Imon 2
Шабнам гирифторони силро бо суруд табобат мекунад? Видео)
1147

Ситораи №1-и эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё ба мубориза алайҳи касалии сил бархостааст.

Ин бонуи ҳунар тасмим гирифтааст, ки гирифторони ин бемории сироятиро, ки сафашон ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар миқёси олам, сол то сол меафзояд, бо суруд “табобат” намояд. 

Шабнами Сурайё бо мақсади саҳм гузоштан дар мубориза ба муқобили бемории сил рӯзҳои 24-25-уми август барномаи рангини консертӣ барпо хоҳад кард. Ин маҳфили зебои ҳунарӣ дар “Амфитеатр” зери шиори “Нест бод сил” баргузор мегардад.
Консерти тарғиботии ин овозхонаи шинохтаи тоҷик бо ташаббуси Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” дар якҷоягӣ бо Ташкилоти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ташкил шуда, дар барнома ҳамчунин модари Шабнам-Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон Сурайё Қосимова ва хоҳараш Фарзонаи Хуршед иштирок ва ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Ёдрас мешавем, ки Шабнами Сурайё қариб як сол боз бо ҳаракати байналмилалии “Ҳамкорӣ барои ҷилавгирӣ аз бемории сил” пайвастааст, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид сарпарастӣ мешавад. Қаблан ин овозхони маъруфро ба сифати қосиди сулҳ пазируфа буданд.
Шабнами Сурайё имрӯз бо ситораҳои дурахшони олам дар як радиф қарор дорад ва кӯшиш менамояд, ки дар корҳои хайр низ аз дигар ҳамтоёнаш қафо намонад. Бо мақсади кӯмак ба тифлакони ятим ин овозхони шинохта ҳатто ҷашни зодрӯзашро дар яке аз ятимхонаҳои кишвар таҷлил карда, барои ин кӯдакони бепарастор базми ҷамшедӣ барпо намуд ва ба 90-тифлаки бепарастор сару либос ҳадя кард.
Дастгирии ятиму камбизоатон, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва бемориҳои паҳнгашта аз қабили нашъамандӣ, СПИД, сил ва ғайра як ҷузъи фаъолияти ситораҳои ҷаҳон ва дигар шахсиятҳои дар миқёси олам шинохта мебошад. Иддае аз ситораҳои ҳунар, аз ҷумла ҳунарманди маъруфи Голливуд-Анҷелина Ҷолӣ ҳатто кӯдакони бепарастори кишварҳои ҷангзадаро ба фарзандӣ қабул карда, бо ҳамин роҳ мехоҳанд мухлисони ҳунарашон ва умуман сокинони сайёраи заминро ба меҳру рафоқат ва некию некӯкорӣ даъват намоянд.

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД