Alif Intiqol
6-ЛИБОСИ БЕҲТАРИНИ ТИРАМОҲӢ
673

 

Фасли тирамоҳи заррин низ фаро расид. Азбаски Тоҷикистони мо кишвари офтобӣ аст, ҳатто дар фасли тирамоҳ низ ҳаво ҳанӯз гарм аст, вале субҳу шом хеле салқин ва ҳатто хунук мешавад. Аз ҳамин сабаб аксарият дар мавсими тирамоҳ чӣ пӯшиданашонро намедонанд. Имрӯз мо ба шумо дар бораи 6 намуд либоси беҳтарини тирамоҳӣ маълумот медиҳем.

Куртаи сафед

Ин навъи куртаро ҳам мардон ва ҳам бонувон бо дили пур истифода бурда метавонанд. Беҳтар аст, ки курта на кӯтоҳ бошад ва на аз ҳад дароз. Куртаи сафедро барои анҷоми корҳои ғайрирасмӣ бо шими ҷинс, дар коргоҳ бо пешдомон ё шими классикӣ пушидан мумкин аст.

Ҷинс

Ба бар кардани шим ва дигар намудҳои либос, ки аз матои ҷинс омода шудааст, дар фасли тирамоҳ ба мавсим мутбиқ ва барои саломатӣ муфид аст. Аслан ҷинсҳои дар шакли универсалӣ-ба таври рост ва васеъ дӯхташударо дар “мӯд” ҳастанд, вале шумо метавонед мувофиқи табъ ва завқи худ аз матоъи ҷинс либос дӯзонед.

Майкаҳои васеъ

Майка аз зумраи либосҳои серистифода маҳсуб меёбад. Майкаро дар ҳама гуна мавсим пӯшида мешавад, вале ранги ба фасли сол мувофиқ бошад, беҳтар аст. Дар тирамоҳ майкаҳои камороиш ва бидуни навиштаҷонро интихоб намоед. Майкаи сафед, сиёҳ ё хокистариро шумо бо дилхоҳ либос пӯшида метавонед.

Рӯйпӯши оверсайзӣ

Мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки барои тирамоҳи соли 2021 ҳамаи рӯйпушҳои худро ба бадан часпида, яъъне танг интихоб нанамоед. Намуди нави либос, ки имсл мӯд шуда, оверсайз ном дорад, барои ҳама синну сол, сарфи назар аз ранги пӯст ва чашму арбувон тавсия дода мешавад.Айни ҳол матои хатдору хоначаноманандаш бештар дар мӯд мебошад.

Шимҳои классикӣ

Шимҳои класикӣ беҳтарин либос ба шумор мераванд, зеро шумо метавонед шими классикро ҳам дар кор ва ҳам дар маъракаҳои ҷиддӣ бипӯшед. Шими классикӣ бо куртаи сафед бештар мувофиқ буда, бисёр шинам ва зебо менамояд. Ин навъи шимро ҳам одамони фарбеҳ ва ҳам мӯрчамиёнҳо бе малол пӯшида метавонанд. Фақат як нозукиро ба назар бигиред, ки шими класскиро бо пойафзоли варзишӣ пӯшида намешавад.

Кардиган

Кардиган яке аз рӯйпӯшҳои асосии фасли тирамоҳ маҳсуб меёбад. Ҳар сол намудҳои мухталифи кардиган аз матоъҳои гуногун ба харидорон пешкаш карда мешаванд. Тарроҳони либос дар кишвари мо кардиганҳои аз атласу адрас дӯхташударо низ дар мавсими баҳор ва тирамоҳ ба бонувон пешниҳод менамоянд. Истифода бурдани кардиган новобаста аз тарзи либосспушӣ тавсия дода мешавад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД