Акси як ҷавонмарди тахминан 40-солаи тоҷик бо манаҳи баста дар сомонаҳои иҷтимоӣ давр мезанад. Ба гуфти баъзе истифодабарандагони интернет ин мард Гулматов Боймурод Саидовичи 40-сола мебошад, ки дар Абхазия ҷон ба ҷонофарин супурдааст.
Тахмин меравад, ки марҳум зодаи шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон буда, зимни муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ин ҷавонмарди тоҷик то ҳол дар Абхазия бе соҳиб хобидааст.
Муҳоҷирони меҳнатии дар Абхазия буда, аз тамоми шахсоне, ки ин мардро мешиносанд ё дар борааш маълумоте доранд, эҳтиромона хоҳиш менамоянд, ки хабари марги нобаҳангоми Гулмурод Бойматовро ба пайвандонаш бирасонанд.