formula
Фолбинӣ аз рӯйи холҳои рӯй
8982

 

Солҳои пеш холҳои рӯю баданро туҳфаи парвардигор шумурда аз рӯйи ҷойгиршавӣ, андоза ва ранги хол оқилон саломатӣ ва тақдири инсонро пешгӯӣ мекарданд. Агар донистан хоҳед, ки хол дар бораи соҳибаш чиҳо мегӯяд, мутаваҷҷеҳ бошед.

Холи пешонӣ
Холи дар мобайни пешонӣ буда ба меҳнатдӯст будани соҳибаш ишора мекунад. Ин тоифаи одамон дар оиладорӣ хушбахт мешаванд.
Хол дар қисмати рости пешонӣ ё чаккаи сари одам бошад, меҳнатдӯст, муҳаббатҷӯ ва хушбахту батолеъ аст. Холи тарафи чапи пешонӣ низ чунин хосият дорад, вале соҳибаш бояд барои ба муваффақиятҳо ноил шудан кӯшиши зиёдеро ба харҷ диҳад.

Холи абрӯ
Хол дар боло ё поёни абрӯ нишонаи дилхуш, фаъол, ҷасур ва якрав будани одам аст. Чунин инсонро боигариву комёбӣ дар ҷодаи ишқу кор насиб мегардад. Касе, ки дар абрӯяш хол дорад, ҳамсафари хуби ҳаётӣ ёфта зиндагиаш ширин мегузарад. Афроде, ки дар абрӯи чапашон хол доранд, танбалу асабӣ, буздилу сустирода, дӯстдори машрубот буда ба шаҳват хеле кам майл доранд.

Холи чашм
Хол дар кунҷи чашмон ба ростқавлӣ, поквиҷдонӣ ва мардонагӣ далолат менамояд. Хол дар чашм ҳамчунин гувоҳи ташнаи ишқварзӣ будани инсон аст. Марги маҷбурӣ ва зиндагии пур аз пастиву баландиҳо чунин афродро гоҳе думболагир мешавад.


ДАВОИ ТАБХОЛ ЧИСТ?


 

Холи бинӣ
Хол дар бинӣ ба оташинӣ, боҳарорат будан ва ба саргузаштҳои пуршӯри ошиқона майл доштани инсон далолат менамояд. Одами дар биниаш хол дошта дӯсти беҳтарин аст, вале зуд-зуд гирифтори оташи сӯзони рашк мегардад. Муваффақият ва никоҳи бобарор чунин афродро интизор аст.

Холи рухсора
Хол дар нимаи чап ё рости рухсора аз меҳнатдӯстиву некхоҳии одам шаҳодат медиҳад. Шахсе, ки дар рухсорааш хол дорад, соҳиби қаду қомати зебо ва ҷисман пурзӯр мешавад. Кӯдаки дар рухсорааш холдошта аз волидонаш доротар мешавад.

Холи гӯш
Холи ҳарду гӯш аз боигарӣ дарак медиҳад. Хол дар нармаки гӯш бошад, соҳибаш бояд аз дарёву кӯлу баҳр дурӣ ҷӯяд.

Холи лаб
Хол дар лаб нишонаи нозукдил будани одам аст. Касе, ки дар лабаш хол дорад, бояд тамоми умр ба саломатиаш диққат дода, парҳезро риоя намояд.

Холи зерманаҳ
Хол дар ин ҷойи рӯй аз оромиву меҳрубонии инсон дарак медиҳад. Одами дар зермаҳанаш хол дошта шахси ниҳоят меҳрубону дилкаш аст. Одатан соҳибони чунин хол саёҳат карданро дӯст медоранд. Холи зерманаҳ ба он ишорат менамояд, ки соҳибаш ба ҳар коре, ки даст занад, муваффақ мегардад. Дар ҳаёт чунин одам шарики боэътимод аст.

Хол дар гардан
Хол дар қисми пеши гардан бошад, хуб аст, вале хол дар қафои гардан аз бадбахтӣ дарак медиҳад. Хол дар як тарафи гардан бошад, бо мурури вақт ин шахс ниҳоят хӯрдагиру дурӯғгӯ мешавад.


7-ҒИЗОЕ, КИ МӮЙРО ДАРОЗ МЕКУНАД


 

Холи китф
Хол дар китфи чапи нафаре мешавад, ки баҳсу мунозираро дӯст медорад. Ҳаёташ якрангу бемаънӣ мегузарад, вале кӯдаконаш зиёд мешаванд. Умуман дар корҳои чунин инсон муваффақият хеле кам дида мешавад.
Хол дар китфи рост аз он далолат медиҳад, ки соҳибаш одами хирадманд, эҳтиёткор ва дурандешу оқил аст. Касе, ки дар китфи росташ хол дорад, меҳнатдӯст буда, парвои ишқбозӣ надорад. Дар ҳама ҳолат шарики хуб аст.

Холи даст
Хол дар даст аз иродаи қавӣ, дилкушодӣ, бовафоӣ ва шукуфоии инсон дарак медиҳад. Хол дар дасти мард карераи бомуваффақияташро пешгӯӣ мекунад. Хол дар устухони даст бошад ба боигарӣ, меҳнатдӯстӣ, боғайратӣ ишора менамояд. Холи ангушт фоли бад аст ва аз дузд будану ҳеҷ гоҳ соҳиби боигарӣ нашудани соҳибаш паём медиҳад.

Холи қафаси сина
Хол дар қисмати рости қафаси сина ба он далолат мекунад, ки соҳибаш ба машруботу ишқварзӣ майли зиёд дорад. Одатан чунин одам ба зарбаҳои ногаҳонии тақдир гирифтор мешавад, бинобар ин, касоне, ки дар қафаси синаашон хол доранд, бояд аз хиёнати дӯстон эҳтиёт шаванд.
Хол дар қисми чапи қафаси сина ба меҳнатдӯстӣ ва хулқу хӯи хирадмандона доштани инсон ишорат менамояд.

Холи зону
Ҷойгиршавии хол дар зонуи чап аз бадхашмӣ, исрофкорӣ, коргурезӣ ва беқавлии инсон дарак медиҳад. Хол дар зонуи рост бошад, баръакс аз ростқавливу меҳрубонӣ ва дар муҳаббат комёб гаштану дӯстони зиёди хуб доштани инсон далолат менамояд.

Холи пой
Одаме, ки дар пояш хол дорад бо шахси сарватманде издивоҷ менамояд, вале хушбахтӣ хеле кам насибаш мегардад.
Дар охир қайд кардан зурар аст, ки шаклу ғафсии хол аҳамияти муҳим дорад. Бо мурури солҳо холҳои нав пайдо мешаванд, зеро хислату хӯйи инсон тағйир меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
MUSLIHIDDN 2023-09-08, 23:07
Холи таҳикаш/ чиро ифода мекунад?!?!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
MUSLIHIDDN 2023-09-08, 23:07
Холи таҳикаш/ чиро ифода мекунад?!?!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД