Formula novemver 2024
Дар Рашт ва Масчоҳ аз ҳавопаймо ба сари мардум ахлот меборад?
3250


Роҳбарияти Агентии Авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷой доштани ҳолати партоби ахлот дар болои сари сокинони навоҳии Масчо, Рашт ва Лахш аз ҷониби ҳавопаймоҳои ватанию хориҷӣ изҳори бехабарӣ карданд.

Онҳо ваъда доданд, ки ин ҳолатро месанҷанд ва нисбат ба вайрокунандагони қоидаи ҳаракати ҳавоӣ чораҳои зурурӣ меандешанд.

Роҳбари Агентӣ Икром Субҳонзода дар нишасти матбуотии ниҳодаш дар ҷавоб ба суоли хабарнигор Маҳдӣ Собиров, ки шоҳиди мисли борон аз ҳавопаймо ба сари мардум боридани ахлот будааст, ба масъулини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” супориш дод, то дар ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир созанд ва нисбат ба чунин ширкатҳо чора андешанд.
Муовини директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Аслиддин Меликов гуфт, “ин ҳолат ҳатто бо сабабҳои техникӣ мумкин нест. Барои ин амал мошини махсус вуҷуд дорад”.
-Тибқи талаботи хизматрасонии фурудгоҳӣ, мошини махсусе ҳаст, ки ба назди ҳавопаймо омада, ифлосиҳоро бор ва тоза мекунад. Ҳолати гуфтаи шуморо мо меомӯзем ва дар ҳолати тасдиқ шудан чораҳои дахлдор андешида мешавад,-гуфт И. Субҳонзода.
Ин дар ҳолест, ки замони шӯравӣ сару садоҳо дар мавриди дар дашту биёбонҳо ва минтақаҳои ғайри аҳолинишин партофтани ахлотҳои ҳавопаймо зиёд шунида мешуд, вале ҳолати партоби ахлот аз ҳавопаймоҳо дар болои сари мардумро ҳамагон бори аввал мешуниданд.
Коршиносон мегӯянд, ҳавопаймоҳои мусофирбар аз 10 ҳазор метр боло парвоз мекунанд ва эҳтимоли то ба замин расидани ҳама гуна моеъ, аз ҷумла ахлот аз имкон берун аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД