Sebiston new 2024 october
Марги ҷавони 16-сола ба хотири тут
4790

Дар ноҳияи Вахш як ҷавони 16-сола қурбони барқ гашт. Дар ин бора чанд лаҳза пеш шоҳидони ҳодиса ба сомонаи Оила-ТЧ хабар доданд.

Ҳайитмурод сокини деҳаи Навбунёд, ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолият буда, дар мактаби №35-и Вахш дар синфи 10-ум мехонд. Падару модари Ҳайитмурод мисли аксари сокинони деҳот дар фасли тобистон барои зимистон меваю сабзавот захира менамуданд. Модари ин ҷавони ноком як миқдор тутро бо мақсади хушконидан ба болои бом бароварда будааст. Ҳайитмурод ба хотири тутхӯрӣ ба болои бом мебарояд, аммо ширин кардани комаш ба ӯ муяссар нагашт. Ҳангоми ба бом баромадан дасташ ба ноқили барқ расида, Ҳайитмуродро барқ мезанад.
Бо шунидани садои доду фиғон ҳаққу ҳамсояҳо ба сӯйи манзили онҳо медаванд. Калонсолон маслиҳат медиҳанд, ки бачаро зуд таги хок кунанд, хок нерӯи барқро кашида мегирад ва Ҳайитмурод зинда мемонад, аммо модараш ба ин имкон надода, рӯю мӯяшро меканад, ки писарашро зудтар ба бемористон баранд.

Ҷавони барқзадаро дарҳол ба бемористон бурданд, аммо наҷот додани ҷони Ҳайитмурод аз панҷаи марг ба табибон муяссар нагашт. Дар даромадгоҳи беморхона ин ҷавони аз сад гул ҳанӯз як гулаш нашкуфта ҷон ба ҷонофарин супурд.
Падари Ҳайитмурод бо дидани он ки писарашро барқ задааст, аз ҳуш рафта, танҳо вақти ба хок супурдани фарзандаш ба ҳуш омадааст. Модари Ҳайитмурод дар марги писараш худро гунаҳкор ҳисобида зор-зор мегиряд...
Ҳамсинфонаш аз Ҳайитмурод ҳамчун як ҷавони бисёр зебо, хушахлоқ ва босавод ёд карда, аз марги бемаҳали ӯ афсӯс мехӯранд.


Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Саттор 2019-07-05, 17:51
Аввалан Худои бузургу мехрубон ин чавони гурамаргро дар бихишти човидон чой дихаду рухаш хамеша шоду ором бошад. Дуюм, хамин сомонаи Оила тч дигар ягон намуд хабар надорад, факат ин мурд он мурд, ин кас чудо шуд аз оила, ин кас тачовуз кард, он кас фалониро кушт........ О як ахабри хубтар нависед....
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Саттор 2019-07-05, 17:51
Аввалан Худои бузургу мехрубон ин чавони гурамаргро дар бихишти човидон чой дихаду рухаш хамеша шоду ором бошад. Дуюм, хамин сомонаи Оила тч дигар ягон намуд хабар надорад, факат ин мурд он мурд, ин кас чудо шуд аз оила, ин кас тачовуз кард, он кас фалониро кушт........ О як ахабри хубтар нависед....
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД