Formula novemver 2024
Ҳоҷӣ Мирзо дар бораи «Мулло шланг» чӣ мегӯяд?
3221

-Никоҳи духтари тоҷик бо ҷавони ғайри тоҷик, масалан дурага, рус ё тотор равост?
Нигина, сокини пойтахт.

 -Ҷавон мусулмон бошад, новобаста ба аз ки падару модараш рус ҳастанд, тотор ё миллати дигар боке надорад. Бачаи бо тавфиқи ба дини ислом имондошта, духтари тоҷикро хостгор шавад, никоҳашон равост.

Савол:- Дар моҳи Рамазон кадом амал аҷру подоши бештар дорад?Асад аз ноҳияи Данғара.

 -Салмони Форсӣ ривоят намудааст, ки паёмбари дини мубини ислом, ҳазрати Муҳамммад (с) чунин гуфт: «Ҳар шахсе дар ин моҳ як амали хайрро анҷом диҳад ва ҳадафаш танҳо ризо ва хушнудии Худованд бошад, ба андозаи як амали фарз ба ӯ савоб мерасад ва ба ҷо овардани як амали фарз дар ин моҳ савоби ҳафтод фарзро дар дигар моҳҳо дорад». Аз ҳадиси мазкур чунин бармеояд, ки ҳар амали хайр дар моҳи Рамазон 70 маротиба бештар аҷру савоб дорад, бинобар ин, ҳар фарди мусулмон бояд саю талош кунад, то дар ин моҳҳар чӣ бештар амалҳои хайрро анҷом диҳад. Кӯмак ба ятимону ниёзмандон, тиловати Қуръон, таом додан ба гуруснагон аз ҷумлаи беҳтарин накӯкориҳо дар ин моҳи муборак ба шумор мераванд.

-Домулои муҳтарам! Гуноҳе содир намудаам, ки барои он ҳеҷ гоҳ худамро бахшида наметавонам. Нӯздаҳ сол намоз хондам, рӯза доштам, вале донишҷӯй шудан пас бо ҷавоне во хӯрда, ба гирдоби гуноҳғутидам. Маро ба ҷавони дӯстдоштаам фотеҳа кардаанд, вале мо ҳанӯз никоҳ нашудаем. Ману он ҷавон ба ҷуз номусамро доғдор намудан, дигар ҳама корро бе никоҳ аллакай кардаем. Акнун аз корҳои кардаам сад бор пушаймонам ва шабу рӯзам бо гиряву тоату ибодат мегузарад. Мехоҳам донам, ки оё мани пургуноҳ дар оянда хушбахт мешавам ё не?
Дилдодаи бадбахт.

 -Хоҳари азиз! Хуб аст, ки аллакай гуноҳатонро фаҳмидаед ва айбатонро ба гардан гирифта, тавба мекунед. Албатта, сарнавишти ҳар як инсон дар дасти Худованд аст ва ман, ки як бандаи офаридгор ҳастам, гуфта наметавонам, ки шумо албатта бадбахт мешавед ё хушбахт. Фақат як чизро мегӯям, ки ҳар як инсони гунаҳкор, агар сидқан тавба кунад, иншооллоҳ Худованд гуноҳҳояшро мебахшад. Ман дуои ояндаи неки шуморо мекунам, шумо ҳам хушбахтиро аз Худои меҳрубон талаб кунед.

-Вақтҳои охир тез-тез дар барномаҳои телевизион найрангҳои пур аз фаҳшу фасоди муллоҳоро намоиш медиҳанд. Мехостам, назари шуморо ба ин масъала бидонам.

Фирдавс, сокини н. Ҳисор

 -Хонаи чунин шахсоне, ки худашонро мулло гирифта, ба номи дини мубини ислом иснод меоранд, бисӯзад! Онҳо мулло не, шайтонанд ва бо найрангҳои ҳаромашон натанҳо муллоҳо, балки тамоми мардуми мусалмонро шарманда мекунанд. Аз тарафи дигар, занҳои назди чунин «мулло» мерафта ҳам, бегуноҳ нестанд. Дили худи зан кашол набошад, ҳатто шавҳари худаш ҳам ба вай дастдарозӣ карда наметавонад. Фарзанду саломатию бахтро аз Худованд бояд талаб кард, на аз муллою табибу ғайбдон. Касе, ки назди ҷодугарҳо меравад, гунаҳкор мешавад.

 -Ҳар сол фақат дар моҳи Рамазон намоз мехонам. Ҷӯраҳоям маро мудом «дузди намоз» гуфта, масхара мекунанд ва мегӯянд, ки Худованд намози маро қабул намекунад. Дигар дар моҳи Рамазон ҳам намоз нахонам? Баҳром, савдогар аз бозори Корвон

 (Идомаашро пагоҳ соати 14.00 дар сомонаи мо интизор шавед!)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД