Дишаб хоб дидам, ки ба куҳи Арафот баромадаам. Хобамро ба модарам нақл кардам.
Гуфтанд, ки хоби дидаам бе хосият нест, вале таъбирашро шарҳ дода натавонистанд, аз ҳамин сабаб ба «Оила» муроҷиат намудам, то дар кушодани рамзи ин хоб ба ман кӯмак расонед.
Фарҳод, сокини ш. Душанбе
Посух:
Куҳи Арафотро хоб дидан фоли нек аст. Мард, агар хоб бубинад, ки ба қуллаи куҳи Арафот баромадааст ва касеро меҷӯяд, агар хеш ё одами наздики кайҳо гумгашта дошта бошад, ӯро дубора зиндаву саломат пайдо мекунад. Одами чунин хоб дида бо касе қаҳрӣ бошад, оштӣ мешавад. Куҳи Арафот ҳамчунин паёми Ҳаҷ аст. Касе, ки дар хобаш худро дар Арафот мебинад, ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гашта, номи мубораки ҳоҷиро мегирад.