Мо як гурӯҳ тоҷикони берун аз марз дар Русия азоб кашида истодаем. Аввалҳо дар ин ҷо ҳамроҳи хамдеҳагонам ба нонпазӢ машғул будем.
Корамон хуб буд, раис аз сусткориямон гила намекард, вале ду-се ҷиянаш омаданду аз пою қадами номуборакашон якбора баракати нонвойхона парид. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, шабе ҳангоми хамиршӯрии ман пулҳои кассаро яке аз кормандони нав, ки ҷияни худи раис буд, дуздидааст. Раис, ки ба хешонаш боварии комил дошт, маро дузд гирифта, тӯҳмат намуд, ки 25 ҳазор рубли русиро ба яғмо бурдаам. Ҳарчанд қасам мехӯрдам, ки ин корро накардаам, раис ду пояшро ба як мӯза андохта мегуфт: «Пулҳои дуздидаатро биёру дафъ шуда рав!» Маҷбур шудам, ки гуноҳи нокардаро ба гардан бигирам. Ду моҳ кор карда, маошамро додаму нонвойхонаро тарк намудам.
Дигар тоби дар он шаҳр зистанро надоштам, бинобар ин ба минтақаи дигар рафтам. Марди сарватманде маро ҳамчун нигоҳбони сагҳояш ба кор гирифт. Ҳамсараш ҳар рӯз ба ман ягон кори иловагӣ мефармуд. Рӯзе супориш дод, ки ҷевони ошхонаашонро соз кунам. Рафта ҷевонро таъмир кардаму ба балои бад гирифтор шудам. Занҷираи тиллоии занак дар ҳамон ҷевон будаасту баъди таъмир гум шудааст. Боз маро мутаҳам карданд. Шавҳараш заставит кард, ки як сол бе пул сагҳоро нигоҳубин кунам. Инак, 9-моҳ мешавад, ки дар ин хона ғуломвор кор мекунам. Медонам, ки зану фарзандам гуруснаю ташнаанд, вале фарёдрасе надорам.
Фирӯз, аз Шёлковои Русия