Ман Сафиоллоҳ, муҳоҷир аз шаҳри Барнаули Русия. Мехоҳам қиссаи пурдарди зангириамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.
Гапамон бо зани тоҷикам гурехту бо як фарзанд баромада рафт. Чанд бор барои оварданаш рафтам, вале ду пояшро ба як мӯза андохта мегуфт, ки то хонаи алоҳида нахарам, бар намегардад. “Бо очаи серҷоғат зиндагӣ кардан намехоҳам ” гуфтанаш ҷонамро ба лабам овард, хун ба сарам заду дар сари қаҳр якбора се талоқаш кардам. Модарам аз шунидани ин шумхабар ғамгин шуданд. “Зиқ нашавед очаҷон, сар амон бошад, кулоҳ ёфт мешавад. Россия рафта пул кор мекунаму омада ягон духтари очааш набӯсидаро мегирам ” гуфта модарамро тасаллӣ додам ва дар байни ду-се рӯз тамоми ҳуҷҷатҳоро тахт карда ба мардикорӣ рафтам. Бо кӯмаки Манучеҳри ҷӯраам дар Русия кори хубу сердаромад ёфтам.
Давлату савлати Манучеҳр аз ҳисоби занаш аст. Ҳамсари русаш духтари як миллионер аст ва ба қавли кампиракон дар пул оббозӣ мекунад. Манучеҳр як шом маро ба хонааш даъват намуд. Харид карда рафтам. Муносибати хуби ҳамсари ҷӯраамро бо шавҳараш дида ҳавасам омаду шӯхӣ кардам, ки барои ман ҳам ягон арӯс ёбанд. Зану шавҳар маънидорона ба ҳамдигар нигаристанд ва Манучеҳр хандида гуфт: “Хоҳарарӯси ман Лариса ҳамин сол 19- сола мешавад. Хоҳӣ, ӯро бо ту шинос мекунем, агар ба ҳамдигар маъқул шавед, мо аз ҳисоби худамон тӯю тамошо ороста, сари ҳардуи шумоёнро ҷуфт мекунем. Фақат дониста бош, ки Лариса духтари одӣ не, каратеист аст. Зӯри ҳар мард ба вай намерасад, ҷӯраҷон!”
Бо ҷону дил ин пешниҳодро қабул кардам. Манучеҳру занаш маро бо Лариса шинос карданд. Духтарак маро маъқул кард. Як моҳ пас тӯйи пуршукуҳ ороста ману Лариса расман зану шавҳар шудем. Ин хушхабарро ба модарам расондам, вале кампир ба ҷойи хурсанд шудан, баръакс хафа шуд.
Ба гирифтан гирифтаму сад бор аз кори кардаам пушаймон шудам. Лариса аз 13-солагияш дар толори варзишӣ машқ мекардааст, ин “буққа ” маро ягон зарра писанд намекунад. Аз бинӣ боло гап занам, ба сарам бо мушту бо шатта мезанад. Либосҳоямро шӯй ё дарзмол кун гӯям, вой бар ҳолам. “У тебя же руки и ноги целые, не хватало, чтобы я тебе еще всё готовенькое в рот положила. О боже, зачем я вышла замуж за такую тряпку?!” гуфта, қиёматро қоим мекунад.
Хулоса, ин арӯси каратеист чунон найрангҳое мекунад, ки марди майдон бубинад ба ларза меояд. “Буққагӣ ” карданаш чунон ба ҷонам задааст, ки дигар бегоҳиҳо поям намекашад ба хона равам. Мехоҳам аз баҳри ин духтари муштзӯр баромада ягон зани дигар бигирам, вале метарсам, ки аз ҷойи кору нони даҳонам мемонам, чунки корхонае, ки ман кор мекунам ба падари Лариса тааллуқ дорад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
Сафиаллоҳ, муҳоҷир, аз шаҳри Барнаул