33 сири зебоӣ барои бонувон
1. Барои он ки чинҳои рӯятон ҳамвор шавад, ба пӯсти рӯйи худ асал молед.
2. Қабл аз хоб молидани равғани беданҷир (касторовое масло) муфид аст.
3. Ҳангоми рехтани мӯй ба пӯсти сар гиёҳоби аз мушхор (лопух) омодашударо молед.
4. Боқимондаи лимӯи ҷабидашударо ба пӯсти дасту ангуштон молед.
5. Ҳангоми шахшӯл гаштани пӯсти даст ба мавзеи дағалгаштаи пӯст оҳар (крахмал) молед.
6. Ба ҳайси упо (пудра) каме оҳарро истифода бурдан мумкин аст.
7. Барои рафъ намудани равғаннокии мӯй ҳамарӯза ё як рӯз пас ба пӯсти сар чойи сиёҳ молед.
8. Кафки болои қаҳваро барои бадан ба ҳайси пилинг истифода бурдан муфид аст.
9. Шарбати навҷабидаи меваи ангат (облепиха) пӯсти хушкро хеле хуб нарм мекунонад (1-1,5 қошуқ).
10. Агар мӯятонро ранги сурх кардан хоҳед, ҳангоми молидани ҳино ба даруни он 3-4 қошуқ какао илова кунед.
11. Ҳангоми калшавӣ ҳамарӯза ба пӯсти сар равғани жожоба молидан лозим аст.
12. Гиёҳоби гулҳои ангури сагак (бузина) пӯстро сафед, нарм ва ботароват месозад.
13. Барои нарм кунонидани пӯсти хушку ҳассос ҳар шаб ба пӯсти рӯй равғани жожобаро бо каме об омехта намуда, молидан лозим аст
14. Ҳангоми сиёҳ шудани нохунҳо ҳамарӯза ним соат қабл аз истеъмоли хӯрок як қошуқ оби бодиринги очонидашуда нӯшидан лозим аст.
15. Барои ботароват шудани ранги рӯй асалу намакро якҷоя карда, молидан лозим аст.
16. Саҳару бегоҳ ба рӯятон чойи аз оби минералӣ ва як пора қанди сафед омодашударо молед.
17. Мунтазам нӯшидани пудиначой пӯстро тароват мебахшад.
18. Ба абрӯву миҷгонҳо равғани беданҷир (касторовое) молед.
19. Барои нағзакак тоза кардани пӯсти рӯй зардии як дона тухм ва шарбати лимӯро истифода баред.
20. Барои нарм кунонидани пӯсти даст миқдори баробари сирко ва равғани растаниро якчоя карда, молидан лозим аст.
21. Қабл аз хоб ба пӯсти рӯй ва дастон миқдори баробари равғани зайтун ва шарбати лимӯро омехта карда, молидан лозим аст.
22. Барои табобати наракҳои рӯй як дона себро аз турбтарош гузаронида, бо каме асал аралаш кунеду ба рӯй молед.
23. Ҳангоми ҳомиладорӣ барои он ки пӯсти шикаматон надарад, ба шиками худ равғани какао молидан лозим аст.
24. Шарбати тару тозаи каланхоэро бо об (1:3) якҷоя карда, барои рафъи аллергияи пӯст истифода бурдан мумкин аст.
25. Барои мустаҳкам шудани решаи мӯй марҷумак (гречка)-и хуб пухташударо молидан лозим аст.
26. Барои мӯйҳои тунук зардии як дона тухмро бо як қошуқ равғани растанӣ омехта намуда, молидан лозим аст.
27. Барои мустаҳкам сохтани решаи мӯй баъди ҳар дафъаи саршӯӣ ба пӯсти сар гиёҳоби аз газна омодашударо (1 қошуқ газнаи хушкро дар 200 г оби ҷӯшомада дам партоед) молидан лозим аст.
28. Маҳси рӯй бо истифода аз қошуқҳои нуқрагин таъсири муъҷизаофар доранд. Қошуқҳои нуқрагинро дар гиёҳобҳои ҳарорати гарму сард тар карда, баъдан тавассути хатҳои махсуси маҳсӣ ба рӯй кӯфтан лозим аст.