонаи худро дар коми оташ хоб мебинад, дучори бадбахтӣ мегардад

 


Ногуфта намонад, ки дар баъзе ҳолатҳо ботекс боиси халалдор гаштани нафаскашии пӯст мегардад. Дар натиҷа баъди чанд муддат зан дар пӯсти худ дигаргуниҳои нохушро эҳсос намуда, нрозигӣ баён мекунад.


Кӯдаки ширмак доред?
Ботекс ба занҳои ҳомиладор ва модарони кӯдаки ширмак дошта тавсия дода намешавад. Ҳамчунин бонувоне, ки бемориҳои вазнинро аз сар гузаронидаанд, набояд ботекс кунанд. Хонумҳои пӯсташон аллергия-ҳасосият дошта низ бояд аз гузанронидани ин амалиёт худдорӣ намоянд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД