arzon replenishment
Абдулло Муҳаммад: Аз зангириям худам бехабар мондам
3617

 

Муаррифнома:
Ному насаб: Абдулло Муҳаммад.
Соли таваллуд: 1958 (60-сола).
Ҷои истиқомат: Ҷамоати Чимтеппа, деҳаи Сомонӣ, н. Рӯдакӣ.
Касб: Журналисти телевизион.
Вазъи оилавӣ: Оиладор, падари 6 фарзанд.

Абдулло Муҳаммад яке аз рӯзноманигорони варзидаи телевизиони Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин марди қаламкаш то имрӯз зиёда аз 1600 барнома ва гузоришҳои ҷолиби телевизионӣ таҳия намудааст. Ҳафтаи равон Абдулло Муҳаммад 60-сола мешаванд. Дар арафаи ҷашни камолот мо ин марди суханварро ба идораи ҳафтаномаи “Оила” даъват намудем, то аз розҳои зиндагиаш огоҳ шавем.

-Боре як дӯстатон ба мо нақл карда буд, ки Абдулло дар рӯзи тӯяш худаш хабар надошт, ки зан мегирад. Ин гап рост аст? 

-Дар ҳақиқат қиссаи хонадоршавии ман бисёр аҷиб ва бовар карданаш душвор аст. Дар курси панҷуми факултаи филологияи донишгоҳ мехондам. Як рӯз аз хона занг зада гуфтанд, ки фавран ба деҳа биёям. Бовар кунед, то ба хона расидан дар сарам сад фикру хаёл буд, ки падару модарам бемор шудаанд ё ягон нохушии дигар рӯй додааст, ки маро таъҷилан ба деҳа биё гуфтанд. Вақте аз дарвоза даромадам, бародаронам ба муборакбодӣ сар карданд. Ҳайрон шуда гуфтам, ки чаро маро табрик карда истодаед? Онҳо хандида гуфтанд, ки “Эй бача, пагоҳ тӯй, зан гирифта, домод мешавӣ, чӣ хел туро табрик накунем...”

 

 


 

Мардҳое, ки чашмони қаҳваранги равшан доранд, бисёр шӯх ва табиатан ҷаззобу дилкаш ҳастанд. Эҳсосоти баланд дорад, зуд ошиқ мешавад, вале барои дупала гап дилаш аз зан мемонад. 

 

 


 

-Аз ин сюрприз хурсанд шудед ё ҷанҷол бардоштед, ки ман арӯсро надида, зан намегирам?
-Росташро гӯям, аввал табъам хира шуд, ки аз ман як даҳон напурсида, ҳама корро ҳал кардаанд, вале вақте ки номи арӯсро шунидам, дилам ором гирифт.

-Падару модаратон арӯси кайҳо таги чашм кардаи шуморо хостгорӣ кардаанд?
-Мо ошиқу маъшуқ не, хешу табор будем. Марҳамат ба ман духтари тағо мешавад ва ман аз хурдӣ ӯро хеле хуб мешинохтам. Азбаски арӯс духтари боодоб ва панҷ панҷааш ҳунар буд, аз ин сюрпризи аҳли хонаводаамон бисёр хурсанд шудем...

-Ҳаёт бе пастиву баландӣ намешавад. Росташро гӯед, чанд бор бо хонуматон ҷангу қаҳрӣ шудед?
-Ману Марҳамат 13-уми марти соли 1981 риштаи тақдирамонро бо ҳам пайвастем ва инак, 37 сол мешавад, ки аробаи зиндагиро ҳамроҳ кашида истодаем. Дар тули 37 соли хонадориамон ягон бор ба сари занам мушт набардоштаам. Дилам намешавад, ки барои ҳар як гапу кори майда-чӯйда дили занамро ранҷонда, оби дидаашро резонам.

-Фарзандонатон аз паси падар рафтаанд ё...?
-Шукри Худо шаш фарзанд дорем. 5 духтарам соҳиби маълумоти олӣ буда, ду нафарашон дар телевизион кор мекунанд. Писарам Арбоби Абдулло дастгиру мададгори волидон дар хона.

-Шумо яке аз журналистони варзидаи телевизион ҳастед ва ҳамеша дар мадди назари мардум қарор доред. Бо хонумҳо суҳбат карданатон рашки ҳамсаратонро намеорад?
-Рашк гуфтеду як ҳодиса ба ёдам расид. Мо ҳамроҳи гуруҳи корӣ дар як семинар ширкат карда, шабро он ҷо саҳар намудем. Ба хона омада, хонумамро бо қошу қавоқи овезон дидам ва пурсидам, ки боз чӣ шуд. Ситеза кард, ки шаб дар куҷо будед. Ҳақи гапро гуфтам, бовар накард. Дидам, ки намешавад, занамро ба мошин шинонда ба ҳамон биное, ки семинар гузашта буд, бурдам ва аз посбон пурсидам, ки шаб мо дар ҳамин ҷо семинар доштем ё не? Посбон суханҳои маро тасдиқ намуд ва ҳамсарам боварӣ ҳосил кард, ки шавҳари ростқавлу бовафо дорад.

