Formula novemver 2024
Устухон ва дег дар хоб фоли нек нест!
7988

Тоҷ

Тоҷ дар хоб илму дониш аст. Агар зане дар сари худ тоҷ хоб бинад, завҷаи нафари сарватманду баобрӯ мешавад, рафту зани чунин хобдида ҳомила бошад, писар таваллуд мекунад.

Тоҷ хоб дидани мард ба шарте таъбири нек дорад, ки тоҷ аз тилло набошад. Маҳбус агар тоҷ хоб бинад, ба зудӣ аз маҳбас озод шуда, корҳояш рӯ ба беҳбудӣ меоранд.

Калхот

Калхот (чӯҷабарак) дар хоб ба маънои дуздоне аст, ки бо роҳзанӣ машғул мегарданд ва бо нафароне, ки нисбаташон хубиву меҳрубонӣ мекунанд, фиребу найрангро ба кор мебаранд.

Устухон

Устухон дар хоб ба маънои корҳои бузург ё нерӯи ҷисмонӣ меояд ё аз беҳтар гаштани муносибатҳои оилавӣ дарак медиҳад. Рафту устухон дар хоб шиканад, шахси чунин хобдида бемор бошад, вафот мекунад, солим бошад, бемор мегардад.

Паҳлӯдарӣ

Паҳлӯдарӣ дар хоб ба маънои фарзанд аст. Рафту нафаре хоб бинад, ки ҳар ду паҳлӯдариҳояш афтидаанд, агар соҳиби ду духтар бошад, ҳар дуяш вафот мекунанд. Агар духтарони зиёдтар дошта бошад, онҳоро ба шавҳар медиҳад. Пӯшида шудани дар дар хоби мард маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида аз зани худ ҷудо мешавад. Рафту нафаре дари пӯшидаи хонаеро, ки барояш шинос аст, дар хобаш боз намояд, ин мард издивоҷ мекунад, рафту хона барояш шинос набошад, дуояш ба даргоҳи Худованд мерасад.

Гурбаи нар

Гурба дар хоб ба маънои китоб меояд. Дар баъзе ҳолатҳо гурба ба маънои дағалӣ ва дилсардӣ аз ҷониби завҷа, фарзандон, рақибон, дуздӣ ва ба ваъда вафо накардан аст. Баъзеҳо гурбаро нишонаи бехатарӣ дар хона мешуморанд. Рафту дар хоб гурба шуморо нохун занад ё газад, хобатон маънои онро дорад, ки шумо қурбони фиреби ҳамкоратон мешавед ё бемор мегардед.

Дег, дегча

Дег дар хоб ба маънои олим аст, нафаре, ки дар хобаш дар дег ягон чиз мепазад, соҳиби дороии зиёде мегардад. Хоб дидани гӯшт ва шӯрбо дар дег ин пули ҳалол ба даст овардашуда, инчунин сухан ва муноқиша аст.

Ҳамён

Ҳамёни пур аз пул дар хоб нишонаи комёбӣ, сарватмандӣ аст, ҳамёни холӣ нишонаи қашшоқиву бенавоӣ ва санҷишу имтиҳон аст.

Гурбаи мода

Гурбаи мода дар хоб хизматгор аст ва таъбири дигари гурбаи мода дар хоб ин дузд аз ҷумлаи пайвандон аст. Баъзеҳо бар онанд, ки гурбаи хонагиро хоб дидан нишонаи хушҳолӣ, оромӣ ва истироҳат дар соли оянда аст. Гурбаи ваҳшӣ дар хоб нишонаи бебарорӣ ва хастагӣ аст.

Ранг

Рангкунӣ дар хоб нишонаи кунҷковӣ аст. Риши худро дар хоб ҳино молидан нишонаи хушахлоқӣ ва риоя намудани суннатҳои дини ислом аст. Рафту нафаре дар хоб панҷаи дасти худро рангмолида бубинад, беҳбудӣ ба даст оварда, дар зиндагӣ муваффақ мегардад. Рафту зан хоб бинад, ки ба дастонаш ҳино молида шудааст, пас аз шавҳари худ некӣ мебинад. Мӯйи сари худро сиёҳ кардан дар хоб нишонаи пеш омадани мушкилиҳо аст.

Қалъа

Қалъа дар хоб ба дониши динӣ ишора мекунад. Нафаре, ки дар хобаш қалъа месозад, аз душманон амон меёбад ё дороии худро аз бадбахтӣ ва муфлисшавӣ ҳифз мекунад. Ҳамзамон қалъа дар хоб маънои аз ташвишу ғам раҳо шудан ва хушнудиву аз гуноҳ даст кашиданро дорад. Дар хоб вориди қалъа гаштан нишонаи бештар худотарсу тақводор гаштан аст. Худро дар дохили қалъа хоб дидан маънои комёбӣ ва тақводориро дорад. Қалъа дар хоб аз мушкилиҳо раҳо шудан ва ба комёбӣ ноил шудан аст. Аз дур қалъаро хоб дидан маънои бо коре машғул шуданро дорад, ки ба комёбӣ ноил мегардонад. Қалъаро шикастану вайрон кардан дар хоб нишонаи шахси бадахлоқ шудан ё марги завҷаи худро аз сар гузаронидан аст. Сохтани қалъа дар хоб пулҳое ҳастанд, ки бо роҳи ҳаром ба даст оварда шудаанд.

Салиб

Салиб дар хоб нишонаи бадбахтӣ ва бадӣ аст.

Каҷӣ

Нафаре, ки худро бе як чашм хоб мебинад, ними дороӣ ва имонаш кам мегардад ё ба гуноҳи азим даст мезанад.

Фиғон

Дар хоб фиғон кашидан нишонаи заифшавӣ ва аз даст додани қувват аст. Нафаре, ки дар хоб фиғон мешунавад, ба ҳар чизи шунидааш бояд бовар кунад.

Кат, рахти хоб

Рахти хобро хоб дидан ба маънои завҷа аст. Духтар рахти хобро хоб бубинад, ба наздикӣ ба шавҳар мебарояд. Худро дар ҷойгаҳ хобида хоб дидан, маънои баргардонидани чизи аз даст додаро дорад. Марде, ки бистари худро дар хоб мефурӯшад, аз завҷаи худ ҷудо мешавад, рафту занаш бемор бошад, чунин хоб маънои фавтидани занро дорад. Бистар хоб дидан маънои хизматгор ва истироҳатро дорад. Нармии бистар дар хоб нишонаи зани итоаткор асту паҳмии бистар аз хислати хуби зан дарак медиҳад. Рафту бистар дар хоб нав бошад, зани мард зебо мешавад, рафту бистар дарида бошад, пас зани марде, ки чунин хоб дидааст, гунаҳкор асту имон надорад. Марде, ки бистари худро хубтар ва андозаашро фарохтар хоб мебинад, таъбири хоби ӯ ба завҷааш дахл дорад. Рафту мард дар назди бистари худ боз як бистар хоб бубинад, зани дуюм мегирад.

Хунравӣ аз бинӣ

Хунравӣ аз бинӣ нишонаи ташвишу ғам ва бадбахтӣ аст. Рафту хуни бинӣ бе танаффус ва борик мерехта бошад, ин маънои даромади мунтазами пулиро дорад.

Хун

Хун дар хоб пули беинсофона ва бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардашуда аст. Нафаре, ки дар куртаи худ хун хоб мебинаду аз куҷо пайдо шудани доғи хунро намедонад, аз ҷое туҳматаш мекунанд, ки намедонаду интизораш нест. Дар хоб либоси худро хунолуда кардан маънои пули ҳаром ба даст оварданро дорад. Хунравии худро хоб дидану инро нишонаи нек шуморидан маънои онро дорад, ки аз нафари сарватманде фоида ба даст меоред. Рафту хунравии худро нишонаи бад шуморед, чунин хоб маънои онро дорад, ки сараввал аз нафаре фоида ба даст меоред, вале баъдан он бар зарари шумо мегардад. Рафту дар хоб либос хунолуда бошад, пас шахси чунин хобдидаро аз ҷое пеш мекунанд, ки дар он ҷо мустаҳкам гаштаву маскун гаштааст. Баъзе олимони таъбиргар бар онанд, ки хун хоб дидан маънои дар кори шубҳаноку пургуноҳе шарик буданро дорад.

Тимсоҳ

Тимсоҳ дар хоб душман аст. Рафту тимсоҳ хоб бинед, дар бедорӣ бо савдогар ё корманди давлатие ҳамсуҳбат мешавед, ки хеле дурӯғгӯ аст. Тимсоҳро дар хоб куштан маънои онро дорад, ки дар оянда аз мушкилиҳои калоне мегурезед. Агар тимсоҳ шуморо ба даруни об кашида барад, эҳтимол шуморо пулис дастгир мекунад.

Калламуш

Калламуш дар хоб ишора ба кисабуре аст, ки эҳтиёт шуданатон лозим меояд.

Бом

Бом дар хоб рамзи бурдборӣ, хушбахтии оилавӣ ва шукуфоӣ аст.

Кӯза

Дар хоб аз кӯза об нӯшидан маънои тавлиди тифлро дорад. Нафари дигареро ҳангоми аз кӯза об нӯшидан хоб бинед, маънои онро дорад, ки шахси аз кӯза обменӯшида хеле заҳматдӯст аст.

Оҳангар

Оҳангар дар хоб нафаре аст, ки иродаи мустаҳкам дорад. Баъзе олимони таъбиргари хоб бар онанд, ки оҳангар дар хоб маънои ба даст овардани молу мулки зиёдро дорад. Баъзеҳо бар онанд, ки оҳангар дар хоб нишонаи сар задании ҷанг аст, зеро аксарияти яроқу аслиҳа аз оҳан сохта мешаванд. Ҳамзамон хоб дидани оҳангар шаҳодат аз рафтори ношоиста аст, зеро оҳангар бо оташ кор мекунаду оташ рамзи шайтон аст.

Ҷуворимакка

Ҷуворимакка дар хоб дороии бе сифат аст.

Кунҷид

Кунҷид дар хоб пули ҳалол ба даст овардашуда аст.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД