Ман Маҳмадалии Латифзод, сокини шаҳри Ваҳдат, айни замон дар Федератсияи Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорам. Каму кости рўзгор маро маҷбур намуд, ки мисли ҳазорон-ҳазор ҷавонмардони дигар роҳи Русияро пеш бгирам. Дарди мо, ғарибонро фақат худмон медонаму худованд, чор танга пуле, ки бо азобҳои алим кор мекунӣ, аксаран сарфи ҳуљљат сохтан мегардад. Худо накарда ҳуљчатҳои қалбакӣсохта диҳанд, ҳам пулат месўзаду ҳам дар кашмакаши милисаю прокурор мемонӣ. Документ надошта бошӣ, тамоман аз дар баромада наметавонӣ, чунки милисаҳо дар ҳар сари қадам «чёрний” гуфта, мардуми аз Осиёи Миёна омадаро нигоҳ дошта, азият медиҳанд. Хулоса, нисфи пули кор мекардаат сарфи ҳуҷҷатсоҳӣ, сарҳаргузарӣ ва дигар хараҷу мараҷи муҳоҷират мегардад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, зану духтарҳоямон бо харҷу хароҷотҳои бемаънии худ ҳоли моро танг месозанд. Ҳамроҳи мо Абдулхай ном марди миёнасоле кор мекунад. Ҳафтае нест, ки зани шаттоҳаш ба ӯ занг зада “мардак, тағоям тӯй дорад, имрӯз зодрӯзи хоҳарам аст, пагоҳ ба хонаи фалон хешамон бояд ба меҳмонӣ равем ё фалон хел куртавори нав баромадааст, зудтар пулфирист” гӯён, ҷони ин мардаки бечораро ба лабаш набиёрад. Бечора Абдулхайр ҳамеша аз дигар муҳоҷирон пул қарз гирифта ба хонааш мефиристаду баъд худаш дар ҳамин шаҳри хунук бо либосҳои тунук мудом нимсеру нимгурусна мегардад.
Аҳволи чанд муҳоҷири дигари тоҷик, ки бо мо кор мекунанд, аз Абдулхайр монданӣ надорад. Занҳояшон ба онҳо тез-тез телефон карда, пул мепурсанд, гӯё худо мардро танҳо барои пул ёфтан офарида бошад. Ин занҳои беақл як бор фикр намекунанд, ки ҳамин марди бечора ин қадар пулро аз куҷо меёбад. Гумон мекунанд, ки дар Русия дарахти доллару евро ва рубл мерӯяд ва ҳар гоҳе, ки дилат хост, бемалол аз шохаҳояш пул чида, ба хонаат фиристодан мегирӣ...
Медонам, ки аксари занҳои тоҷик “Оила”-ро мехонанд, аз ҳамин хотир аз ин минбари баланд ба тамоми бонувоне, ки шавҳар, падар ё фарзандонашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, гуфтаниям:
-Модарону хоҳарони азиз! Мо мардҳо барои шумо ба ҳама мушкилоти мулки ғурбат тоқат карда, кор карда истодааем, то заррае бошад ҳам, зиндагӣ пеш равад. Худатон як бор омада азоби моро бо чашми саратон бубинед, баъд ба қадри падару писару шавҳари муҳоҷиратон мерасед. Илтимос, ақлатонро кор фармуда, аз ин пас харљу харољотҳои бемаънии худро камтар кунед. Шарт нест, ки ҳаенгоми ба шавҳар додани духтаратон ба ӯ 10-12 куртаи нархи ҳар кадомаш 1000-1200 сомонӣ бихаред. Шарт нест, ки падараш дар Россия кор мекнад гуфта, барои арӯс арӯс гарнитури хориҷии 2000 доллара ва телевизору мошинаи ҷомашӯӣ бихаред. Шарт нест, ки дар гардани зани муҳоҷир занҷири тиллову дар дастонаш чанд ангуштарӣ бошад. Шарт нест, ки шумо ҳар ҳафта дастурхон бардошта ба тӯю маърака ё ба хонаи хешу таборатон меҳмонӣ равед. Ба ҷойи ин пулҳои бо хуни ҷигар кор крадаи шавҳар, бародар ё падаратонро барои рӯзи мабодо пасандоз намоед. Занҳои азиз, илтимос, ақаллан камтарак фикри мо - мардҳои муҳоҷирро ҳам кунед, то ки муҳоҷирон “нангу номуси мардона аз даст наравад” гуфта, худро ин қадар азоб надиҳанд ва бо пули кам бошад ҳам, сиҳату саломат ба хонаҳои худ баргарданд.
Муҳаммадалӣ Латифзод, муҳоҷир аз ш.Маскав.