Аз “ТВ-Сафина” рафтани наттоқи беҳамто ва актрисаи шинохта Таҳмина Раҷабова, ки барандаи бахши русии барномаи”Навид” буд, боиси пайдо шудани сару садоҳои зиёде гашт.
Мардум байни худ миш-миш мекарданд, ки оши Таҳмина бо роҳбарияти ТВ Сафина напухтааст ва ӯро аз кор рондаанд, аммо ин наттоқи шинохта, тамоми овозаҳоро рад карда, чунин гуфтааст:
“Сабаби аз кор рафтанам ба ДДКР-и шаҳри Маскав дохил шуданам мебошад. Акнун таҳсил ва зиндагии ман аз саҳифаи нав дар шаҳри Маскав оғоз мешавад. Имрӯз рӯзи охирини кории ман дар “Телевизиони Сафина” аст. Ба ин даргоҳи бузург, ки чӣ қадар истеъдодҳо баромаданду ба қуллаҳои бузург расиданд, раҳмат гуфтанӣ ҳастам... ”
Аз гуфтаҳои Таҳмина Раҷабова чунин бармеояд, ки ин бонуи ҳунарманд худро дар ҷодаи коргардонӣ санҷидан мехоҳад. Бо ҳамин ният Раҷабова ба факултаи коргардони телевизион ва кинои Донишкадаи кинематографияи ба номи Сергей Геросимови шаҳри Маскав дохил шудааст. Аз ин пас Таҳмина Раҷабова ҳангоми писари ягонааш, ки меваи ишқи ӯст, дар пойтахти Русия кор ва зиндагӣ хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки ин бонуи ҳунар 37 сола буда, 29-уми июни соли 1982 дар шаҳри Душанбе дар оилаи иқтисодчӣ ба дунё омадааст. Таҳмина хатмкардаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон аст, аммо меҳри беандоааш нисбат ба телевизион ва театру кино ӯро ба ҷодаи фарҳанг овард. Муддати 13 сол Таҳмина Раҷабова дар ТВ-Сафина кор карда, ҳамзамон дар 20 филми тоҷикӣ ва ду филми синамогарони афғон образҳои ҷолиб ва хотирмон бозидааст. Нақши дар филми “Марде дар орзуи зани панҷум” офаридааш ин актриссаи тоҷик соли 2013 дар 44-умин Ҷашнвораи байналмилалии филми Ҳиндустон соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” гардонд.
Акнун ин хонуми қашанбу зебо мехоҳад маҳорати худро ҳамчун коргадон санҷида филмҳое ба навор бигирад, ки кинои тоҷикро дар арсаи ҷаҳон шуҳратманд гардонанд.
Мо ба Таҳмина Раҷабова парвозҳои нав ба нави эҷодиро хоҳонем.