Шавҳар Русия рафту зан алкаш шуд
Ҳамоғӯши шишаи шароб
Ҳафтаи гузашта ҳамаи корҳоямро ба субут расонида, аз сармуҳаррир барои як соат пештар ба ноҳия ба аёдати падару модарам рафтан ҷавоб гирифтам ва ба хона равон шудам. Дар истгоҳи таксиҳо тасодуфан чашмам ба духтараки гандумгуне афтид, ки дар як канори роҳ хобида буд. Гумон кардам, ки аз ҳуш рафтааст ё мурдааст, вале аз чӣ бошад, ки роҳгузарон бо нафрат ба зани хобида нигариста, туф мекарданд ва рӯяшонро гардонда, бо роҳи худ мерафтанд. Ҳисси кунҷковиам боло гирифта, наздиктар рафтам. Дар сараш рӯймол, дар танаш поҷома ва куртаи тоҷикӣ, дар бағалаш як шиша арақ ин зани тоҷик беҳуш не, маст дар рӯйи роҳ афтида буд. Бо дидани ин манзара табъам хира гашт. Дар сарам якбора даҳҳо саволи беҷавоб пайдо шуд. Ин зан кист? Чаро ба ҷойи ба тарбияи фарзанд машғул шудан шишаи арақро оғӯш карда, дар кӯча масту аласт хоб аст? Шавҳар, бародар, падару модар надошта бошад? Кӣ ё чӣ ин занро ба чунин ҳол овардааст... Нигоҳи кунҷковонаи маро пай бурда, духтар норозиёна ғурунгос зад: “Иқа ба меҳр нигоҳ дорӣ, худтам хумори арақ гирифтай-чӣ?”
Лаб газида гуфтам:
-Хоҳарҷон, ман умуман наменӯшам, фақат мехостам сабаби ба шароб рӯ овардани шуморо фаҳмам, охир барои духтари тоҷик дар кӯча масту аласт хобидан айб аст...
Духтар оҳи сарде кашида гуфт:
-Ту хиёл мекунӣ, ки ман аз хурсандима ҳамин шишая дар бағалум гирифта хоб мерам? Зиндагии номард мара ба ҳамин роҳ бурд. Арақ мехурум, ки ғамҳои дилма фаромӯш кунум...
Хоҳиш кардам, ки дарду аламашро нақл карда, дилашро холӣ намояд. Журналист будани маро фаҳмида, духтар бо шарти пинҳон доштани номи аслиаш розӣ шуд, ки саргузашташро нависам...
Падар чӣ гуна, духтар намуна
Мастура дар оила фарзанди ягона аст. Ба гуфти худаш аз рӯзе, ки худро ёд дорад, дар хонаашон мудом ҷангу ҷанҷол буд. Мастура мегӯяд падараш ҳар рӯз масту аласт омада, модарашро зери мушту лагад мегирифт.
Ҳамсояҳо ба сари девор баромада, кинои бе пул тамошо мекарданд. Дар мактаб бачаҳо Мастураро “Духтари алкаш” гуфта, масхара менамуданд.
Аз нақли Мастура
Очаи бечораам ба ҳама ранҷу азоби шавҳар тоқат мекард, чунки ҷойи рафтан надошт. Зани зебо буд модарам, вале сару рӯяш аз зарби мушту лагади падарам як умр сиёҳу кабуд буд. Рӯзе набуд, ки бечора шатта нахӯрад. Шабҳо то саҳар бо сару рӯйи пур аз хун Худоро зора мекард, ки тезтар ҷони падарамро бигирад, то ки вай аз ин марди золим халос шавад. Шаробнӯшиву девонагиҳои падарам маро асабонӣ мекард. Рӯзе дар ҳушёриаш сабаби ин қадар арақ нӯшидану модарамро бе гуноҳ лагадкӯб карданашро пурсидам. Падарам оҳи сард кашида гуфт:
-Ҳама чима ай даст додум, на сарват монду на магазину на мошин. Мара акаҳои ҳамин занак хонасалот карданд. Корҳои дар ҳаққи ман кардагии тағоҳои ҳайвонта нақл кунум, чанд китоб мешава бачам. Ман аз рӯйи ҳамун падарлаънато зиндон шудум, аз кор мондум, ба як пора нон зор шудум, лекин ин занаки ахмақ боз пуштии акаҳоша мегирад. Барои ҳамин маст шуда, алами тағоҳои номардта аз очат мегирум...
Арӯси аробакаш
Бо ҳамин ранҷу азобҳо Мастура мактабро хатм кард.
Сабзина бошад ҳам, духтари безеб набуд, аммо бо сабаби ба бадмастӣ баромадани номи падараш ягон одами дуруст бо нияти хостгорӣ аз дари хонаи онҳо намедаромад. Мастура бо алам мегӯяд:
“Мехостам ягон шавҳари ҳалол карда, нафаси осуда кашам ва зиндагиро мустаҳкам созам, вале соф кӯру кар хостгорам мешуд. Падару модарам ба тақдир тан дода, маро ба як аробакаши бозори Корвон хонадор карданд”.
Шавҳар не, Азроили дупо
Шавҳарам на пул дошт, на саводу ҳунар ва на ҳусну қаду қомати зебо, аммо чунон каттагӣ мекард, ки гӯё шоҳзода бошад. Дар хонаи онҳо рӯйи гӯштро моҳҳо намедидам, ҳамон як пора нони қоқи мехӯрдаам ҳам дар баданам заҳр мешуд. Азобҳои модарамро акнун ман аз дасти шавҳари золим мекашидам. Ин аробакаши бераҳм бо ҳар баҳона маро зери мушту лагад гирифта, чунон бераҳмона мезад, ки сару рӯям сиёҳу кабуд гашта, дар баданам ягон ҷойи обод намемонд.
Дар ин миён ду бор ҳомиладор шудам, вале ҳарду тифли батнам аз зарби мушту лагади падари золимашон дар шикамам мурданд. Ҷонам ба лабам расида буд, аммо намедонистам додамро ба кӣ гӯям. Чанд бор қаҳр карда ба хонаамон рафтам, вале падари бадмастам маро бо белу каланд зада-зада, аз дарвоза берун мекард. Рӯзи худи модарам дар ин хона намегузашт, аз ҳамин хотир, маро насиҳат мекард, ки ҳарчи ҳам набошад, зиндагиамро маҳкам дошта аз шавҳарам ҷудо нашавам, чунки дигар ягон ҷойи рафтан надорам. Зиндагии пурмашаққати сагона чунон ба дилам зада буд, ки мехостам худкушӣ карда, аз дарду ғамҳо халос шавам, аммо фикри ба оташи сӯзони дӯзах афтидан маро аз ин амал бозмедошт...
Марусяро диду Мастураро фаромӯш кард
Зиндагиамон рӯз то рӯз вазнинтар мешуд. Шавҳарам дид, ки дигар бо аробакашӣ ҳаётро пеш бурда намешавад, роҳи Русияро пеш гирифт. Гумон доштам, ки дар мулки ғарибӣ ҳушаш ба сараш мезанад ва одами хуб шуда бармегардад. Ба умед будам, ки ҳаётамон пас аз ин ранги дигар мегирад, аммо афсӯс, ки беҳ нашуда бадтар шуд. Шавҳари аробакашам дар Русия чор танга пул кор карда, тамоман аз худ рафт ва оимбозиро сар кард. Билохира, вай дар ҳамон ҷо кадом Марусяро ёфт ва талоқи маро тариқи телефон дод...
Дарди ниҳон
Мастура боз гиря мекунад. Ашкҳои сӯзон ва гиряи талху пуралами ин зани майзада раҳми маро оварда, дар дилам ба шавҳари номардаш сад бор лаънат хондам.
Ҷавонзан ҳиқ-ҳиқ гириста истода, бо садои ҳазини пур аз дард нақли саргузашти талхашро идома дод:
-Вақте шавҳарам талоқамро дод, умедам аз зиндагӣ канда шуд. Бадгуҳар, золим ва нокас бошад ҳам, то ин вақт дилам пур буд, ки шавҳар ва як сарпаноҳ дорам, аммо ҳамин бахти ба ғам олударо низ худованд аз ман гирифт. Рӯзам дар хонаи падар сиёҳ ва корам мудом гиряву нола буд. Касе набуд, ки ақаллан дарду аламҳои диламро гӯям. Модарам худаш аз ғаму дарди зиндагӣ ба бистари беморӣ афтида буд ва ман намехостам кулбори аламҳоямро дар пеши ӯ холӣ карда, ба рӯйи захмҳои сӯзони дилаш бештар намак пошам. Дар танҳоӣ ҳамеша Худоро зорӣ мекардам, ки тезтар ҷонамро бигирад, то ки аз дарду ранҷ халос шавам, аммо Азроил низ ба суроғам намеомад.
Аламамро аз арақ мегирам
-Ҳамеша худашро сафед карда “аз алам арақ мехӯрам” гуфтани падарам ба ман ҳам таъсир карда, оҳиста-оҳиста ба шароб дил бастам. Менӯшидам, то ки ғами бахти шикаста ва зиндагии пур аз дарду ғамамро ақаллан чанд лаҳза бошад ҳам, фаромӯш кунам. Аввалҳо 50-100 граммӣ менӯшидам, баъд чунон ба шароб дода шудам, ки агар нанӯшам, дунё дар назарам мисли дӯзах метофт. Пештар дар як ошхона кор мекардам ва ҳар бегоҳ музди меҳнатамро гирифта, баъди кор ба шаробхона мерафтам, вале аз он ҷо низ маро пеш карданд. Акнун аз роҳгузарон пул талбида, арақ мехарам, то шикасту дарду аламҳоямро фаромӯш кунам. Майзада бошам ҳам, бадгашту фоҳиша нестам, зино намекунам. Одамони бе дард дар раҳу рӯ маро масхара мекунанд ва баъзан ҳатто “беваи алкаш” гӯён, бо санг мезананд. Хайр, тақдирам ҳамин будааст, чӣ кор кунам?! Илоҳо хабари марги шавҳарам биёяд, агар вай думи беваҳои урусро нагирифта, ҳамчун мард маро соҳибӣ мекард, шояд ба шароб дил баста, мисли саги бесоҳиб дар ба дар намешудам...
Мастура ҳанӯз ҷавон аст ва мехоҳад одамвор зиндагӣ кунад, аммо тақдир хонаву дари обод ва зиндагии осударо насибаш надидааст. Ин ҷавонзани майзада мегӯяд, агар ягон марди муъмину мусулмони худотарс ва баномус пайдо шуда, ӯро ба занӣ бигирад, шаробро мепартояд ва пеши Худованд сидқан тавба карда, кӯшиш мекунад, ки зани хубу вафодор ва модари меҳрубону ғамхор шавад, аммо...