-Айни ҳол бо чӣ корҳо машғулед?
-Банда 30 сол дар шабакаи аввал ва 3 сол дар “ТВ-Баҳористон” заҳмат кашидам. Айни замон дар телевизиони “Синамо” кор мекунам.

-Дар 36-соли кориатон дар телевизион албатта ҳодисаҳои аҷибу ғариби зиёдеро пушти сар кардагистед. Бигӯед, ки кадоме аз ин ҳодисаҳо дар лавҳи хаёлатон то имрӯз нақш бастааст?
-Телевизион сюрпризҳои баду неки зиёде дорад, вале як ҳодисаро ҳеҷ фаромӯш карда наметавонам. Боре бо супориши сармуҳаррири идораи барномаҳои ҷавонӣ дар бораи гузоштани номҳои зебо ба фарзандон барномае таҳия намудем. Ҳадаф аз барнома дар он буд, ки волидон дигар ба фарзандонашон Табару Теша барин номҳои бемаъниро нагузоранд. Вақте ки барнома ба эфир рафт, аз чор тараф Табару Тешаҳои зиёде эътироз намуданд, ки чаро моро паст мезанед. Қариб буд, ки аз кор ронда шавам. Хайрият, ки раиси ҳамонвақтаи Кумитаи телевизион Ғоиб Назарович Қаландаров шахси бисёр бомаърифату бафаҳм буданд ва маро дастгирӣ намуданд, вагарна ҳолам бад мешуд. (Механдад)

-Шумо ҳамчун як инсони бомаърифат ва таҷрибадор ба ҷавонҳое, ки ба тозагӣ ба ҳаёти мустақилона қадам мениҳанд, чӣ маслиҳат медиҳед?
-Дар зиндагӣ боварӣ, эҳтиром ва муҳаббат нақши асосиро мебозад. Навхонадорон дил ба зару зевар ва пулу мол надиҳанд, баҳудаю беҳуда ба ҳамдигар рашк набаранд, хусуру хушдоманро ҳурмату эҳтиром карда, бо маслиҳату машварат мушкилоти ҳаёташонро ҳал намоянд, албатта хушбахт мешаванд. Падару модарон низ бояд посбони бахти фарзандонашон бошанд ва баҳудаю беҳуда айбҷӯӣ накунанд. Вақте ки хусуру хушдоман келин ё домодро мисли фарзанди худ қабул карда, меҳрубонона муносибат мекунанд, ин рафтори калонсолон боиси афзудани меҳру муҳаббат ҷавонон мегардад.
-Саломат бошед!

Мард аз нигоҳи зан

Марҳамат Соҳибова:
Ба шавҳарам “воля” додам
Ному насаб: Марҳамат Соҳибова.
Ҷои таваллуд: Деҳаи Путхини н. Айнии Вилояти Суғд.
Вазъи оилавӣ: оиладор, модари 6 фарзанд.

Марҳамат Соибова зодаи деҳаи Путхини ноҳияи Айнии Вилояти Суғд буда, дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадааст. Ҳамсари рӯзноманигори шинохта Абдулло Муҳаммад, модари панҷ духтари нозанину як писари рустамбозу аст.

-Вақте аммаатон шуморо ба писараш хостгорӣ кард, исён набардоштед, ки ман ба хеш намерасам?
-Он вақтҳо мисли имрӯз ихтиёри ҷавонон дар дасти худашон набуд. Падару модар касеро, ки интихоб намоянд, лаб накушода ба ҳамон мерасидӣ. Ягон духтар ё бача ҷуръат намекард, ки намегирам гӯяд...

-Волидонатон, агар шуморо ба ихтиёри худатон мемонданд, ба ҳамин шавҳаратон мерасидед ё ягон каси дигарро интихоб мекардед?
-Абдулло як йигити чор кас медидагӣ, бар замми ин, донишҷӯ буданд ва нисфи духтарҳои деҳа орзу доштанд, ки ба ин ҷавони зебою ояндадор бирасанд, вале бахтам хандиду насиби ман гаштанд. (механдад) Мо ҳамдигарро хуб медонистем, аз ҳамин хотир, фикр мекунам, ки ба майли худам мемонданд ҳам, ҳамин касро интихоб мекардам.

-Бисёриҳо ба зиндагии ширини шумо ҳасад мебаранд, вале ҳаёт бе пастию баландӣ намешавад. Шудааст, ки Акои Абдулло ягон бор шуморо ранҷонда гирён карда бошад?
-Шавҳарам не, зиндагӣ гирёндааст ва на як бору ду бор. Ману Абдулло чор фарзандам, се писару як духтарамонро аз даст додем, вале дарду доғҳои зиёдеро аз сар гузаронида бошем ҳам, ҳаргиз аз зиндагӣ дилсард намегаштем. Ману шавҳарам мисли ду дӯсти ҷонӣ дар пастиву баландиҳои ҳаёт ҳамеша такягоҳи ҳамдигар будем ва ҳастем.

-Шавҳаратон як йигити зебои чор кас медидагӣ, бар замми ин, шахсияти шинохта аст. Дар атрофи чунин мардон хонумҳои бисёре давр мезананд. Рашк намекунед?
-Дар вуҷуди ман умуман рашк гуфтагӣ ҳиссиёт нест.

-Рашк надорам мегӯеду соати дуи шаб шавҳаратонро пеш-пеш карда, ба кӯчаҳои шаҳр баромадед, то фаҳмед, ки шабро дар куҷо саҳар кардааст...
-(Механдад). Абдулло ин ҳодисаро ба шумо нақл карданд? Ман ҳам зан ҳастам, як бор рашк кардам-дия! Шавҳарам ягон бор ба хона дер намеомад, барои ҳамин якбора ба хона наомаданашон барои ман як муаммои сарбаста гашт. Ҳамон шаб то саҳар мижа таҳ накарда, роҳи шавҳарамро поидам, вале субҳ дамиду аз ӯ дарак нашуд. Дар сарам сад гумон аз ғазаб дандон хоида нишаста будам, ки аз дар даромаданд. Вақте дар куҷо буданашонро пурсидам, гуфтанд, ки семинар доштем. Шунида будам, ки мардҳо бо баҳонаи кору командировка ким-чӣ корҳо карда мегарданд, барои ҳамин ба гапи шавҳарам бовар накардам. Вақте ки посбон гапи шавҳарамро тасдиқ намуд, эътимодам ба Абдулло даҳчанд гашт ва пас аз ҳамон ҳодиса дигар ягон бор дар куҷо буданашонро напурсидам.

-Шавҳаратон ровии телевизион ҳастанд. Бо хонумҳои зебо суҳбат карданашонро дида, аламатон намеояд?
-Ман мефаҳмам, ки касби шавҳарам ҳамин аст. Ҳамкоронашон ё ягон шиносашон аз ҷумлаи бонувон ба хона меҳмонӣ биёянд, бо лабханд пешвоз гирифта, дарҳол ягон хӯроки бомаза мепазам ва нағз зиёфат мекунам, то нагӯянд, ки зани Абдулло одамгарӣ надоштааст. Дар тӯю маъракаҳоямон баъзан занҳо аз рухсораи шавҳарам бӯсида, табрикаш мекунанд, вале ягон бор ҷанҷол накардаам, ки чаро фалонӣ шуморо бӯса кард.

-Дар давраи ҷавониашон акои Абдулло маъшуқабозӣ мекарданд?
-Кадом мард маъшуқабозӣ намекунад? Шавҳарам, ки ҷавони зебо ва серхаридор буданд, аз рӯзи аввали зиндагӣ ба он кас гуфтам, ки агар зани аз ман зебо, аз ман оқил ва аз ман меҳрубонтар ёбед, гиред, ошатон шавед. Он кас дар ҷавоб фақат табассум мекарданду халос. Ҳозир баъзан шӯхӣ карда мегӯянд, ки ҳамин қадар духтарҳои зебо дар атрофам буданду афсӯс, ки дар ин дили сабилмондаи ман ба ғайри ту ягон кас ҷой гирифта натавонист...

-Кадом рафтори шавҳаратон ба шумо писанд аст?
-Вақте дар маҳфилҳои арӯсиву домодии ҳамдеҳагонамон ба шавҳарам сухан медиҳанд, он кас микрофонро гирифта мегӯянд, ки мисли ману Марҳамат зиндагӣ кунед. Мо рашки оламсӯзро ба дил роҳ надодем, барои ҳамин зиндагиамон ширин шуд. Дар чунин ҳолатҳо ман аз хурсандӣ курта-курта гӯшт мегирам.

-Аз суханонатон аён аст, ки аз шавҳаратон розиед...
-Сад дар сад розиям, чунки он кас маро эҳтиром мекунанд.

-Дӯст медоред?
-Аз ҷонам зиёдтар дӯст медорам! (Механдад).

Сӯҳбаторо: Рустам Азимӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД