Агар инсон дар хобаш либосу мӯйи худро олудаи лойқа бубинад, ин ғаму ташвиш ва хавотириву гуноҳхои ӯ аст. Дар хоб даруни лойқа гаштан, маънои ғаму ташвиш ва тарсро дорад.
Рафту дар бедорӣ замин хушк бошаду инсон лою лойқа хоб бинад, Барои нафари чунин хобдида хабари хуш, ҳосили фаровон аст. Агар либос олудаи лойқа шавад, маънои олудаи гуноҳ, ошӯб ва бетартьибӣ аст. Дар хоб аз даруни лойқа баромадан маънои аз мушкило баромадан аст. Шахси беморе чунин хоб бинад, шифо меёбад.
Лаб
Нафаре, ки дар хоб лаби худро бурида бубинад, туҳматзада мешавад. Агар нафаре дар хоб байни лаби худ об бубинад, муносибаташ бо дӯстонвайрон мегардад.
Қоз, ғоз
Қоз дар хоб ба маънои зани зебо аст. Ҳамзамон қоз хоб дидан хабари хуш шунидан аст. Агар нафаре дар хобаш қозҳоро нигоҳубин кунад, бо оилаи номдоре шиносоӣ пайдо мекунад ва зиндагияш рӯ ба беҳбудӣ меорад. Қоз агар дар хоб оббозӣ кунад, тифл ба дунё меояд.
Даҷҷол
Даҷҷол дар хоб ба ҷодугарӣ, фиребу найранг, ҳукмрон гаштани душманон ишора мекунад.
Дар
Дар дар хоб сарчашмаи даромад аст. Аз дари танг ба ҷои кушоду барҳаво баромадан нишонаи аз камбағалӣ ба дороӣ расидан аст. Қисмати болоии дари хона маънои шавҳар ва қисмати поёнияш маънои занро дорад. Нафаре, ки хонаи худро дар коми оташ хоб мебинад, дучори бадбахтӣ мегардад. Дари хонаи худро дар хоб ивазшуда дидан, маънои фурӯхтани хонаро дорад. Рафту мард чунин хоб бубинад, баъди аз занаш ҷудо шудан, занаш шавҳари дигар мекунад. Баъзе уламо бар он ақидаанд, ки дари кушода хоб дидан маънои хабари хуш шуниданро дораду дарҳои баста аз сар задании ҳодисаҳои ногувор нишона аст. Дар хоб аз дар ё дарвозае ворид гаштан ба комёбӣ расидан ё мувафақ шудан аст. Мард агар дари борик хоб бубинад, аз хиёнати занаш хабар меёбад.
Шавҳарам маро дар набуданам талоқ додааст, оё ин қабул аст?
https://oila.tj/news/taloi-be-shoid-ravost
Қаср, кӯшк
Нафари бадахлоқ қаср хоб бубинад, боигариву давлаташ кам мешавад. Рафту шахси тақводоре чунин хоб бубинад, нуряш зиёд гашта, қарзашро бармегардонад. Ҳамзамон қаср дар хоб амалҳои неки шахсони ботақво аст. Нафаре, ки дар хобаш вориди қаср мегардад, оиладор мешавад.
Духтар
Агар марде духтари зебо хоб бубинад, ё худро ҳамоғуши духтаре бубинад, соҳиби неъматҳо мегардад. Мард агар хоб бубинад, ки духтарчадор шудааст, хушҳолӣ насибаш мегардад. Рафту мард хоб бубинад, ки соҳиби писар шудааст, ғаму андуҳ насибаш мегардад. Духтари хурсанду хушҳолро хоб дидан аз шодиву нишот дарак медиҳад. Духтари бадҷаҳлу бақавоқро хоб дидан аз хабари баду ташвишомез шунидан дарак медиҳад. Агар нафаре духтари хоксорро бо либоси одӣ хоб бинад, хабари хуш мешунавад. Духтарро бо либоси ношоиста хоб дидан нишонаи шунидани хабари хуше аст, ки сабабгори амалҳои ношоиста мегардад. Духтари лоғар дар хоб ҳаяҷон ва камбағалӣ аст. Мард духтари урён хоб бинад, дар тиҷорат ӯро нобарорӣ интизор аст. Рафту мард муътақид бошад, ки он духтар бокира аст, дар тамоми корҳояш мувафақ мегардад. Рафту дар хоб духтар ба пиразан мубаддал гардад, ин ба беҳтар гаштани сатҳи зиндагӣ ишора мекунад.