Sebiston new 2024 october
Кайфи нос, шаби қадр ва занбозии муллоҳо аз назари Ҳоҷӣ Мирзо
4305

 

-Ҳар сол баробари фаро расидани моҳи шарифи Рамазон савдогарҳо нарху наворо якбора ба осмони ҳафтум мебардоранд.
Магар дар назди Худованд ҷабр кардан ба киссаи мардум гуноҳ нест?
Бародарон Акмал ва Сафарбек, аз н. Ҳисор.

 -Албатта, гуноҳ аст. Дар моҳҳои Рамазон мардуми мусулмон набояд дар болои молашон фоиз гузоранд ва нархро гарон кунанд, балки бояд аз сари фоидаҳояшон ҳам бигзаранд. Хоҳанд, ки савоби даҳчанд аз моҳи Рамазон бардоранд, тоҷирон бояд молро бо ҳамон нархе, ки мегиранд, фурӯшанд ва ба камбағалу нодору ятиму барҷомондагон хайру садақа кунанд. Касе, ки дар ин моҳ нархро баланд карда, барои мардум вазнинӣ эҷод мекунад, раҳму инсоф надорад.

 Савол:-Дар моҳи Рамазон кайфи нос маро сахт азоб медиҳад ва барои ҳар майда чуйда пайвандонамро дашном дода метавонам. Мегӯянд, ки на танҳо даҳон, балки забони одам низ бояд рӯзадор бошад. Мехоҳам донам, ки аз кайфи нос дашном додан рӯзаро фосид месозад ё не?Сафарбек, сокини ш. Қурғонтеппа.

 Ҷавоб:-Ман аслан одами носкашро дӯст намедорам. Ҳайронам, ки чаро баъзеҳо ба даҳони покизае, ки номи Оллоҳро мегиранд, нос мепартоянд. Вой ба ҳоли занҳое, ки бо чунин мардон зиндагӣ мекунанд. Носкашӣ ва дашном додан албатта, рӯзаро фосид месозад.

 -Ба пиво сахт одат кардаам. Пиво нӯшокии ғайри алкоголӣ ба ҳисоб меравад. Дар ифтор пиво нӯшам, рӯзаам фосид намешавад?
Бахтиёр,аз ш. Душанбе

-Пиво гуфта оби ҷавро мегӯянд. Оби ҷаве, ки градус ё ҳарорат надорад ва дар зарфаш “ғайриалкоголи” буданаш дарҷ гашта бошад, нӯшиданаш боке надорад. Ҳамин гуна маҳсулот аз Эрону Покистон ва Дубай меояд. Пивое, ки ҳатто як градус алколог дорад, нӯшиданаш ҳаром аст!

 -Чанд рӯз пеш зан гирифтам. Ҳоло арӯсу домоди навем ва ба якдигар шавқу рағбати зиёд дорем. Арӯсамро бӯса кунам, рӯзаам намешиканад?
Меҳрубон, сокини ш. Душанбе.

 -Шаҳвати ҷавон аз шаҳвати пиронсол фарқ мекунад, бинобар ин, беҳтар мешавад, ки ҷавонмардон дар моҳи Рамазон рӯзона ба занҳояшон на дастдарозӣ кунанд ва на бӯсобӯсӣ намоянд. Шабона, то субҳдам бӯсаву меҳрварзиро шариат манъ накардааст, ҳар қадар меҳрубонию навозише, ки мехоҳед, то дамидани субҳ кунед.

 -Рост аст, ки дар моҳи рамазон дарвозаҳои биҳишт ба рӯйи бандагони худо кушода мешаванд?
Ҳасан Ниёзбоқиев, ноҳияи Айнӣ, деҳаи Похут.

 Посух: -Саҳл ибни Саъд разияллоҳу анҳу ривоят кардаанд, ки Ҳазрати Муҳаммад (С. С.) фармуданд: «Дар Биҳишт дарвозаест, ки «Райён» ном дорад. Рӯзи қиёмат фақат рӯзадорон аз он дарвоза дохил мешаванд.

 -Шунидам, ки дар моҳи Рамазон Худованд тамоми дуоҳоро мустаҷоб мегардонидааст. Шунидаам то куҷо ҳақиқат дорад?
Сӯҳроб, сокини н. Рӯдакӣ.

 -Дуои одами рӯзадор мустаҷоб мешавад. Дар китоби «Нурул воъизин» омадааст, ки ҳазрати Мӯсо (а) бо Худованд роз мегуфт ва дар муноҷоташ пурсид: «Илоҳӣ, Ту маро бо такаллум кардан бо худат иззат додӣ. Оё чунин иззатро ба дигарон ҳам додаӣ?»

Худованд ба Мӯсо (а) ваҳй кард:-Ё Мӯсо (а), бидон, ки дар охирузамон ман бандагони рӯзадорамро дар моҳи Рамазон иззати зиёд мекунам. Вақте бо ту сухан мегӯям, миёни мо ҳафтод ҳазор парда аст. Вақте умматони Муҳаммад (с) рӯза мегиранд (аз гуруснагиву ташнагӣ) лабҳояшон хушк ва рангҳояшон зард мешавад, манн ҳиҷоб(парда)-ҳои худро дар вақти ифтор боло мекунам.

 -Ба касоне, ки рӯза намегиранд, фардои қиёмат Худованд чӣ ҷазоро раво мебинад?
Мастура, донишҷӯ.

 -Рӯза надоштан дар қатори намоз нахондан, зино кардан, падару модарро ҳурмат накардан аз гуноҳони кабира ба ҳисоб меравад. Касе, ки ин гуноҳро содир мекунад, дар пешгоҳи Парвардигор фардо мавриди иқоб қарор мегирад. Азизони Худо мегӯянд:

 Надорӣ тоқати як захми сӯзан,
Наметарсӣ чаро аз сӯзи гулхан?

 -Шунидам, ки касе дар моҳи шарифи Рамазон вафот кунад, рост ба ҷаннат меравад. Он дам зинокор бошад чӣ?
Фотима, шаҳри Душанбе

 

Давомашро фардо соати 14 дар сомонаи "Oila.tj" интизор шавед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД