Arzon march 2024
Панҷакент: Келини “каратист” дасти хушдоманашро шикаст  
2260

 

Хушунат ва ҷанҷоли оилавӣ, ки боиси ба ҷавобгариҳои интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноӣ кашидани аъзоёни оила мегардад, сол то сол мувофиқи омори мақомоти милитсия ва мақомоти суду прокуратура афзуда истодааст.

Аксаран сабабҳои муноқишаҳои оилавиро ба паст гардидани ахлоқи ҷомеа, паст шудани сатҳи иқтисодиёт, зиёд будани муҳоҷират дар оила, ба ҳаёти оилавӣ омода набудани ҷонибҳо ва ҳатто серфарзандӣ рабт медиҳанд. Яке аз ҳодисаҳои пурсарусадое, ки дар шаҳри Панҷкент рух дод, билохир ба аз озодӣ маҳрум шудан ва ҳамчунин ҷаримабандӣ гардидани келини ба истилоҳ “шаттоҳ” оварда расонид.

...Моикалон Яқубоваи 35-сола, соҳиби се фарзанди ноболиғ, истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ №345, дар ҳавлии истиқоматиаш бо хушдоманаш- Саврӣ Бобошарифова дар масъалаи хонаю ҳавлӣ муноқиша мекунанд. Албатта дар аксар оилаҳо ҷанҷоли келину хушдоманро мушоҳида кардан мумкин аст, аммо дар ҷанҷоли байни Саврӣ ва Моикалон ҷангро маҳз келин барпо кардааст.

  Хушдоман даст бардошту қариб аз даст маҳрум шуд

Моикалон дар масъалаи манзили истиқоматиаш бо хушдоман баҳс намуда, муноқиша карда, ҳангоми моҷаро хушдоманаш Саврӣ тарафи ӯ дастбардорӣ карда, кӯшиши задан мекунад. Аммо келин аз қуввати ҷавонии худ истифода бурда, ду дасти хушдоманашро бо ду дасташ маҳкам доштааст, то ки хушдоман дигар муқобилият карда натавонад.


Фош шудани сиррашонро пай бурда, зани шавҳари маккор саросемавор хонаи навашонро, ки бо меҳнати се бачаи ятим бунёд гашта буд,...


Чун ангуштони ҳар дуи онҳо ба якдигар гузашта пайваст мешаванд, ки Моикалон тамоми қуввати ҷавонияшро ҷамъ карда, ангуштони дасти чапи хушдоманашро, ки ба ангуштони дасти рости ӯ гузашта пайваст шуда буд, тоб дода, ангуштони дасти чапи хушдоманашро шикастааст.

Баробари ин, доду войи хушдомани пир ба фалак печид ва келин тарсида, дасти шикастаи ӯро раҳо кард. Аммо хушдоман барои паст кардани шиддати алангаи оташи ғазаб ва адовати худ келинро ба суд додааст.

Тибқи хулосаи экспертизаи судӣ-тиббии шаҳри Панҷакент таҳти №950 ҷароҳати бардоштаи Саврӣ Бобошарифова дар намуди шикастани пӯшидаи устухони ангушти панҷуми кафи дасти чап ва хуномос ҳамчун зарари миёна ба саломатӣ расонида шуда, мансуб мешавад.

4 моҳ аз озодӣ марҳум ва нигоҳ доштани 15%-и музди меҳнат

 

         Келини «каратист»-е, ки ангуштони дасти хушдоманро шикаст, шояд худаш аз рӯзе хушдоманаш шудан ва «косаи давр» будани ҳаёту зиндагӣ бехабар буд. Аммо бо моддаи 111 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ) ӯ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуд. Бо ҳукми суди шаҳри Панҷакент ва баъди баррасии шикояти кассатсионӣ бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии суди вилояти Суғд Моикалон Яқубова 4 моҳ аз озодӣ маҳрум гардид ва аз 15%-и музди меҳнаташ маҳрум шуд.

Мисоли овардашуда шояд барои дигар келинҳои ҷанҷолӣ ибрат шавад, ки ҳадди ақал хотири пиру куҳансол ва заифу нотавон будани хушдоманҳоро карда, аз задану осеб расонидан худдорӣ кунанд.

Суҳроб Нурализода, судяи суди вилояти Суғд

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД