arzon replenishment
Фаврӣ: Ҷасади муҳоҷири тоҷикро соҳибӣ кунед!
6475

Дирӯз, тахминан соатҳои 6:51 дар роҳи ноҳияи Павловская Слободаи шаҳраки Истраи вилояти Маскав шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулоев Баҳодур, санаи таваллудаш 23-юми июни соли 1989 ба садамаи автомобилӣ гирифтор гашта, дар зери чархи атомобил ҷон ба ҷонофаримн супурдааст.

Аз марги ин муҳоҷири ғуррамарги тоҷик яке аз истифодабарандагони фаъоли шабакаи фейсбук б о исми Самирҷони Зафар дар саҳифаи шахсиаш хабар дода, менависад, ки ҷавони дар садама ҷон дода, тибқи ҳуҷҷатҳояш сокини ноҳияи Вахши Вилояти Хатлон аст, аммо то кунун касе аз пайвандони марҳум пайдо нагаштааст.
Мо аз тамоми муҳоҷирони тоҷик ва шахсоне, ки ин ҷавонро мешиносанд, хоҳиш менамоем, ки аҳли ин хонаводаро аз марги ҷигарбандашон Баҳодур Абдуллоев огоҳ созанд.


Номаи зани тоҷик аз маҳбаси Русия


Ҳамватанони азиз! Биёед дастаҷамъона мурдаи ин ҷавони тоҷикро, ки айни замон дар морг қарор дорад, соҳибӣ карда, дар интиқоли ҷасади Баҳодури ҷавонмарг ба Ватан ёрӣ расонем!
Телефонҳо барои тамос: +7853681946 ва +79175251721

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД