arzon replenishment
Иди фитр ва таровеҳи занҳо аз назари Ҳоҷӣ Мирзо
2501

 

-Ҳар сол фақат дар моҳи Рамазон намоз мехонам. Ҷӯраҳоям маро мудом «дузди намоз» гуфта, масхара мекунанд ва мегӯянд, ки Худованд намози маро қабул намекунад. Дигар дар моҳи Рамазон ҳам намоз нахонам?
Баҳром, савдогар аз бозори Корвон

 -Бародар, намозхонӣ кори саҳле нест, ки хоҳед хонеду нахоҳед-не. Намоз тӯшаи охирати мост. Дар моҳи мубораки Рамазон ба хондани намоз сар карда бошед, ин корро ҳатман давом диҳед, иншооллоҳ Худованд хайру баракаташро бар саратон мерезад. Дузди намоз нашавед!

-Хона надорем. Бо чор фарзанд дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунем. Шавҳарам барои ману фарзандонаш ягон шароити дурусте муҳайё карда наметавонаду бар замми ин, зани дуюм гирифтанист. Даҳон кушоям, мегӯяд, ки Худованд ба марди мусулмон чаҳор зан гирифтанро иҷозат додааст. Магар марде, ки як занро хӯрондаю пӯшонда наметавонад, ба зани дуюм гирифтан ҳуқук дорад.

Сафина, сокини н. Ҳисор.

-Дар ислом чор зан гирифтани мард ҷоиз аст, ба шарте, ки ҳамаи занҳояшро мард бо хона ва шароити зиндагӣ таъмин карда тавонанд.   Мутаассифона, имрӯз мо бисёри мардҳоро мебинем, ки одитарин шароити зиндагиро надошта бошанд ҳам, исломро дастак карда, зани дуюм мегиранд. Ба шавҳаратон маслиҳат медиҳам, ки ба ҷойи фикри зани дуюм гирифтанро намудан, шароити зиндагонии аҳли оилаашро беҳтар созад, чунки мард барои зану фарзандонаш дар назди Худованд ҷавобгар аст.

-Имомони чаҳор мазҳаби аҳли суннат киҳоянд?
Сӯҳроб, н. Рӯдакӣ.

-Имом Абӯҳанифа, Имом Молик, Имом Шофеӣ, Имом Аҳмад.

-Намози ҷумъа ба кадом шахсон воҷиб нест?
Шерзод, н. Ашт.

 -Намози ҷумъа барои бемор, занон, кӯдак ва мусофирон воҷиб нест, вале ин нафарон намози ҷумъаро гузоранд, фарз аз зиммаашон адо мешавад.

 -Зане, ки шавҳараш вафот кардааст, пас аз чанд моҳ метавонад шавҳари нав кунад?

Насиба, сокини ш. Душанбе.

 -Пас аз гузаштани иддааш, яъне чаҳор моҳу даҳ рӯз зан метавонад шавҳари нав кунад. Пеш аз тамом шудани идда шавҳар кунад, никоҳаш фосид аст.

-Ҷорӣ шудани хун аз даҳону дандон рӯзаро мешиканад?
Нодира, шаҳри Душанбе.

-Аз дандон, бинӣ ё ягон ҷойи бадан хун ҷорӣ шавад, рӯза фосид намешавад, аммо вузӯ мешиканад. Дар китоби «Хулосату-л-масоил», меорад: «Агар даҳон хун шуд ва онро бо оби даҳон фурӯ бурд, агар хун ғолиб аст ва маззаи онро маълум кард, рӯза фосид аст ва бояд қазои онро ба ҷо оварад ва агар хун ғолиб набувад ва маззаи онро маълум накард, рӯза фосид намешавад».

-Оё дар ҳолати рӯза ғарғара кардан ҷоиз аст?
Маликшоҳ аз ноҳияи Ашт.

 -Дар ҳолати рӯза об гардонидани даҳону бинӣҷоиз аст, аммо набояд ғарғара кард, чунки бими фурӯ рафтани об ба даҳон вуҷуд дорад.

Дар китоби «Ал-Фиқҳул-исломийю ва адиллатуҳу», дар мавриди чизҳое, ки рӯзаро намешикананд, меорад: «Шашум: Мазмаза ва истиншоқ, агарчи дар ғайри вузӯ кунад, лекин дар вақти шустани даҳону бинӣ муболиға намекунад, то ки об дохили бадан нашавад».

-Дар Рамазон сӯзандору гузаронидану капелнитса мондан равост?
Дилафрӯз, сокини ш. Турсунзода.

 -Ҳар чизе, ки сабаби ислоҳи бадан бошад ва аз роҳи аслӣ, ки иборат аз ҳалқ ва бинӣ аст, вориди меъда, шикам ва димоғ шавад, рӯзаро фосид месозад. Давоҳое, ки ба василаи сӯзандору дар бадан ворид мешаванд, агарчи сабаби ислоҳи бадан ҳастанд, вале чун аз роҳи ғайри аслӣ, яъне ба воситаи раг ё гӯшт ба бадан дохил мешаванд, рӯзаро намешикананд. Ба ҳар сурат, беҳтараш сӯзандоруҳоро шабона бигиред.

-Рӯза доштан дар кадом рӯзҳо макруҳ аст?

-Дар рӯзҳои иди Рамазону Қурбон ва айёми ташриқ (се рӯзи пас аз иди Қурбон).

-Ҳаҷми садақаи фитр ба синну сол, ҷинс ва ҳолати моддии одамон вобастагӣ дорад?

Рустам, журналист.

-Садақаи фитр бар шахси мусулмон ва озод, ки молики миқдори нисоб аст, илова бар маскан, либос, ашёи рӯзгор ва дигар заруриёти зиндагии рӯзмарра васоиле дорад, ки қимати он ба миқдори нисоб мерасад, воҷиб мебошад. Фарқ надорад, ки шахси мазкур мард аст ё зан ва ё ноболиғ. Садақаи фитрро аҳли ҳар хонавода бояд аз ҷониби худ ва фарзандони хурдсолашон адо намоянд. Садақаи фитрро зан бояд худаш адо намояд, вале шавҳар аз ҷониби зан адо кунад ҳам, ҷоиз мешавад. 

-Намози таровеҳ чанд ракъат аст ва чӣҳукм дорад?
Бегмаҳмадноҳияи Айнӣ.

-Намози таровеҳ дар тамоми шабҳои моҳи Рамазон суннати муаккада буда, хондани он барои марду зан савоб дорад ва таркаш бидуни узр гуноҳ аст. Имом Бухорӣ аз Абӯҳурайра (р) ривоят карда, ки ӯ фармуд: «Пайғамбар (с) мардумро ба қиёми шабҳои моҳи Рамазон тарғиб мекард, бидуни он ки дар ин маврид онҳоро таъкид намояд ва мефармуд: «Касе, ки ба хотири имон ва умеди аҷру савоб дар шабҳои Рамазон ба намоз бархост, гуноҳони гузаштааш омурзида мешавад»». Имом пас аз гузоридани намози хуфтан барои мардум бист ракъат намоз мегузорад ва дар ҳар ду ракъат намоз салом медиҳад. Агар чаҳор ракъат бо як салом гузорад, низ ҷоиз аст. Имом баъд аз ҳар чаҳор ракъат, ки «тарвиҳа» номида мешавад, ба ҳамон андоза менишинад, ки мардум роҳат кунанд. Хондани намози таровеҳ пеш аз намози витр ё пас аз он ҷоиз аст.

 -Мардуми тоҷик, хусусан бонувон дар арафаи Иди Рамазон бисёр серташвиш мешаванд. Барои дастархони идонаашонро оро додан баъзе бонувон ҳатто ашёҳои рӯзгорашонро мефурӯшанд. Магар шарт аст, ки дастурхон бо нозу неъмати гаронбаҳо оро ёфта бошад?
Фирӯза, сокини пойтахт.

-Идро мардум барои худнамоишдиҳӣ истифода бурда истодаанд, ислом инро талаб намекунад. Бонувони тоҷик ҳар сол ягон мӯд»-и нав мебароранд. Худоиҳои баъди марг, себегоҳию панҷшанбегию ҳафту чилу сол ҳам дар шариат набуданд, мо худамон ин ҳамаро бофта баровардем. Сарвари Давлат дар бораи танзим қонун бароварда бошанд ҳам, мардум ба ин кам аҳамият медиҳанд. Имому пешвоҳои мо бояд ин масъалаҳоро ба мардум фаҳмонанд. Мусобиқа накунед, хоҳарони азиз, чунки зарурат ба дастурхони пур аз нозу неъмт нест. Барои дастурхона наоростан дар рӯзи ид дар пеши Худованд гунаҳгор намешавед. Бисёр дастурхон оростан хоҳед, як дастурхони одӣ бо нону чой кифоя аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД