arzon replenishment
Сӯзан хоб бинӣ, бой мешавӣ?
6319


Сӯзан
Хоб дидани сӯзани риштадор маънидодкунандаи он аст, ки корҳои барҳамхӯрдаатон аз нав барқарор мегардад. Агар дар хоб сӯзане, ки бо он дӯзандагӣ мекунед, шикаста аз даст афтад, нақшаву корҳоятон низ халалдор гашта, анҷоми нек намеёбанд. Ҳамзамон сӯзан дар хоб завҷа аст ва марде, ки дар хобаш ба сӯзан ришта гузаронад, завҷааш итоаткор мешавад.

Бозӣ
Дар хоб бозӣ кардан нишонаи худфиребӣ ва дурӯғ, масхара ва таҳқир аст. Ҳамзамон бозӣ дар хоб аз расму таомули диниро пурра ба анҷом нарасонидан далолат медиҳад. Қиморбозӣ дар хоб нишонаи бадбахтӣ ва ҷазо асту аз пайдо кардани душман ва муноқиша бо дӯстон далолат медиҳад.

Бут, санам
Дар хоб ба бути тиллоӣ саҷда кардан маънои дар миёни нафарони гунаҳкор ва ашхосе, ки бо рафтори нораво ғазаби Худовандро овардаанд, қарор доштан аст. Нафаре, ки чунин хоб мебинад, вазъи молиявиаш хароб мегардад. Ба бути нуқрагин саҷда кардан бошад, маънои онро дорад, ки рӯзҳои наздик гирифтори хиёнат, бевафоии шахси дӯстдошта, шавҳар ё зан мегардед. Ба бути дигар ё бути чӯбин саҷда кардан ба хотири нафари мунофиқе аз дини худ рӯ тофтан аст. Рафту дар хоб бутро дида, ба он саҷда накунед, ба сафари роҳи дур мебароед ё боигарӣ насибатон мегардад. Дар хоб ба оташ саҷда кардан маънидодкунандаи он аст, ки шахси чунин хобдида ба шайтон саҷда мекунад (яъне, фармудаҳои ӯро иҷро карда, даст ба гуноҳ мезанад) ва гирифтори хашму ғазаб мегардад. Ба дарахту ба ситора саҷда кардан аз заиф гаштани имон шаҳодат медиҳад.

Задану кӯфтан
Бо тозиёна ва қамчин зарба задан дар хоб маънои сухани қабеҳ асту зарбаи шамшер нишонаи ғолибият бар душманро дорад. Нафаре, ки ба замин зарба мезанад, ба сафар мебарояд. Бо санг нафареро задан аз гуноҳ тоза шудан аст, вале санги ба пушти нафаре задашуда маънои шармандагӣ ва бадномӣ аст. Торсакӣ ба рухсора шаҳодати он аст, ки шумо қурбони туҳмати разилона мегардед. Агар дар хоб аз шахси фавтида шаппотӣ хуред, дороии аз даст додаро бармегардонед. Рафту дар хобатон худро мурда бинеду нафаре шуморо мезада бошад, имонатон қавӣ аст.

Бахшиш пурсидан
Агар шумо дар хоб аз нафаре бахшиш мепурсида бошед, дӯсти худро аз даст медиҳед.


Чашмонаш ба фарқи сараш фурӯ рафта одами дидагӣ ӯро намешинохт. Аз ҳусни зебояш танҳо ҳамон кокулони марғуладор монда буданду халос.


Бадарға
Нафаре, ки дар хоб шахси худотарсу тақводорро бадарға мекарда бошад, аз нафароне, ки расму оини динро риоя менамоянд, рӯ мегардонад.

Мавиз
Мавиз дар хоб насибаи хуб аз Худованд аст.

Ҳиққак
Ҳиққак дар хоб далолат аз бемории вазнин ё ғазабу сухани қабеҳ аст.

Ном
Агар номи инсон дар хоб тағйир ёбад, башорати нек аст.
Маъюб
Нафаре, ки дар хобаш шахси маъюбро мебинад, аз ҷониби наздиконаш вафодорӣ мебинад ва ӯро пирии босаодат интизор аст.

Анҷир
Анҷир дар хоб боигарӣ, серҳосилӣ ва ҳаёти серу пур аст. Ҳамзамон анҷир маънои аз даст додани дороии пешина ва ба даст овардани дороии нав аст.

Ҳазрати Исо
Ҳар нафаре, ки дар хобаш ҳазрати Исоро мебинад, хушбахту фараҳманд, худододаву бобаракат гашта, хеле зиёд саёҳат мекунад. Хоб дидани ҳазрати Исо дар шаҳр ё масҷиде, ки мардумонаш бадбахту дучори мушкилӣ ҳастанд, башорати он аст, ки ин нафарон аз душвориҳои худ раҳо мегарданд. Ҳазрати Исо дар хоб нишонаи бузургӣ ва дуои хайр аст. Шахси бемор ҳазрати Исоро хоб бубинад, шифо меёбад. Зани ҳомилае, ки ҳазрати Исоро хоб мебинад, тифли боақлу донишмандеро ба дунё меорад ва фарзандаш дар оянда табиб мешавад.

Шарора
Шарора дар хоб сухани қабеҳ аст. Агар шахсе хоб бинад, ки ба сараш шарора мерезад, дучори азобу уқубат мегардад. Рафту шарора дар хоб миёни одамон афтад, байни онҳо душманӣ ва кинаву адоват паҳн мегардад.

Ислом
Агар фарди мусалмоне дар хобаш дини исломро қабул кунад, шахси самимиву ростгӯ аст. Рафту чунин хобро такроран бубинад, аз бадбахтиву нохушиҳо эмин мемонад. Шахси ғайримусулмон дар хобаш исломро қабул кунад ё шукри Оллоҳ намояд ва ё дар назди Каъба намоз хонад, ин нафар мусулмон мегардад.

Ҳазрати Исмоил
Нафаре, ки дар хобаш ҳазрати Исмоилро хоб мебинад, ба сарварӣ ноил мегардад ва ба хотири Оллоҳ масҷид бунёд менамояд. Хоб дидани ҳазрати Исмоил шаҳодати аз мушкилиҳо раҳо ёфтанро дорад.

Боди шикам
Боди шикам дар хоб нишонаи сухани қабеҳу беақлона ва беадабона гуфтан аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД