Arzon march 2024
Холиса: Модарам маро ба мардҳои афғон фурӯхт (Қисми 2)
31713

Номам Холиса, фоҳишаам! Макони зистам шаҳри Душанбе. Мехоҳам саргузаштамро «подробно» нақл кунам, то мардум фаҳманд, ки маро кӣ ва чӣ маҷбур сохт, то ба роҳи ҳаром равам.
(Давомаш.)
Рӯямро бо нафрат аз модарам гардонда, аз аласму дард сарамро дар таги болишт пиндон кардам. Ҳамин вақт ба телефони модарам занг омад ва ӯ аз сари болини ман бархоста ба балкон баромад.
Дар пӯшида бошад ҳам, ман садои модарамро баръало мешунидам. Аз афташ одами занг задагӣ ҳамон афғон буд, ки модарам бо ғазаб таҳдидкунон гуфт:
-Худо гӯй, ки ба духтарам ягон чиз нашавад, набошад ман хоки туро бехта, дар пушти панҷара ҷоят мекунам...
Ҳамсуҳбаташ дар ҷавоб чизе гуфт, эҳтимол барои як шаб ҳазор доллар доданашро ба рӯйи модарам кашид, вале модарам пас наомада гуфт:
-Ман ба ту иҷозат надодам, ки духтарамро мисли ҳайвон истифода бурда, шаб то сахар азоб диҳӣ. Дониста бош, ки ман дар ватани худам ҳастам ва ба ман бештар бовар мекунанд. Лозим шавад, туҳматро ба поят печонда мегӯям, ки ту шабона ба хонаи ман даромада, зӯран ба номуси духтарам таҷовуз кардӣ...
Намедонам марди афғон ба модарам боз чӣ қадари дигар пул ваъда кард, ки баъди чанд лаҳзаи суҳбат ӯ ором шуда, бо мулоиматӣ бо он буққа хайрухуш намуд ва телефонро хомӯш кард...
Ишқи пул
Муддати як ҳафта аз ҷоям хеста наметавонистам. Модарам дар гирди ман парвона буд ва чизе, ки хоҳам, хушомадгӯён дарҳол онро аз таги замин бошад ҳам, муҳайё мекард, то ки ба ягон ҷо шикоят накунам. Ҳолам оҳиста+-оҳиста рӯ ба беҳбудӣ ниҳод, вале...
Пас аз ду ҳафтаи он шоми тақдирсӯз ба ҷону ҳолам намонда, модарам маро ҳамроҳи худ ба як шабнишинӣ бурд. Марду занҳои айшпарасти зиёде ҷамъ шуда, мастона базму бозӣ доштанд. Ману модарам низ ба базми онҳо шарик шудем. Шиносҳои модарам бо зорию тавалло ба ман шампон дароз карданд. Намедонам дар қадаҳ чӣ андохта буданд, ки баъди нӯшиданаш худро тамоман гум кардам...
Умеди зиндагӣ
Вақте ки ба худ омадам, аллакай субҳ дамида буд. Ҷавонмарди зебое, ки дар барам мехобид, маро бо меҳр бӯсида гуфт:
-Субҳ ба хайр, шоҳдухтар!
Бо дидани табассуми ширини ин ҷавонмарди қошпайванд дилам якбора гум зада рафт...
Ҳамин тавр туфайли ҳамон шабнишинӣ ману Ҷаҳонгир бо ҳам шинос шудем. Оғӯши марди афғон нафрати маро оварда бошад, дидори Ҷаҳонгир дили аз зиндагӣ ях гаштаамро дубора ба ҳаёт гарм карда, маро ошиқ кард. Ошиқи зор!
Исёни модар
Ҷаҳонгир чизеро аз ман пинҳон надошта гуфт, ки зану фарзанд дорад, вале тайёр аст, ки маро зани дуюм карда гирад. Медонистам, ки мани доманбохтаро дигар ягон бачаи хона ба занӣ намегирад, аз он ки ин мард тайёр аст ба ман нимаи бахтро ҳадя намояд, шод гашта, розигӣ додам. Мехостам поку ҳалол зиндагӣ карда, соҳиби фарзанд ва хонаю дар гардам, аммо модарам хостгории Ҷаҳонгирро қабул накарда, садди роҳи ишқи мо гашт. Эҳсос мекардам, ки зан доштани Ҷаҳонгир танҳо баҳона аст, дар асл модарам намехост сарчашмаи даромадашро аз даст диҳад...
Ҳамболи орзу
Ман маҷбур будам аз модарам пинҳонӣ бо Ҷаҳонгир мулоқот кунам. Бо баҳонаи ба хонаи дугонаам рафтан аз хона мебаромадаму ҳамроҳи ошиқам ба Варзоб, Ромит ва дигар ҷойҳои зебо тамошо мерафтам. Ҷаҳонгир аз ман чизеро дареғ намедошт, пулу мол, зару зевар, меҳру муҳаббат. Вай қариб ҳар рӯз ба ман туҳфаҳои зебо тақдим намуда, хоҳиш мекард, ки бо ягон кас ҳамхоба нашавам. Мо бо ҳазорон орзую умед нақша мекашидем, ки дар як гӯшаи шаҳр хона харида, зиндагии поку ҳалол бунёд менамоем, аммо...
Доми ҳила
Як шом модарам хоҳиш кард, ки ҳамроҳаш ба шабнишинӣ равам, вале ман розӣ нашуда гуфтам, ки поямро аз дар ба берун намемонам, рафтанӣ бошад, худаш рафтан гирад. Вай хеле кӯшиш кард, ки маро ба гап дарорад, вале сар нафаровардам. Модарам чун дид, ки маро ба гап дароварда наметавонад, либосҳояшро пӯшида сару соз кард ва “Ман дер меоям, дарро маҳкам карда хоб рав” гӯён, баромада рафт. Дар дил хурсанд шудам, ки танҳо монда, то нисфи шаб бо Ҷаҳонгир чақ-чақ мекунам, аммо...
Боз як шаби кулфатбор
Қариб то соатҳои 12-и шаб бо Ҷаҳонгир телефонӣ суҳбат кардам, баъд сару рӯямро шуста ба бистари хобам даромадам. Нав ғанабам бурда буд, ки садои тақ-тақи дар баромад. Дарро кушода модарамро бо ду меҳмони нохонда дидам.
-Шинос шав духтарам, инҳо дӯстони нави ман аз Афғонистон! Бисёр тоҷирони номдор ҳастанд,-меҳмононро шинос кард модарам.
Аз дил гузарондам, ки модарам пир шуда, торафт девонатар шуда истодааст ва базӯр ба меҳмонҳои нохонда салом дода, ба хонаи хоби худам даромадаму дарро аз дарун маҳкам кардам. Нав ғанабам бурда буд, ки дасте ба баданам расид. Аз хоб тарсида бедор шудам ва худро дар оғӯши яке аз он мардҳои афғон дида, фарёд задам:
-Ба ман даст нарасон, набошад ҳозир милисаро ҷеғ мезанам!
-Модарат ҳаққи хизмататро гирифтааст, чӣ ин қадар ноз мекунӣ?! Хоҳӣ нахоҳӣ, имшаб ту моли ман ҳастӣ, хоҳ ба зӯрӣ бошад, хоҳ ба зар ман коми диламро аз ту меситонам,-инро гуфта марди афғон боз ба ман часпид. Дидам, ки зӯрам ба ӯ намерасад, бо тамоми овоз фарёд зада ба ёрӣ хондам. Ин дам аз паси тиреза садои модарам баланд шуд:
-Холисаҷон, ин мардак пули қарзи бонки маро дод, илтимос, гапамро нашикаста ҳамин шаб ҳамроҳаш бош, дигар туро ба ин кор маҷбур намекунам...
(Идомаи саргузашти талхи Холисаро пагоҳ, соати 14.00 дар сомонаи мо интизор бошед!)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД