Ман зани 34- сола ҳастам. 7 сол пеш аз Доғистон ба Тоҷикистон омадам.
Ману шавҳарам Муҳаммад дар як фирмаи нӯшокибарорӣ якҷоя кор карда ба ҳамдигар дил бастем. Муҳаммад ваъда дода буд, ки дар худи Доғистон тӯй карда зиндагонӣ мекунем, вале баъд аз фикраш гашт ва маро дуздида ба Тоҷикистон овард. Ҷанҷол кардам, ки ман дар ин ҷо зиндагӣ кардан намехоҳам, биё ба Доғистон баргардем, вале Муҳаммад қасам хӯрд, ки ба ҷуз марг дигар касе чизе маро аз ӯ ҷудо карда наметавонад.
Намедонам волидони бечораам пас аз гум гаштани ман чӣ қадар ҷигархун гашта бошанд, чунки танҳо се сол пас занг зада, шавҳари тоҷик кардану дар Тоҷикистон буданамро гуфтам. Як писарча дорам. Номаш Аврангзеб аст. Пештар кори бори деҳа, хоса ғалладарав ҷонамро ба нӯги биниам меовард. Дастам ҳеҷ ба кор намепечид, аз дигарон ақиб монда, аз хушдоманам гап мешунидам ва аламамро аз гиря мегирифтам. Шавҳарам маро дӯст медошту мудом пуштибонӣ мекард. Оҳиста-оҳиста Муҳаммад роҳу равиши зиндагии тоҷиконаро ба ман ёд дод. Гоҳ-гоҳ падару модарам ба ёдам расида, дилу ҷигарам оташ мегирад, вале дар маҷмӯъ аз арӯс шуда ба Тоҷикистон омаданам пушаймон нестам. Ба хотири шавҳар ва писарчаи зебоям ватани шуморо дӯст доштам ва дину оинатонро қабул кардам. Имрӯз мани доғистонӣ худро зани тоҷик меҳисобам.