Дар саҳифаҳои интернетӣ аз дирӯз инҷониб як навори ваҳшатовари видеоӣ давр мезанад, ки аз тамошояш хун дар рагҳои кас ях мебандад.
Дар ин навори даҳшатовар як муҳоҷири тоҷикро, ки аз рӯйи либоси танаш ба коргари кадом як сохтмон монандӣ дорад, як гурӯҳ ҷавонони рус мисли селаи калхот иҳота намуда, бераҳмона лату кӯб мекунанд. Маълум нест, ки он ҷавон кист ва чӣ гуноҳ кардааст, аммо миллатгароёни рус бо ҳар зарбаи ба пайкари ин муҳоҷири бечора задаи худ ба миллати тоҷик нафрин хонда, дашномҳои қабеҳ медиҳанд. Бо мушту лагад низ қонеъ нагашта, ин даррандаҳои одамсурат ба пову даст ва дигар аъзои бадани ҷавони бечора пай дар пай корд зада, бо заҳрханда таъкид мекунанд, ки агар дар хонааш менишаст, ба ин ҳол гирифтор намешуд...
Ин навори пурҳангома дар кадом гӯшаи Русия бардошта шудааст, то ҳол маълум нест. Дар бораи мурда ё зинда будани ҷавони ба дасти фашисони рус афтида низ касе маълумоти дақиқ дода наметавонад.
Ин навори ваҳшатовар ғазаби тамоми истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимиро оварда, зераш ҳазорон комментарияҳо пайдо шудаанд. Мардум аз роҳбарияти кишвар ва Вазорати Корҳои хориҷии Тоҷикистон хоҳиш доранд, ки нисбати чунин ваҳшоният ба муқобили як муҳоҷири тоҷик ва паст задани шаъну шарафи як миллати бузург, ки таърихи ҳазорсола дорад, расман эътироз намуда, аз мақомоти Русия ба ҷавобгарӣ кашида шудани он ҷавонони миллатпарасти русро тақозо намоянд.
Бо пайдо шудани маълумотҳои нав дар бораи ин қазияи хунин мо ҳатман ба шумо хабар хоҳем дод.
Бо Оила-ТЧ бимонед!