arzon replenishment
Фоҷиаи ду бародари муҳоҷир
6819

 

Бародарони муҳоҷир Олимҷон ва Аъзамҷон ба сардиҳои мулки рус нигоҳ накарда, бо ҳазорон орзуву ҳавасҳои ширин дар шаҳри Красногорск аз субҳ то як поси шаб кор мекарданд.

Ин акаю додари меҳнатқарин маблағи ба даст овардаашонро бо нияти нек пасандоз менамуданд. Волидонашон зеботарин духтарҳои маҳалларо таги чашм карда, дар андешаи якбора хонадор намудани ду шоҳписари паҳлавони худ буданд. Аъзамҷон ва Олимҷон ният доштанд, ки базми осмонкаф ороста, ҳарду дар як рӯз домод мешаванд, аммо умедҳои ин ду бародари орзупарвар дар як лаҳзаи кӯтоҳ ба хун оғӯшта гашта, бо хоки сияҳ яксон гашт...

Аъзамҷон ва Олимҷон ду рӯз қабл дар шаҳри Красногорски Русия ба садамаи автомобилӣ гирифтор гашта, ҷони ҷавони худро аз даст доданд. Тавре ки яке аз ҳамкорони ин ду шаҳбачаи шаҳид бо исми Муҳаммад ба хабарнигори сомонаи Oila.tj Рустам Азимӣ гуфт, ин ду бародар зодаи шаҳри Турсунзода буда, дар шаҳри Красногорск дар як сохтмон кор мекарданд ва бисёр бачаҳои меҳнатқарин буданд. Ҳамон рӯзи наҳс бародарон баъди рафтани дигар ҳамкоронашон боз беш аз як соат кор мекунанд. Аъзамҷон ва Олимҷон хеле дер аз кор баромада, таксӣ киро мекунанд, то онҳоро ба хонаи иҷораашон бирасонад, аммо мошине, ки ин ду бародар савори он буданд, дар роҳ ба садамаи нақлиётӣ гирифтор гаштааст. Аъзамҷон ва Олимҷон дар ин садамаи хунин ҷони ҷавони худро аз даст доданд, рафиқи дигарашон Маҳмадроҳиб бошад, айни замон дар беморхонаи марказии шаҳри Красногорск дар ҳолати бисёр вазнин, дар КОМА қарор дорад.


ФАВРӢ: ҶАСАДИ МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО СОҲИБӢ КУНЕД!

 


Бо дастгирии муҳоҷирони тоҷики дар ин шаҳр буда, ҷасадҳои ба хун оғӯштаи ин ду шаҳбачаи ормонӣ, ки яке 22 ва дигарӣ ҳамагӣ 20 сол дошт, ба Ватан интиқол дода шуд.

Ҷанозаи Аъзамҷон ва Олимҷони ғуррамарг дар зодгоҳашон, шаҳри Турсунзода барпо гашта, падару модар, бародару хоҳар ва ёру дӯстонашон бо нолаҳои зор ин ду шаҳбачаи шаҳидро ба хонаи охираташон гусел намуданд.

 


Тоҷикон дар Маскав сӯхта хокистар шуданд


 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД