Дирӯз, тахминан соатҳои 15-16- и рӯзи якшанбе дар шоҳроҳи Душанбе- Бохтар садамаи хунин сар зада, боиси марги се нафар, ду мард ва як зан гаштааст.
Дар ин бора як нафар шоҳиди ҳодиса бо исми Субҳон бо сомонаи Оила. ТЧ дар тамос шуда, қайд намуд, ки мошини сабукрави тамғаи Опел караван бо суръати баланд ҳаракат намуда, дар натиҷа ба мошини боркаши Камаз бархӯрдааст.
«Вақте мо бо мошини худамон аз ноҳияи Сарбанд ба шаҳри Душанбе омада истода будем, дар роҳ шоҳиди он гаштам, ки ронандаи мошини тамғаи Опел бо суръати баланд ҳаракат намуда, аз уҳдаи идора кардани мошин набаромада, ба мошини боркаши Камазе, ки бо таъмири роҳҳо машғул буд, бархӯрда, дар ҷои ҳодиса се нафари дар мошинбуда ҷон ба ҷонофарин супурданд.
Имрӯзҳо бо сабаби рух додани садамаҳои автомобилӣ дар кишварамон риштаи ҷони садҳо нафарон канда шудааст. Аз замин лиҳоз, ба ронандагон тавсия медиҳем, ки ҷони худ ва дигаронро дар хатар нагузоранд!