АҶАБ ДУНЁЕ
Бузи фолбин
874
0

 

Дар Қазоқистон бузе ҳаст, ки бо фолбинӣ ном баровардааст. Сокинони ин кишвар барои муайян сохтани оядаашон ба боғи ҳайвоноти Караганда меоянд. Дар ҷавоби суолҳои одамон бузи фолкушо аз дохили сабади махсус коғазчаи ҷавобдоштаро кашида мебарорад. Кормандони боғи ҳайвонот мегӯянд, ки истеъдоди фолбинӣ дар буз қабл аз Соли нав пайдо шудааст.

Дар Аврупо ба фолбинии ҳайвонҳо диққати хоса медиҳанд, масалан ҳаштпо Паул аз Олмон дар чемпионати Аврупо оид ба футболи 2008 ва 2010 тамоми ғолибонро дуруст муайян намуда буд. Ғайбдони машҳури дигар аз олами ҳайвонот суғур Фил аз иёлоти амрикоии Пенсилвания аст. Ҳар сол ин суғур баъди хоби зимистона аз лонааш мебарояд ва тамоми ҷаҳон дер ё барвақт омадани баҳорро аз бедоршавии ҳамин суғур муайян месозанд.

Хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
Шарҳ